Саҳифаҳое, ки барои корбарии бот заруранд

вироиш

Мӯҳтарам Мушфик--Aryan имконият ҳастми ба воситаи бот мақолаҳои сабтшударо (шахсиятҳоро) бо чунин (гурӯҳ:.... аз рӯи алифбо) пурратар гардонем?

ва ба ҳамин қолаб гурӯҳҳои зеринро:

  1. tg:Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон‎ (78 P)
  2. tg:Гурӯҳ:Ёдгориҳои Тоҷикистон‎ (4 C, 133 P)
  3. tg:Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр‎ (2 C, 21 P)
  4. tg:Гурӯҳ:Муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон‎ (4 C, 31 P)
  5. tg:Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон‎ (1 C, 44 P)
  6. tg:Гурӯҳ:Рассомони Тоҷикистон‎ (26 P)
  7. tg:Гурӯҳ:Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон‎ (47 P)
  8. tg:Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон‎ (90 P)
  9. tg:Гурӯҳ:Ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон‎ (52 P)
Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 17:08، 30 январи 2016 (UTC)
  • Мумкин аст, лек худам ин гуна шароитро надорам. Аз номи бот ба восита телефон, ман метавонам корбарони нобакорро баста кунам, саҳифаҳои нодаркориро ҳазф кунам. Гуфтаи шуморо ба воситаи компютер кардан мумкин, чун барномаи бот дар он аст ва имрӯз шароити интернет пайваст карданро надорам. Худо агар хоҳад, моҳҳои апрель ё май сезон ки сар шавад, кори ман ва бот ҳам пеш меравад. Бо эҳтиром,--Aryan 17:50، 30 январи 2016 (UTC)
Фаҳмидам--Шухрат Саъдиев (talk) 18:22، 30 январи 2016 (UTC)

Шаблон барои гурӯҳҳо

вироиш

Мӯҳтарам AryanSogd, минбаъд барои гурӯҳҳо {{cat main}}ро истифода баред.   Бо эҳтиром --Химик1991 (talk) 17:22، 26 Феврал 2016 (UTC)

  • Хуб шудаст, лек шумо ҳам дар оянда пеш аз истифода бурдани бот дар инҷо дархост барои гирифтани парчами бот диҳед, чун вироишҳои боти шумо дар саҳифаи Тағйироти охирин намоён ва ин риоя накардани СОБ аст.   Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 18:08، 26 Феврал 2016 (UTC)

Таклиф

вироиш

Салом корбари азиз. Ман барои Корбар:Ximik1991Bot дархост ба унвони бот додам ва аз шумо хоҳишмандам, ки дар ин ҷо тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром, --Химик1991 (talk) 19:11، 26 Феврал 2016 (UTC)

Если можете помочь дополнить текстом, или иллюстрациями, буду признателен. Илья Драконов (talk) 08:37، 28 Феврал 2016 (UTC).

  • Добрый день. Благодарю за участие в голосовании! Вечером, после работы, постараюсь найти что нибудь по тексту из таджикских АИ. С уважением,--AryanSogd (t) 08:45، 28 Феврал 2016 (UTC)
Буду рад. Если что, обращайтесь! Илья Драконов (talk) 08:52، 28 Феврал 2016 (UTC).

Бот тайёр аст

вироиш

AryanSogd, барои ин хел вироиш вақти худро сарф накунед. Рӯйхати мақолаҳо бошад, барои бот ин душвор нест, ки худатон беҳ аз ман медонед. Бо эҳтиром, --Химик1991 (talk) 13:13، 6 Март 2016 (UTC)

Барои ҳамин накарда истодаам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:25، 6 Март 2016 (UTC)

Заглавная

вироиш

Добрый день! Вам бы тут заглавную страницу красиво оформить, это все-таки лицо проекта. К примеру как тут или тут верх сделать. Илья Драконов (talk) 12:42، 11 Март 2016 (UTC).

День добрый! Вы правы, верх как-то уныло выглядит. Думаю, из-за того, что не хватает нашего логотипа. Примеры, которые вы привели, на мой взгляд, слишком яркие. Мне больше заглавная русской версии по душе, скромно, но внятно. Попробую сделать так, чтоб и выглядело симпатично, и сообщество осталось довольным. Благодарю за замечание. С уважением,--AryanSogd (t) 14:19، 11 Март 2016 (UTC)
Я там предложил, но там всё в куче, поэтому кажется пёстро. Я на СО заглавной выставлю плашку, как она будет тут, если поставить, а вы посмотрите. Илья Драконов (talk) 15:19، 11 Март 2016 (UTC).
  • Вот вам в общем заготовочка, а дальше сами:D
Добро пожаловать в таджикскую
Википе́диа — свободная, мультиязычная и бесплатная интернет-энциклопедия, которую может редактировать любой.

Сейчас в википедии на таджикском языке 114 196 статей.

Тут будет список порталов, например

Здесь кнопки

Илья Драконов (talk) 15:26، 11 Март 2016 (UTC).

