Айвон — 1) дар санъати меъмории қадим толори ташрифотӣ ва меҳмонпазироӣ; 2) ҷузъи меъмории биноҳои муҳташам ва истиқоматӣ, вобаста ба иқлим ва шароити зиндагии мардуми Шарқ

Аксар дар пештоқи бино сохта шуда, ҳамчун нишастгоҳи барҳавои тобистона истифода мегардид. Баъзан дар биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ низ чун қисми ороиши ансамбли меъморӣ сохта мешуд. Нахустин масҷиди Қубо, ки дар наздикии Мадина (ибтидои садаи VII) дар замони Муҳаммад паёмбар(с) бунёд шудааст, бинои чоркунҷаи Айвондор буд. Минбаъд дар масҷиду мадрасаҳо Айвонҳои мунаққашу музайяни барҳавои гуногуншакл ҷузъи умдаи санъати меъморӣ гардиданд. Айвони мадрасаҳои

ва масҷидҳои

ва ғайра аз намунаҳои беҳтарину ҷолибтаринанд. Айвон дар меъмории биноҳои маъмурӣ ва масҷиду мадрасаҳои Исфаҳон, Самарқанд, Бухоро, Шероз, Ҳирот, Балх, Боку ва ғайра маъмул буд. Айвон намудҳои гуногун дорад, ки меъмор вобаста ба банду басти бино онро танзим мекард, вале аксар як ё ду ва баъзан се тарафаш кушода мешавад ва болояш пӯшида аст. Одатан сақфу сутунҳо ва бошаи Айвон мунаққашу кандакорист. Сақфи Айвон аксар муқарнасӣ мешавад. Дар меъмории халқӣ, ки аз хонаҳои истиқоматӣ иборат аст, Айвон ҷузъи ҳатмии ансамбли меъморӣ ба ҳисоб меравад. Онро дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон долон ва мардуми Бадахшон даҳлез, пешвоз, яъне пешкушода, низ мегӯянд. Вобаста ба иқлиму тарзи зиндагӣ меъморони муосир дар сохтмони хонаҳои истиқоматии бисёрқабата аз ҷузъиёти Айвонҳои маъмулӣ истифода намуда, шакли онро тағйир додаанд ва мутобиқи ансамбли умумии биноҳои микрорайонҳо сохтаанд; 3) дар меъмории мардуми Эрон намоҳои умқии пайконии пештоқҳо (биноҳои муҳташам)-ро низ Айвон мегӯянд.

Адабиёт

вироиш
  • Андреев М. С. Таджики долины Хуф. - Сталинабад, 1958;
  • Вейнмарн Б. В. Исткусство Средней Азии. - М.–Л., 1970.

Сарчашма

вироиш