Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ — яке аз театрҳои Тоҷикистон мебошад.

Таърих вироиш

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соли 1935 дар асоси Қарори Комиссариати Халқии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун Театри мусиқӣ ташкил ёфт. Соли 1940 дар асоси Фармони Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон театри номбурда Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номнавис мешавад. Соли 1954 театр бо Қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон театр ба номи устод Садриддин Айнӣ номгузорӣ шуд. Соли 1941 театр бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Аввалин операи тоҷик соли 1939 «Шӯриши Восеъ» либретои Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ, мусиқии оҳангсоз Сергей Баласанян рӯи саҳна омад. Балети тоҷик соли 1940 бо номи «Ду гул» ба саҳна гузошта шуд, ки аз рӯи асари оҳангсоз А. Ленский, либретои Муҳаммадҷон Рабиев ва Азиза Азимова ба саҳна гузошта шудааст. Соли 1971 барои муваффақиятҳои эҷодӣ ба театр унвони театри академӣ дода шуд. Жанри репертуари театр опера ва балет мебошад.

Ҳунарпешагони маъруф вироиш

Дар пешрафти санъати опера ва балети тоҷик ҳунарпешагони маъруф; Лутфӣ Зоҳидова, М.Қобилов, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Бурҳон Тӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Ғаффор Валаматзода, Лутфӣ Кабирова, Рафоел Толмасов, Малика Собирова, Музаффар Бурҳонов, Бурҳон Маҳмадқулов, Оят Сабзалиева, Низом Ҳамробоев, Сталина Азаматова, Холмаҳмад Маҷидов, Шамсӣ Низомов ва дигарон ҳиссаи арзандае гузоштанд. Театр бо номи ситораи балети ҷаҳон Артискаи Халқии СССР, дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ Малика Собирова ифтихор дорад. Саҳми арзандаи хешро дар пешрафти ҳунарии театр

Ҳайати эҷодии театр дар тӯли фаъолияташ ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Киев, Новосибирск, Самара, Тошкент, Ёшкарола, Анқара, Кобул сафарҳои ҳунарӣ карда аст. Солҳои 70-ум ҳайати балети театр ба Покистон, Ҳиндустон, Непал, Филиппин, Индонезия ва дар Фестивали байналхалқии рақсии классикӣ дар шаҳри Куопиони Филанди ҳунарнамои кард.Насли навраси ҳунарпешаҳои камолёфтаи ҳозираи театр Акбар Мирраҷабов, Миралӣ Достиев, Сайфулло Юсупов, Содиқ Нуруллоев, Шарофат Усмонова, Бахтиёр Давлатов, Александр Бахман анъанаҳои устодони театри худро идома дода истодаанд. Соли 2005 театр дар фестивали – озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» ба гирифтани мукофоти олӣ «Шоҳҷоиза» сазовар гардид.

Роҳбарияти театр вироиш

Эҷодиёт вироиш

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар нуҳ моҳи соли равон балет – афсонаи «Кӯдак ва Карлсон»- и Ю.Терсипов, «Реквием» -и Б. Мотсарт, операи «Қишлоқи тилоӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Найи сеҳрнок»- и Т. Ротт ва ғайраҳо манзури тамшобинон гардонида шудаанд. Дар ин давра дар баробари намоиши спектаклҳо як қатор барномаҳои консертӣ пешкаш шудаанд. Ташрифи дарижёри олмонӣ П.Д.Поннеле яке аз рӯйдоди хуби фарҳангӣ буд. Дар доираи сафари худ ӯ консерти ҷолибро аз асарҳои «Реквием» -и Мотсарт ва «Аҳурамаздо» -и Ф.Одина доир сохт, ки туҳфаи хубе буд ба ҷашни 200 солагии зодрӯзи Мотсарт ва бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ. Театр мавсими нави худро 19-сентябр бо операи «Комде ва Мадан»- и З. Шаҳидӣ ҳусни оғоз намуд.[2]

Манобеъ вироиш

  1. Cомонаи театр
  2. Сомонаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон. 8 Январ 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.

Пайвандҳо вироиш