Благодарю! С уважением,--AryanSogd (t) 15:32، 11 Март 2016 (UTC)

Доир ба он ва ӯ

вироиш

Муҳтарам корбар, шоматон ба хайр бошад. Он ҷонишини ишоратӣ аст: он китоб, он мард, он некӣ ва ғ. Аммо соҳибият ба воситаи ҷонишинҳои шахсӣ ифода меёбад, на ҷонишинҳои ишоратӣ. Мо китоби ӯ мегӯем, на китоби он , аммо китоби он кас, китоби он шахс, китоби он мард гуфтан дуруст аст, яъне дар ифодаи соҳибият ҷонишини ишоратӣ танҳо намеояд. Китоби вай гуфтан ғалат нест, вале китоби ӯ хоси забони адабӣ мебошад. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 15:34، 15 Март 2016 (UTC)   Ташаккур. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:13، 15 Март 2016 (UTC)

Забономӯзӣ

вироиш

AryanSogd, барои чӣ дар ин ҷо онро ба ӯ иваз кардед? Бо эҳтиром, --Химик1991 (talk) 12:40، 15 Март 2016 (UTC)

Барои он ки его бот дар забони мо ҳамчун боти ӯ ё роботи ӯ тарҷума мешавад. Бо эҳтиором,--AryanSogd (t) 12:47، 15 Март 2016 (UTC)
Ташаккур! Лек ман фарқияти калимаҳои он ва ӯро дар назар доштам  . Дар кадом ҳолатҳо он ва ӯро истифода мебаранд? Магар калимаҳои он, вай ва ӯ синоним нестанд? Бо эҳтиром, --Химик1991 (talk) 14:53، 15 Март 2016 (UTC)
Он кас, он одам, он шахс, онвайрусӣ: тот ба фаҳмиши ман. Хубтараш аз устод Фарогат Искандарова суол кунед, он кас дар ин соҳа олим ҳастанд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:06، 15 Март 2016 (UTC)

Шикоят

вироиш

Корбар:ADA 1994 Саҳифаи аслиро тагйир дода, ҳамчунин саҳифаҳои ба талаботи Википеди номувофиқро гузошта истодааст. Лутфан, чорае андешед. Бо эҳтиром Дустмурод Саид --VASHGIRD (talk) 10:28، 18 Март 2016 (UTC)

  Иҷро шуд. Ба мӯҳлати 1 рӯз баста кардам. Агар нафаҳмад, мӯҳлатро зиёд мекунем. Ташаккур барои огоҳ. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 05:51، 18 Март 2016 (UTC)

Табрикнома

вироиш

Фарорасии Наврӯзи аҷамро, ки бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад, бароятон табрик намуда, амалӣ гардидани олитарин орзуву умеди Шуморо таманно дорам. Бо эҳтиром--Фарогат Искандарова (talk) 03:47، 21 Март 2016 (UTC)

  Ташаккур!!! Шуморо ҳам табрик!!! Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:27، 21 Март 2016 (UTC)

Идатон муборак бод!

вироиш

Салому дуруд, бародар. Ман мехоҳам, ки Шимоя ба муносибати Наврӯз табрик кунам. Барори кор! Охир ҳар ҷо, ки ёру дӯстон бошанд, кор (аз ҷумлаи дар ВП) пеш меравад. Бо эҳтиром. Сергап (talk) 14:33، 21 Март 2016 (UTC)

  Ташаккур бародари азиз!!! Шуморо ҳам бо ин Иди муборак табрик!!! Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:39، 21 Март 2016 (UTC)

Поздравления

вироиш

Поздравляю Вас с присвоением флага бюрократа! Искренне рад, что Таджикская Википедия теперь будет еще лучше. Если вы есть вконтакте или фейсбуке, добавляйтесь!:) Илья Драконов (talk) 07:27، 26 Март 2016 (UTC).

  • Благодарю уважаемый Илья за поздравления, действительно приятно. Вспомнив о том, что вы хорошо владеете английским (я интересовался), невольно вспомнил о своём неудачном походе на фабрикатор с просьбой вести в наш проект статусы АПАТа, ПАТа, и других статусов необходимых для патрулирования, по примеру русской версии. Если я правильно их понял, то для этого, необходимо в движке внести изменения, но так как с английским у меня проблемы, я не могу правильно (конфиденциально, как они просят) сформулировать просьбу. Вы с фабрикатором имели дело? С уважением,--AryanSogd (t) 14:00، 26 Март 2016 (UTC)
Я только на той неделе подавал на открытие механизма патрулирования в казахской википедии. Рассказать всё сложно здесь, поэтому могу предложить Вам (скрыто) свои. Мы так контактируем с коллегами из разных вики, лично я примерно с 70 людьми. Для ПАТа они должны поставить в вики специальное расширение Flagged Revisions и таким образом включить АПАТ и ПАТ. Также обычно ставится расширение Rollback, что дает возможность давать флаг отката и Validate, что включает флаг Выверяющего (работает успешно только в грузинской; также сейчас буду включать в чеченской вики, потому что многие от выверки отказались ввиду неудобства). Проконтактируйте меня и я могу вам все пояснить. С уважением, Илья Драконов (talk) 14:09، 26 Март 2016 (UTC).
@Илья Драконов:, столько времени не был в сетях, что даже письмо не могу отправить  . С уважением,--AryanSogd (t) 14:53، 26 Март 2016 (UTC)

