Ассор Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Табрезӣ (форсӣ: عصار‎, ? — 1390) — шоир, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.

Ассори Табрезӣ
Таърихи таваллуд: 1325
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1390
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Муосир ва дӯсти Камоли Хуҷандӣ. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо шахси таҳсилдида, бохабар аз улуми динӣ ва дунявӣ — нуҷум, риёзиёт, ҳандаса, фалсафа ва ғайра будааст. Девон доштааст ва дар он ашъори дар анвои гуногуни шеър сурудааш — қасидаҳо, ғазалҳо, рубоиҳо фароҳам омада буданд. То замони мо аз Ассор ба таври мукаммал достоне бо номи «Меҳру Муштарӣ» (худи шоир номи асарашро «Ишқнома» гуфтааст) расидааст (5120 байт). Дар достон аз ишқи афлотунӣ, дӯстии пурзӯри ошиқонаи ду ҷавон — Меҳру Муштарӣ сухан меравад. Онҳо дар айёми наврасию ҷавонӣ ҳамроҳ мехонданд. Баъди ба камол расидан аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Яке дар як кишвар, дуюмӣ дар кишвари дигар ҳоким шуданд. Пас аз вафот онҳоро дар паҳлуи ҳамдигар ба хок супориданд. Ассор ба тавассути ин достон ғояи ваҳдати вуҷудро тарғиб кардааст. «Меҳру Муштарӣ» як бор соли 1502 ва дафъаи дигар дар садаи XVII ба забони туркӣ тарҷума шудааст. Ин асар ба рушди назми халқҳои туркзабон, масалан, озар­бойҷониҳо таъсир расондааст.

Адабиёт

вироиш
  • Гулшани адаб. Ҷилди 1. Душанбе, 1975.