Асри биринҷӣ, давраест дар таърихи инсоният, ки баъди давраи асри сангу мис меояд. Гудохтани мис (Асри сангу мис) тадриҷан барои кашфи филиззи нав, ки аз ҷиҳати хосияти худ нисбат ба миси холис хеле мустаҳкаму бадошт буд, мусоидат намуд. Маснуоти биринҷӣ дар мамлакат ҳои Шарқи Наздик хеле пеш (ҳазорсолаи 4 то м.), дар Аврупо дертар (ҳазорсолаи 2 то м.) пайдо шуд. Мувофиқи таҳқиқоти бостоншиносон на хустин дошҳо (кӯраҳо)-и мис гудозӣ ва ашёи аз мис ва хулаҳо сохташуда дар бо шишгоҳҳои неолити Анатолия (Чайонтепиз, Чаталгююк ва ғ.), ки ба ҳазораи 7–5 то м. мансубанд, ба даст омадаанд. Коргоҳҳои аз гудохтаҳо ба вуҷуд овардани би ринҷӣ ва аз он сохтани ҳар навъи ашё дар Туркманистони Ҷанубӣ, Шим. Афғонистон, Ҷ. Ӯзбекистон, Ҷ. Тоҷи кис тон ва Ҳафтрӯд таҳқиқ шудаанд. Фаро расидани Асри биринҷӣ ба равнақи иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ такон бахшид: кишоварзӣ, чорводорӣ, косибӣ ривоҷ ёфта, му носибат ҳои падаршоҳию қавмӣ пурра пойдор гардиданд. Дар сарзамини Осиёи Марказӣ Асри биринҷӣ аз охири ҳазорсолаи 3 то м. сар шуда, тақрибан то кашф шудани оҳан давом кард. Ниг. низ Маданияти Тозабоғоб, Мадания ти Суярғон, Маданияти Замонбобо, Маданияти Анов ва Маданияти Сафолтеппа.[1]

Ҷангафзор ва зеварҳои асри биринҷӣ

Асри биринҷӣ - бо дигаргун ва тараққиёти асрҳо олоти истеҳсолот беш аз пеш ташкил ёфта, техника тараққӣ намуд. Яке аз равияҳои ин тараққиёт ба пайдоиши фулузгудозӣ оварда расонид. Илм дар ихтиёри худ мадракҳои аниқ ва дақиқи ба вучуд омадани металлургияи ибтидоиро надорад. Аввалҳо одамон фулузоти худрӯйро як навъи махсуси санг пиндошта, бо ҳамон усуле, ки ба санги муқаррарӣ кор мефармуданд, сохту пардохт мекарданд. Одамон дар яке аз вақтҳо пай бурданд, ки баъзе навъҳои санг дигаргун буда, хосияти ёзандагӣ доранд. Дертар,вақте ки инсон аз даруни хокистари сард дар натиҷаи тасодуфан гудохта шудани маъдансанг як порча мисро пайдо намуд, фикри аз маъдан хориҷ кардани мис,яъне гудозиши маъдани мис ба вуҷуд омад. Таҷрибаи сафолпазии кулолон дар кори омӯхтани фулузгудози хеле кумак расонид. Ин қадамҳои аввали саноати фулузгудозии ибтидои бо машаққати зиёде гузошта шуда, чунон ки бостоншиносон муайян кардаанд, чандин ҳазор сол тӯл кашидааст. Аммо олоти мисӣ, бинобар мулоим будани худ, он қадар самараи дилхоҳ дода натавонист. Вақте ки инсон ба мис қалъаги гоҳо сурб, сурма ва маргимуш ҳамрох карданро омӯхта, вазъият фавран тағйир ёфт, як навъи нави фулуз - биринҷӣ тавлид гардид, ки дар баробари як қатор бартариҳои технологӣ ба сабаби хеле сахт буданаш барои вусъат пайдо кардани таҳияи олоти фулузи имконият фароҳам овард. Вале дар айни замон асбобу аслиҳаи санги низ ҳамоно мавҷудияти худро нигоҳ медошт.

Аз ҳама муҳимтарин мис ва қалъаги, инчунин биринҷи аз ҳамбастагии онҳо ҳосилшуда ба шумор мерафтанд, Дар асри биринҷи олоту аслиҳаи лозимаро ба вуҷуд овард, лекин олоти сангиро аз байн бурда натавонистанд, ба ин кор фақат қудрати оҳан мерасид, аммо ҳосил кардани оҳанро ҳоло намедонистанд.

Дар Осиёи Миёна осори бисёр конҳои мис, ки дар асри биринҷӣ кашф гардида, мавриди истифодаи аҷдоди қадимаи мо қарор гирифта буданд, боқӣ мондаанд.

Аслан мис дар кӯҳистонҳои Осиёи Миёна, истихроҷ намуда, ҳамчун конҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳсори ёфта шуданд, аз ҳама қабил манбаҳои машҳури мис ба шумор меравад.

Баъзе маьданиҳое, ки дар гудозиши истифода мебурданд, зиёдтар гардид аввалҳо фулузгудозони ибтидои мисро фақат аз маьданҳои туршонидашуда гудохта ҳосил мекарданд.

Зироат ва чорводорӣ

вироиш

Зироат ва чорводори, ки дар вактҳои пеш пайдо шуда буд, дар асри биринҷӣ ба соҳаи асоси хоҷаги табдил ёфта аҳмияти шикор камтар шуда буд.

Дар тарфҳои ҷануб, ки дарёчаву ҷӯйбор бисёр буд зироаткорон дар вақтҳои аввал аз обхезиҳо истифода карда бештар дар заминҳои лойқа кишт мекарданд. Дар ҳазорсола 4 пеш аз мелод дар тамоми Шарқи Пеш қадимтарин иншоот ба шумор меравад. Обанбори суньии ғунҷоишаш 3,5 ҳазор метр мебошад. Аввалхо зироати асосиро чави дурадда ва гандуми нарми зирадона ташкил мекард вале сонитар чунон ки бозёфтҳои бостонӣ шаҳодат медиҳанд ғайр аз ҷаву гандум ҷавдор нахуд ва ангур низ ба қатори зироатҳои асосӣ дохил гардид. Пештар доси сангӣ ба кор бурда мешуд баьдҳо ҷои онро доси мисӣ ва биринҷӣ гирифт. Якинан метавон гуфт ки дар айни тарақиёти аҳди биринҷӣ дар шудгор плугро истифода карданд.

Нигаред низ

вироиш

Нигаред низ

вироиш
  1. * Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4. / В. Ранов.
  • Б. Ғафуров "Тоҷикон". Ҷилди 1. - Душанбе:Ирфон,1998
  • История таджикского народа. Т. 1. М., 1963;
  • Средняя Азия в эпоху камня и бронзы. М. – Л., 1966.