Табрикот

вироиш

Ба корбар Мушфиқ! Бо гирифтани унвони Бюрократ, муборакбод менамоям. Ниҳоят дар Википедиаи тоҷикӣ баъд аз 12 соли фаъолият, дар ҷомеаи Викимедиа (аз Тоҷикистон) як пешравӣ ба амал омад, ки аз ин бурди нахустин комилан истифода бурдан лозим аст. Умедворам, ки барои беҳбуди кори оянда ва зиёд гардидани сафи корбарон дар ВП тоҷикӣ кушишатонро дареғ намедоред. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 08:15، 26 Март 2016 (UTC)

  • Ташаккур устод. Ҳаракат мекунам, ки лоиҳа рӯз аз рӯз хуб шавад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:02، 26 Март 2016 (UTC)

Табрикнома

вироиш

Бародар ва ҳамкори азиз, аз самими дил Шумо ва аҳли Википедиаи тоҷикро бо ин комёбӣ таҳният гуфта, баҳратон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар коратон дастовардҳои нав ба нав таманно дорам. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 05:52، 27 Март 2016 (UTC)

Ташаккур устоди гиромӣ. Ин комёбии лоиҳаи мост. Аз фурсат истифода бурда ба устод Шухрат Саъдиев пешниҳод кардам, то ки дархост ба унвони мудир диҳанд, лек он кас бе этиноӣ карда истодаанд, дар ҳолате, ки лоиҳа мӯҳтоҷи мудирони таҷрибанок аст. Бисёр хуб мешавад, агар шумо ҳамчун ҳамкор ташвиқот баред ва фаҳмонед, ки ин зарур аст. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 07:16، 27 Март 2016 (UTC)

Дархост пешниҳод шуд

вироиш

Дархост ба мудирӣ пешниҳод шуд. Лекин, ба ман кумакатон дар ин кори пурмасъулият лозим мешавад. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 14:52، 27 Март 2016 (UTC)

Мӯҳтарам устод, ман ҳамеша омодаи кумак ҳастам. Он чи ки нофаҳмо бошад аз пурсидан шарм накунед, чун бисёр қисмҳои ин олот бо забони англисӣ аст. Корбаронро барои овоздиҳӣ даъват кунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:15، 27 Март 2016 (UTC)

Корбар Тоҷиддин

вироиш

Ҳангоми ворид кардани мақола ман ба мушкилиҳо рубурӯ мешавам сабабҳояшро мефаҳмондед кадом ҳуқуқҳоро бояд ман донам пас аз ворид кардани мақола бо чунин сабаб мақолаи ман хориҷ карда мешавад (Вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ мунтазам). Тарзи ворид кардани мақоларо фаммонед бо ҳуқуқҳои муаллиф бо эҳтиром.

Ассалом Тоҷиддин. Иттилоот дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф дар саҳифаи Википедиа:Ҳуқуқи муаллиф бозёфт карда метавонед. Сабаби ҳазф кардани мақолаҳои эҷод кардаатон дар он аст, ки ҳуқуқҳои муаллифро поймол карда истодааст, чун ҳама матнҳое ки шумо дар мақолаҳоятон истифода мебаред, пурра нусхабардорӣ карда шудаанд ва муаллифи ин матнҳо, мӯҳтарам Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Шумо аз фарзандони ин шахси обрӯманд барои истифода бурдани матни китоби «Тоҷикон» -ро дар инҷо доред? Фикр мекунам не. Нусхабардорӣ ҳамон вақт мумкин аст, агар матн ҳамчун моликияти ҷамъиятӣ ба ҳисоб равад. Мисол донишномаҳо, луғатҳо ё кори илмие, ки муаллиф ба ҷамъият бахшида аз ҳуқуқҳои худ даст кашида бошад. Ман метавонам ба шумо як чанд равона ба дастурҳои Википедиа диҳам, лек аз сабаби сершумор будани онҳо ва навкор буданатон, ҳисобатон гум мешавад. Биёед ин хел кунем: тугмаи Корбар:Тоҷиддин/Тест ро пахш кунед ва кадом мақолае, ки хоҳед эҷод кунед, мувофиқи талаботи Википедиа:Вироиши мақолаҳо Википедиа:Мақола ва Википедиа:Танзими мақолаҳо. Аз таҷриба кардан натарсед. Боҷурат бошед, чун ин саҳифаи санҷишии шахсии шумост ва ҳеҷ кас бе иҷозати шумо ҳазф кардан ҳуқуқ надорад. Барои намуна, метавонед мақолаи Абӯалӣ ибни Сино -ро нигоҳ кунед. Он чӣ ки нофаҳмо бошад, аз пурсидан шарм накунед. Ҳамаи мо навкор будем ва саҳифаҳои нахусти моро ҳам ҳазф мекарданд. Барои ҳамин, аввал ёд гиред, пас аз паси эҷод шавед. Барори кор дӯстам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:31، 1 Апрел 2016 (UTC)

