Анбиё (араб. الأنبياءПаёмбарон) — бисту якум сураи Қуръон. Дар Макка нозил шуда, аз 112 оят ва 7 рукӯъ иборат мебошад. Ба тартиби нузул сураи 65 аст.

Сура —
Маънои ном Паёмбарон
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 73
Омор
Рақами сура 21
Шумораи оятҳо 112
Ҷузъ 17
Ҳизб 33
Шумораи рукӯъ 7
Шумораи калима 1168
Шумораи ҳарф 4890
Сураи гузашта Сураи Тоҳо
Сураи раванд Сураи Ал Ҳаҷ
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа

вироиш

Номи Анбиё дар сура зикр нашудааст ва онро аз рӯи мазмун чунин ном кардаанд. Қисмати бештари Анбиё дар бораи ҷиҳод ва муборизаи пайғамбарони бузург (а) бар зидди бутпарастӣ аст.

Дар он баъди зикри Мусо (а) ва Ҳорун (а) ва нозил шудани Таврот баёни достони нисбатан муфассали Иброҳим (а), даъвати ӯ ба тавҳид, муборизаи ӯ бо қавми бутпарасти худаш, пирӯзӣ ва наҷот ёфтани ӯ аз оташи Намруд, раҳоии ӯ ва Лут (а) ба воситаи ҳиҷрат ба сарзамини муборак, қиссаҳои Лут (а), Нӯҳ (а), каме муфассалтар дар бораи Довуду Сулаймон (а), доварии онҳо, зиреҳсозии Довуд (а), ба Сулаймон (а) фармонбардор будани боду девҳо, қиссаҳои Айюб (а), Исмоил (а), Идрис (а), Зулкифл (а), Юнус (а) (бо номи Зуннун зикр ёфтааст), Закариё (а), Яҳё (а), Марям ва дар охир баёни Пайғамбари Ислом (с), пайғамбар фиристода шудани ӯ ва уммати ӯ оварда шудааст. Ба Яъҷуҷу Маъҷуҷ ҳам ишорате ҳаст.

Дар зимни Анбиё оятҳое низ дарҷ гардидаанд, ки мазмуни онҳо чунин аст: исботи тавҳид, накӯҳиши ширк ва мушрикон, рисолати пайғамбарон (а), аҳволи муъминон ва кофирон дар рӯзи бозпасин, қудрату тавоноии Худо, адли ӯ ва ғ.

  Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯйгардонанд.   Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳар панде тозае омад, онро шуниданд ва саргарми бозича буданд.   Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамгарон сар дар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард як инсоне монанди шумо нест? Оё бо он ки ба чашмн худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»   Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва Ӯ шунавову доност».   Гуфтанд: «На Хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебофад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».   Пеш аз онҳо мардуми деҳаеро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд?   Мо пеш аз ту ба пайрамбарӣ фақат мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем фиристодем ва агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед.   Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом муҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд.   Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо додем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем.   Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он шарафи бузурги шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед?
 

Сарчашма

вироиш

1 // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023).


Сураи қаблӣ: Тоҳо Сура 21Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Ҳаҷ