Бадриддин Ҳилолӣ (форсӣ: بدرالدین هلالی‎; 1470, Гургон1529, Ҳирот) — шоир ва яке аз ғазалсароёну маснавигӯёни мумтози адабиёти форс-тоҷик.

Бадруддин Ҳилолӣ
форсӣ: بدرالدین هلالی
Таърихи таваллуд: 1470(1470)
Зодгоҳ: Астаробод
Таърихи даргузашт: 1529(1529)
Маҳалли даргузашт: Ҳирот
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: маснавӣ, рубоӣ, ғазал, қитъа
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Бадриддин Ҳилолӣ тақрибан соли 875/1470 дар Астарободи Хуросон ба дунё омадааст. Бадриддин Ҳилолӣ маълумиоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, дар овони ҷавонӣ тақрибан соли 897/1491 барои давом додани таҳсили илм ба Ҳирот меояд ва дар риштаҳои гуногуни дониш касби камол мекунад. Ҳангоме ки Ҳилолӣ ба Ҳирот омад, Ҷомӣ ва Навоӣ дар қайди ҳаёт буданд ва ба илму адаби кишвар роҳбарӣ мекарданд. Ҳилолӣ суҳбати ин устодонро дарёфтааст. Бадриддин Ҳилолӣ ҳофизаи бисёр қавӣ дошта, сӣ — чиҳил ҳазор байт аз ашъори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ, Низомӣ ва Аттор, Амир Хусрав ва Саъдӣ, Ҳофиз ва Камол ва махсусан шеърҳои Абдураҳмони Ҷомиро зиёд аз ёд медонистааст. Замони Бадриддин Ҳилолӣ замони ҷангҳои кишварсӯзи Шайбониҳо бар зидди Темуриҳо, кушторҳои байни Сафавиҳову Шайбониҳо, даврони авҷи низоъҳои мазҳабӣ буд. Бадриддин Ҳилолӣ низ қурбони ин фитнаҳои даврон шуд. Ӯро моҳи октябри соли 936/1529 аз ҷониби султони ӯзбекҳои шайбонӣ Убайдуллохон, ки Ҳиротро забт карда буд, бо туҳмати он ки шоир аз мазҳаби шиъа аст, ба қатл расонд.

Аз Ҳилолӣ се маснавӣ бо номи «Сифот-ул-ошиқин» (қариб 2500 байт), «Шоҳу Дарвеш» (1144 байт), «Лайлӣ ва Маҷнун» (3542 байт) боқӣ мондааст. Маснавиҳои «Шоҳу Дарвеш» (ё «Шоҳу Гадо») ва «Сифот-ул-ошиқин» пеш аз соли 1508 ва «Лайлӣ ва Маҷнун» дар байни солҳои 1508−1528 эҷод шудааст. Девони Ҳилолӣ асосан аз ғазалу рубоӣ иборат аст, ки нусхаҳои чопии он бештар аз сесад ғазали 6−8 байтӣ, сиву ду рубоӣ, ҳашт қитъа ва чанд порчаи шеърии гуногуни дигарро фаро мегирад.

Ғазалҳо

вироиш

З-он пештар, ки ақл шавад раҳнамун маро,

Ишқи ту раҳм намуд ба кӯи ҷунун маро.

Ҳам сина шуд пуроташу ҳам дида шуд пуроб,

Дар обу оташ аст даруну бурун маро.

Шӯхе, ки буд мурдани ман коми ӯ, куҷост,

То бар муроди хеш бубинад кунун маро?

Ҳоки дарат эй қатли ман оғушта шуд ба хун,

Охир фиганд ишқи ту хоку хун маро.

Чашмат, ки сабру ҳуши Ҳилолӣ ба ғамза бурд,

Ҳоҳад фасона сохтан аз як фусун маро.


Ёр гуфт: «Аз мо макун қатъӣ назар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Қатъан хам мабин сӯи дигар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Бо мо дӯстӣ мекун ба дил». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Роҳи ишқи мо мерав ба сар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Бо чашмат бигӯ,то дар миёни мардумон,

Сӯи мо ҳам лам наяндозад назар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Агар бо мо Сухан дорӣ,ба чашми дил бигӯ,

То нагардад гӯши мардумро хабар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Агар хоҳад дилат з-ин лаъли майгун хандае,

Гиряҳо мекун ба сад хуни ҷигар». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Агар хоҳи ғубори фитна биншинад зи роҳ,

Барфишон обе ба хоки раҳгузор». Гуфтам: «Ба чашм!»

Гуфт: «Агар дорад, Ҳилолӣ, чашми гирёнат ғубор,

Кухли биноӣ бикаш з-ин хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм!»


Хароби як назар чашми нимхоби туем,

Ба ҳоли мо назаре кун, ки мо хароби туем.

Чӣ ҳадди он ки тавонем ҳамъинони ту шуд,

Ҳамин саодати мо бас, ки дар рикоби туем.

Итоби ту кашад нози ту ҳалок кунад,

Ҳалоки нози туву куштани итоби туем.

Аҷаб набошад агар аз лабат ба ком расем,

Ки масти бодаи нозию мо кабоби туем.

Зи меҳри рӯи ту дорем доғҳо бар дил,

Ситораи сӯхта аз тоби офтоби туем.

Ману Ҳилолӣ аз ин дар ба ҳеч ҷо наравем,

Чаро ки ҳамчу сагон бастаи таноби тукм.


Адабиёт

вироиш
  • Гулшани адаб. Намунаи назм иборат аз 5 ҷилд. (Муҳар. Қ. Киром). Душанбе: Ирфон, соли 1977 саҳ. 84