Саҳифаи корбар Ш. Шоев

вироиш

Мӯҳтарам Мушфик ман бори аввал дар Википедиа ворид шудам. Ба саволҳои нофаҳмои ман минбаъд посух диҳед. Бо эҳтиром Ш. Шоев

  • Хуш омадед ба Википедиаи тоҷикӣ. Чи суоле ки пайдо шавад дар ҳамин саҳифа нависед. Ҳатман ҷавоб медиҳам. Бо эҳтиром,--Aryan 16:21، 18 январи 2016 (UTC)

Салом бародар Ш.Шоев

вироиш

Муҳтарам Ш.Шоев пеш аз ҳама барои фаъол нигоҳ доштани саҳифаи википедияи тоҷикӣ ба Шумо изҳори сипос менамоям. Баъдан, инро бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз охири моҳи сентябри соли 2015 ташкилоти экстремистиву террористи эълон шудааст ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст. Бинобар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки саҳифаи https://tg.wikipedia.org/wiki/Саййид_Қиёмиддини_Ғозӣ аз википедияи тоҷикӣ нест карда шавад. Бо эҳтиром Akai Shohin!

Ассалом дӯсти гиромӣ! Хуш омадед ба Википедиаи тоҷикӣ ва хуб шуд ки дархост кардед. Ш. Шоев корбари ба ман муроҷиаткарда ва ман ӯ нестам. Мақолаи Саййид Қиёмиддини Ғозӣ ҳазф шуд, ва на аз сабаби террористӣ, чун дар бораи террористҳо ҳам мумкин аст мақола навиштан, ба мисоли Бен Ладен. Мақола сарчашмаҳои боэътимод аз соли 2011 надоштаст як, чун исбот нест ки ин гуна инсон вуҷуд дорад, ва бо забони ғайриэнсиклопедӣ навишта шудааст ду (инҷо донишнома аст на девор ки ҳарчӣ навиштан мумкин аст). Дар оянда, тавсия медиҳам, ки дар мақолаҳои ба дастури танзими мақолаҳо ҷавобгӯ набударо, шаблони {{delete}} гузоред ва дар саҳифаи Википедиа:Мақолаҳои номзади ҳазф сабаби ҳазф карданро баён карда, диққати ҷамоаи Википедиаи тоҷикиро ҷалб кунед. Илтимос, худсарона иттилоотро аз мақолаҳо ҳазф накунед, чун ин харобкорӣ ба ҳисоб меравад, ва мудирон дар ин ҳолат ҳуқуқ доранд барои бастани ҳисоби корбарӣ ба мӯҳлати беохир. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 17:43، 30 Март 2016 (UTC)

Википедиа:дархост ба унвони девонсолори

вироиш

Гузоштани аксҳо

вироиш

AryanSogd барои гузоштани аксҳо ба ман ёрдам диҳед. -Бо эҳтиром Jaloliddin Madaminov

Акси гуфтаатон дар кадом мақола аст? Равонаашро дар инҷо нишон диҳед ё номи мақоларо нависед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:07، 15 Апрел 2016 (UTC)
Номи мақола Ҳамза ибни Ямин Бо эҳтиром Корбар:Jaloliddin Madaminov
Дӯстам, маънои онро дорад, ки акс нест ва барои акс пайдо шудан, ба ҷойи , равонаи аслии акси ин шахсро гузоред, он вақт пайдо мешавад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:24، 16 Апрел 2016 (UTC)

-Барои гузоштани акс чӣ кор лозим аст, ки ман ҳамонро гузорам.Бо эҳтиром Jaloliddin Madaminov 13:20 17 Апрел 2016 (UTC) Jaloliddin Madaminov (talk) 12:20، 17 Апрел 2016 (UTC)

Акси қаҳрамони мақолаи номбар кардаатонро бор кардед? Агар бор карда бошед, номаш чист? Номашро нусха карда пас аз ин |Акс= Номи акс гузоред. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:49، 17 Апрел 2016 (UTC)

-Не бор накардам! Чихел бор кардан мумкин аст? Бо эҳтиром Jaloliddin Madaminov (talk) 13:29، 17 Апрел 2016 (UTC)

Агар муаллифи акс шумо бошед ин тугмаро пахш кунед. Пешниҳод бо забони русӣ дода мешавад ва аз рӯйи луқмаҳои додашуда амал кунед. Инчунин, метавонед тугмаи фиристодани файл, ки аз тарафи чап қарор дорад пахш карда бо забони англисӣ пешниҳоди додаро қабул карда амал кунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:43، 17 Апрел 2016 (UTC)

-Фаҳмо раҳмат. Бо эҳтиром Jaloliddin Madaminov (talk) 13:52، 17 Апрел 2016 (UTC)

Перевод

вироиш

Привет. Я тебе в Фейсбуке написал отчёт:) Надо в общем перевести следующие фразы для гаджетов (пиши после русского слова = таджикское):

  • Модули = Модулҳо
  • Навигация = Новбарӣ
  • Редактирование = Таҳрир
  • Прочие = Ва ҳоказо
  • Причины защиты = Сабаби ҳимоя
  • Эта страница полностью защищена = Ин саҳифа пурра муҳофизат шудааст
  • Эта страница частично защищена = Ин саҳифа қисман муҳофизат шудааст
  • Быстрое добавление категорий в статьи и шаблоны = Зудкор илова кардани гурӯҳҳо ба мақолаҳо ва шаблонҳо
  • Индикатор состояния защиты страницы = Нишондиҳандаи ҳолати ҳифзи саҳифа

С уважением, Илья Драконов (talk) 13:28، 2 Апрел 2016 (UTC).

