Александр Степанович Ленский

(Тағйири масир аз Александр Ленский)


Ленский Александр Степанович - (1910 – 1978) – оҳангсоз (композитор), дирижёр, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1945)

Александр Степанович Ленский
Александр Степанович Ленский
Таърихи таваллуд 1910(1910)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1978(1978)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар
Пеша(ҳо) композитор

Зиндагинома

вироиш

Александр Степанович Ленский дар деҳаи Нечаевкаи уезди Сарански губернияи Пензаи Россия дар оилаи муаллими деҳотӣ таваллуд шудааст. Соли 1932 А. Ленский ба Консерваторияи давлатии Москва дохил мешавад. Пас аз хатми консерватория, дар синни 27-солагӣ А. Ленский ба муддати тӯлонӣ ба Тоҷикистон омад, то ин ки дар бунёду ташаккули санъати мусиқии касбии ҳозиразамон дар ҷумҳурии ҷавон бевосита ва фаъолона иштирок намояд. Ҳангоми кор ба ҳайси мудири қисми мусиқӣ, дирижёр ва оҳангсози Театри давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, вай бисёр намоишномаҳоро ороиши мусиқӣ дод. Соли 1938 дар арафаи таъсисёбии Филармонияи давлатии тоҷик ӯ оркестри миллии созҳои халқиро ташкил намуда, роҳбари бадеии он мегардад. Соли 1955 А. Ленский ба Москва меояд ва новобаста аз беморӣ минбаъд низ, дар давраи москвагии ҳаёти хеш, аз нав ба мавзӯи тоҷикӣ баргашта, бо шавқ эҷод мекунад. Масалан, барои Даҳаи санъати тоҷик дар Москва соли 1957 вай операи «Хосият»-ро навишта, таҳрири дуюми балети «Дилбар»-ро ба анҷом мерасонад. Дар Москва А.Ленский ба сексияи хори назди Иттифоқи оҳангсозон роҳбарӣ намуда, аъзои Шӯроҳои гуногуни бадеӣ мешавад.

Эҷодиёт

вироиш

Ҳангоми омодагӣ ба Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (соли 1941), ӯ солҳои 1939 – 1940 А.Ленский нахустбалети тоҷик балети «Ду гул»-ро эҷод мекунад, ки он бомуваффақият дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва манзури тамошобинони Москва гардонида шуд. Барои ин балет муаллиф бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд. Соли 1946 вай дар созмондиҳии лекторийи мусиқии Филармония саҳми калон гузоштааст. Ғайр аз ин, пеш аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ А.Ленский дар ташкили Иттифоқи композиторони ҷумҳурӣ бевосита иштирок намуда, баъдтар, солҳои 1948 – 1955, онро роҳбарӣ менамояд. А. Ленский дар тарбияи кадрҳои миллии мусиқӣ ва оҳангсозӣ нақши бузург бозидааст. Дар байни шогирдони ӯ чунин оҳангсозони барҷаста, ба монанди Шарофиддин Сайфиддинов, Ёқуб Сабзанов, Хайрулло Абдуллоев, Ҷӯрабой Охунов ва бисёр дигарон буданд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Соли 1945 А. Ленский бо унвони Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардид. Фаъолияти ӯ бо ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия», «20-солагии Ғалаба», «Барои меҳнати шоён», ба ифтихори 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «30-солагии Ғалаба», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст. Бо назардошти хидматҳои бузурги оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон дар рушди санъати мусиқии чумҳурӣ ва бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи ӯ бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз 23 июни соли 1980) мактаби бачагонаи мусиқии №3 шаҳри Душанбе ба номи А.С. Ленский гузошта шудааст.

Асарҳои саҳнавӣ:

  • 1941 – Балети «Ду гул», либреттои М.Рабиев.
  • 1944 – Операи «Тоҳир ва Зӯҳро», либреттои М.Турсунзода.
  • 1945 – Балети «Дилбар», либреттои М.Турсунзода.
  • 1946 – Операи «Арӯс», либреттои М.Турсунзода.
  • 1964 – Операи «Хосият», либреттои Ҷ.Суҳайлӣ.
  • Асарҳои симфонӣ:
  • 1937 – 1938 – «Сюитаи тоҷикӣ» барои оркестри симфонӣ иборат
  • аз 3 қисм.
  • 1942 – Сюитаи «Дӯстии халқҳо» дар 4 қисм.
  • 1947 – Симфонияи №1 иборат аз 3 қисм.
  • 1948 – Симфонияи №2 иборат аз 4 қисм.
  • 1952 – Сюитаи симфонии «Сталинобод» дар 4 қисм.
  • 1953 – «Каприччиои тоҷикӣ» барои оркестри симфонӣ.
  • 1962 – Консерт барои виолончел бо оркестр.
  • 1970 – «Тоҷикистон» достон барои оркестри нафасӣ.
  • Асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ:
  • 1939 – Силсилаи такмили оҳангҳои халқии тоҷикӣ.
  • 1946 – Такмили 24 суруди халқии тоҷикӣ.
  • 1949 – Сюитаи «Дӯстии халқҳо».
  • 1950 – «Рапсодияи тоҷикӣ» ва «Сюитаи пионерӣ».
  • 1953 – «Фантазия».
  • 1964 – «Нақшҳои тоҷикӣ».
  • 1970 – Консерт барои виолончел ва оркестри созҳои халқӣ.
  • Асарҳои вокалӣ:
  • 1940 – Такмили 20 суруди халқӣ барои хор.
  • 1940 – «Кантата ба васфи Сталинобод», ба шеъри А.Лоҳутӣ.
  • 1945 – Кантатаи «Ғалаба», ба шеъри М.Миршакар.
  • 1948 – Кантатаи «Шараф ба партия», ба шеъри М.Турсунзода (дар ҳаммуаллифӣ бо Ш.Соҳибов).
  • 1952 – Кантатаи «Слава Родине мира», ба шеъри М.Фофанова.
  • 1956 – Силсилаи романсҳо бар ашъори шоирони классикии тоҷик.
  • 1961 – Силсилаи хорҳои бачагона.
  • 1959 – 1975 – Сурудҳо, романсҳо, хорҳои a’capella.
  • Асарҳои камеравӣ:
  • 1951 – Фугаҳо барои фортепиано.
  • 1962 – Прелюдияҳо.
  • 1940 – 1978 – Пйесаҳои созӣ.
  • Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ ва филмҳо:
  • 1937 – 1940 – ба 7 намоишномаи театри ба номи А.Лоҳутӣ.
  • 1949 – Кинофилми «Айнӣ».
  • 1954 – Намоишномаи «Дар меҳмонии Бобои барфӣ», либреттои
  • Н.Буркевич.
  • 1960 – Намоишномаи лӯхтак «Достони Рустам».
  • Асарҳои чопӣ:
  • 1939 – Ду маҷмӯаи фолклорӣ дар Сталинобод чоп шудаанд.
  • 1956 – «Музыкальная культура Таджикистана», брошюра
  • 1970 – 1978 – «Искусство хоровой аранжировки». Китоби дарсӣ.[1]
  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 93-97

Сарчашма

вироиш