Перевёл. С уважением,--AryanSogd (t) 13:50، 2 Апрел 2016 (UTC)
Готово. Сделал специальную программу, которая позволяет быстро добавлять категории и скрипт, который показывает защищена ли страница. Если защищена частично, то замочек вверху справа серебряный; если защита полная (только админы), то замочек золотой. В ближайшие дни сделаю скрипты, которые зачеркивают ссылки на заблокированных участников. С уважением, Илья Драконов (talk) 15:08، 2 Апрел 2016 (UTC).
Классно!   С уважением,--AryanSogd (t) 15:11، 2 Апрел 2016 (UTC)

P.S. Можно будет перевсти викиф, оформ и т.д. и т.п. в окне редактирования? С уважением,--AryanSogd (t) 15:15، 2 Апрел 2016 (UTC)

Это как раз следующий этап. Илья Драконов (talk) 15:23، 2 Апрел 2016 (UTC).
  • Викификация = Викифонидан
  • Оформление = Танзим
  • Стилевые правки = Вироиши услубӣ
  • Орфография = Имло
  • Пунктуация = Аломатҳои китобатӣ
  • Ответ = Ҷавоб
  • Комментарий = Шарҳ
  • Добавление категории = Иловаи гурӯҳ
  • Шаблон = Шаблон
  • К удалению = Барои ҳазф
  • Иллюстрация = Тасвир
  • Источники == Сарчашма
  • Запрос == Дархост
  • Дополнение = Илова
  • Уточнение = Аниқ
  • Обновление данных = Навсозии маълумот
  • Закрыто = Пӯшида
  • Итог = Хулоса

  • Быстрая вставка = Даровардани зудкор
  • Теги = Барчаспҳо
  • Шаблоны = Шаблонҳо
  • Кириллица = Кириллӣ
  • Разделы = Фаслҳо
  • Источники = Сарчашма
  • Символы = Рамзҳо
  • Греческий алфавит = Алифбои юнонӣ
  • Латиница = Лотинӣ

Сообщество будет признательны тебе. Это очень облегчит работу, как новичков, так и опытных участников. С уважением,--AryanSogd (t) 15:41، 2 Апрел 2016 (UTC)

  • Рад помочь. Таджикистан — прекрасная страна! :) Илья Драконов (talk) 16:22، 2 Апрел 2016 (UTC).

тарҷума

вироиш

AryanSogd дар тарҷумаи ин шаблон ёрдам кунед. Бо эҳтиром, --Химик1991 (talk) 15:10، 5 Апрел 2016 (UTC)

Парчамҳо

вироиш

Ассалом AryanSogd. Дар Қаҳвахона овоздиҳӣ кардем, чӣ шуд? Илья Драконов ҷумида истодааст дар ин самт ё не? Ба фикрам беҳуда ӯро тарафдорӣ кардем. Суханони Farsizabon рост баромада истодааст. Як андеша карда чора бинед. Бо эҳтиром--Муроди Одина (talk) 03:42، 13 Апрел 2016 (UTC)

Ассалом дӯстам. Вақт надорам гуфта истода аст. Каме сабр кунем, бубинем, ки чӣ ният дорад, пас аз паси чора мешавем. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 09:52، 13 Апрел 2016 (UTC)
Дӯстам, ман дар яке аз забонҳои аврупоӣ бо дигар ном мудир ҳастам ва ин гуна шахсонро бори аввал надида истодаам. Инҳо дар лоиҳаҳои хурд парчамҳои мудириро гирифта, пас аз паси парчами мудири саросарӣ мешаванд ва парво надоранд, ки ҷамъиятҳои ин лоиҳаҳои хурд чӣ ҳол доранд. Ӯ аз номи шумо дархост кард ва ман аз ҳамин сабаб ӯро дастгирӣ кардам, чун шуморо бениҳоят ҳурмат мекунам. Ман ӯро дар Мета нигоҳ карда меистам. Агар ягон хидмат ба лоиҳаи тоҷикӣ нарасонад ва дархосташро дар гирифтани парчами саросарӣ бубинам, ду-се ҷумлаи "ширин" менависам. Бо эҳтиром Муроди Одина (talk) 11:50، 16 Апрел 2016 (UTC)
Дар ин ҳолат ман худамро ноҷоб ҳис карда истодаам. Агар гуфтаатон амалӣ гардад, лутфан, маро ҳам хабар диҳед, то ки ман ҳам аз ҷумлаҳои "ширин" -и худ истифода барам. Масъалаи мукофот, сипос, лек агар таърифу тафсифро давом диҳед, метарсам ки дандони иловагӣ пайдо карда аз кору бор мемонам. Ташаккур. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:45، 16 Апрел 2016 (UTC)
Ба фикрҳои Муроди Одина хамроҳ мешавам. Аммо, ман Илья Драконовро камтар мишиносам ва ӯро ранҷондан намехосам. Аз худаш мепурсем? --Farsizabon (talk) 14:05، 18 Апрел 2016 (UTC)
Ҳозир аз ӯ суол мекунам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:50، 18 Апрел 2016 (UTC)

Гуфта истодааст, ки дар Википедиаи Чеченӣ ҳамин гуна кор 4 моҳ вақтро гирифт. Биёед тоқат кунем. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:22، 18 Апрел 2016 (UTC)

Савол

вироиш

Диқат... ман сохтани бозиҳои тоҷикиро бо фармати html сохта метавонам аммо ба википедия html ро партофта наметавонам илтимос агр ба википедия html ро партофта тавонед ба давоми ин саҳифа ҷавобашро нависед агар ба ман инро ёд диҳед дар википедияи тоҷики портали Онлайн бозиҳо ро сохта википедияи тоҷикиро беҳтар месозем агар қабул доред ҷавобашро нависед...агар рози бошед ман сурогаи наворе аз он бозиҳоро дар инҷо менависам...илтимос

Бародар, агар хоҳиши ба Википедиаи тоҷикӣ кумак кардан дошта бошед, ҷомеаи мо аз шумо минатдор мешавад. Барои портали бозиҳоро эҷод кардан html лозим нест ва онлайн бозиҳо дар ягон бахши Википедиа надидаам. Барои мисол метавонед портали бахши русии Википедиаро назар кунед. Агар хоҳиш дошта бошед, метавонед ҳамин тавр эҷод карда ба донишнома кумак расонед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:45، 16 Апрел 2016 (UTC)

Савол 2

вироиш

Чигуна партал месозанд.

Инҷоро нигоҳ кунед. Агар натавонед, ҳаракат мекунам, ки дар давоми 2 рӯз вақт ёфта худам эҷод кунам. Баъд шумо метавонед мақолаҳои лозимиро бо забони тоҷикӣ эҷод карда дар ин мавзӯъ дар Википедиаи тоҷикӣ якум муаллиф шавед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:42، 16 Апрел 2016 (UTC)

Знаки википедиаро дигар карда мешавад ё не.

Мумкин нест. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:24، 16 Апрел 2016

Шаблон

вироиш

Салом. Чаро маълумотҳои дар бораи шумурии мақолаҳо дар ин шаблон кӯҳна? Дар мисол ин ҷо нигоҳ кунед. Сабабаш чист? --Farsizabon (talk) 06:45، 19 Апрел 2016 (UTC)

Ассалом. Дӯстам, ин шаблонҳои печида ҳастанд. Гумон дорам, яке аз онҳо, ки ба омор таъаллуқ дорад ҳоло эҷод нашудааст. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 10:37، 19 Апрел 2016 (UTC)

мақолаҳое соти

вироиш

Салом. ин мақолаҳоро сохта метавонид? --Doostdar (talk) 07:08، 27 Апрел 2016 (UTC)

Ассалом. Бародар, барои сабти овоз, ҳамаи шароитро барвақт муҳайё кардам. Танҳо сабт кардани файл лозим аст, лек барои ин корро кардан, корбар мақоларо бояд бо овози хушк, бурро ва беғаразона хонад. Ният дорам мақолаи Викианборро бо овози худ сабт кунам, то дигарон мушоҳида карда, боқимонда мақолаҳое, ки ниёзи сабти овоз доранд, дар сабти онҳо кумак кунанд. Айни ҳол, аз ин заруртар корҳо ҳаст. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:04، 27 Апрел 2016 (UTC)
ин хув аст. --Doostdar (talk) 09:16، 2 май 2016 (UTC)

соҳиби викимиёнбар шудем, табрик

Мӯҳтарам ҳамкор, як савол дорам. Ба забони тоҷикӣ номи Sylvie чӣ мешавад? Силвия ё Силвиа? Барои маслиҳататон қаблан сипосгузорам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 06:28، 29 Апрел 2016 (UTC) P. S. Ин мақоларо эҷод карда истода, ман ба гапи Шумо даромадам  

Намедонам. Дар забони олмони Зулвий хонда мешавад, ба тоҷикӣ Зулфия  . Бо забони англисӣ Силвий хонда мешавад (забони англисӣ асосгузори Википедиа). Забони мо ба мисли забони испонӣ сода аст ва аксарияти вақт, он чӣ ки мешунавему мебинем, ҳамон тавр менависему мехонем. Фикр мекунам, Силвия гӯётар аст. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:34، 29 Апрел 2016 (UTC)
Айни муддао! Номи Зулфия ба барандаи барномаи олмонӣ хоҳад зебид   Биёед, ин занро ба зани тоҷик табдил диҳем! Ё ба духтари кирғиз: Зулфия Мейс кызы. Аз рӯи гапатон номашро тағйир кардам. Раҳмат. Сергап (talk) 15:44، 29 Апрел 2016 (UTC)
Ташаккур. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:19، 29 Апрел 2016 (UTC)
Боз андаке сабр кунед, бародар. Гап дар ин аст, ки ба воситаи телефон кор карда истода, ман ин мақолаҳоро (дар бораи Силвия Мейс, Маҳастии Ганҷавӣ ва ғайра) бо мушкилиҳои гуногун навиштаам. Баъдтар дар компютер камбудиҳоямро бартараф мекунам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 18:17، 29 Апрел 2016 (UTC)
Дӯстам, имрӯз 5-6 абзорро ба кор даровардам. Координатаҳо дуруст нишон доданро сар кард. Сарсуханро алоҳида вироиш кардан мумкин шуд. Бо курсори мушак ба пайванд ки расондед, хоначаи луқма пайдо мешавад. Корбарони басташударо бо таври хатзада нишон медиҳад. Аз ҳамин сабаб имрӯз хеле хушҳол ҳастам. Майда-майда лоиҳа рангу рӯ пайдо карда истодааст.   Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 18:26، 29 Апрел 2016 (UTC)

P.S.Миёнбар ҳам дар хонаи вироиш ба кор даромад. Акнун викифонӣ хеле сабук мешавад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 18:35، 29 Апрел 2016 (UTC)

Ташаккур, корбарӣ хубтар шудааст

вироиш

Ба мӯҳтарам AryanSogd Ташаккур, корбарӣ дар Википедиа хубтар шуда истодааст.

Ман аз Шумо дӯстам хоҳиш дорам, ки вақт ёфта дизайн ва қисматҳои Портал:Тоҷикистонро тағйир диҳед, чунки илтимосам ба мудири навамон (корбар:Илья Драконов) доир ба ин масъала хеле тӯл кашид.  — Ҳамин қайд аз ҷониби корбар Шухрат Саъдиев (б · ҳ) илова карда шуд
  Иҷро шуд. Иттилоотро дигарон метавонанд пур кунанд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:14، 30 Апрел 2016 (UTC)

Табрикнома

вироиш

Мӯҳтарам ҳамкор, иди байналмилалӣ муборак бошад! Бо эҳтиром, Сергап (talk) 09:04، 1 май 2016 (UTC)

Ташаккур! Шуморо низ табрик! Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 09:46، 1 май 2016 (UTC)

"Files with no machine-readable license"

вироиш

Дар Википедиаи тоҷикӣ гурӯҳ ҳаст: Гурӯҳ:Files with no machine-readable license. Аксҳо дар ин гурӯҳ ҳуқуқи муаллиф доранд. Ман намефаҳмам, ки чӣ тавр чунин аксҳо ба Википедиаи тоҷикӣ фиристода мешаванд. Агар тугмаи "Фиристодани файл"-ро пахш кунам, ба ин саҳифа мегузарам. Лекин дар он ҷо GNU Литсензияи Ҳуҷҷатҳои Озод лозим аст. Чӣ бояд кунам, то ки аксе бе Литсензияи Озод ба Википедиаи тоҷикӣ (на ба Викианбор) фиристам? Бо эҳтиром, Сергап (talk) 08:49، 5 май 2016 (UTC)

Хуб мешавад, агар худдорӣ кунед, чун ин мавзӯъ дар мо ба мисли забони руси ташаккул наёфтааст ва айни замон аз ҳазф ягон кас кафолат дода наметавонад. Агар хоҳед бор кунед, ман ҳазф намекунам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 09:00، 5 май 2016 (UTC)
Гапи Шуморо бо камоли таассуф хонда баромадам. На фақат дар Википедиаи русӣ, балки дар Википедиаҳои дигар ин мавзӯъ ташаккул ёфтааст: d:Q6811831. Афсӯс, ки дар ВТ фиристодани аксҳои ғайриозод ба ҳамчунин тавр сурат нагирифтааст. Майлаш, худдорӣ мекунам. Бо эҳтиром.--Сергап (talk) 09:53، 5 май 2016 (UTC)

Хатогӣ

вироиш

Ассалому алейкум дӯстам! Илтимос ба инҷо нигаред Бо эҳтиром Jaloliddin Madaminov (talk) 12:44، 8 май 2016 (UTC)

Хато кардам! Узр ба саҳифаи KHUDOYDOD нигаред. Бо эҳтиром Jaloliddin Madaminov (talk) 12:48، 8 май 2016 (UTC)

Ташаккур дӯстам. Мақолаи KHUDOYDOD ҳазф шуд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:56، 8 май 2016 (UTC)

Раҳмат! Бо эҳтиром Jaloliddin Madaminov (talk) 13:04، 8 май 2016 (UTC)

Салом Корбар:AryanSogd ба саҳифаи Иттиҳодияи Аврупо нигаред. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 14:59، 10 май 2016 (UTC)

Салом. Дар оянда ба назар гиред, ки шумо ҳам метавонед ин гуна вироишҳоро ботил созед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:05، 10 май 2016 (UTC)

Фаҳмо Бо эҳтиром. Jaloliddin Madaminov (talk) 15:06، 10 май 2016 (UTC)

Ассалом Корбар:AryanSogd! Ин саҳифаро ҳазф кунед, нигаред Дастаи Ислом. Бо эҳтиром--- Jaloliddin Madaminov (talk) 12:30، 15 май 2016 (UTC)

  Иҷро шуд. Дӯстам дар оянда ба инобат гиред, ки барои ҳазф кардани мақола, тугмаи вироиши манбаъи мақолаи покшавандаро пахш карда, шаблони {{пок}}, {{ҳазф}} ё {{delete}} -ро дар қисми болои матн гузошта, саҳифаро захира кунед. Сипас, сабаби аз донишнома пок кардани мақоларо дар саҳифаи Википедиа:Мақолаҳои номзади ҳазф баён кунед. Яке аз мудирон хабардор шуда, албатта хулоса мебарорад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:05، 15 май 2016 (UTC)

User test page

вироиш

Hello AryanSogd! As I see in this wiki there is no "user test page" in the interface, in ptwiki we have it (mine is this, it's a very good tool to develop articles before realease them to the article page. What do you think about it? Greetings, Gato Preto (talk) 18:32، 9 май 2016 (UTC)

Hello! We have only just begun to develop. I can not do everything in one day. Everything has its time  . Thank you!--AryanSogd (t) 13:05، 10 май 2016 (UTC)
Sorry! I was not giving you an order I was just telling you about those pages of User Test which are very useful, if tgwiki needs help you can call me and I'll help. Best wishes! Gato Preto (talk) 20:01، 10 май 2016 (UTC)
Sorry? Why do you apologize? I would like to say that I have little time and a lot of work. I will be happy if you help design and make. Thank you in advance. --AryanSogd (t) 13:15، 11 май 2016 (UTC)
Ok!   That was a "comunication error" I didn't understand you. :) Anything to do or help contact me. Greetings, Gato Preto (talk) 13:42، 11 май 2016 (UTC)

Ассалому алейкум AryanSogd овоз (mp3)-ии Сураҳоро гузоштан мумкин аст ё не. Бо эҳтиром- Jaloliddin Madaminov (talk) 13:00، 11 май 2016 (UTC)

Ассалом дӯстам. Аввал дар сураи Ал Фотиҳа гузоред то барои таҳлил кардан имкон пайдо шавад. Дувум сабти овоз бояд бо иҷозаи муаллиф бошад (агар набошад хубтараш бор накунед). Шарҳ: дӯстам, дар ҳар як сура пайванде дода истодаам, ки дар онҷо хоҳишмандон метавон бе малол гуш кунанд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:09، 11 май 2016 (UTC)

Ҳаммаи сураҳоро (mp3)-аш ҳаст. Бо эҳтиром Jaloliddin Madaminov (talk) 13:12، 11 май 2016 (UTC)

Бе иҷозаи хаттии ҳамон қорие, ки дар МП-3 сабт шудааст, мумкин нест, чун ҳуқуқи муаллифро ин амал поймол месозад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:20، 11 май 2016 (UTC)

Фаҳмо. Бо эҳтиром. Jaloliddin Madaminov (talk) 13:24، 11 май 2016 (UTC)

Хуб аст, бор кунед, лек сураҳоро эҷод накунед, ман худам ҳамаашро мекунам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 13:27، 11 май 2016 (UTC)

Фаҳмо. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 13:30، 11 май 2016 (UTC)

Харитаи википедиачиҳо

вироиш

Салом! Ман имруз Википедиа:Харитаи википедиачиҳоро сохтам. Агар хоҳед худатона дароред. --Farsizabon (talk) 11:18، 13 май 2016 (UTC)

Ташаккур дӯстам, худамро илова кардам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:06، 13 май 2016 (UTC)

Такрор

вироиш

Салом дӯстам! Ин саҳифа такрор шудааст. Илтимос Равана (шаршара)-ро ҳазф кунед. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 15:37، 13 май 2016 (UTC)

Ин саҳифа такрор шудааст. Нигаред Раван (шаршара) ва Равана (шаршара). Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 15:46، 13 май 2016 (UTC)

Ассалом. Дӯстам, ҳарду саҳифаи пешниҳод кардаатон номҳои ҳархела доранд шаршараҳои як нестанд. Барои мисол яке дар забони англисӣ Ravana Falls хонда мешавад, дигаре Rawan Ella ва аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:54، 13 май 2016 (UTC)

Фаҳмидам Ташаккур. Бо эҳтиром. Jaloliddin Madaminov (talk) 16:04، 13 май 2016 (UTC)

Просьба

вироиш

Зайди в Фейсбук, пожалуйста. Илья Драконов (talk) 15:53، 16 май 2016 (UTC).

Ботил

вироиш

Ассалому алейкум дӯстам! Барои ботил сохтани мақола чи кор бояд кард. Бо эҳтиром--, Jaloliddin Madaminov (talk) 16:01، 20 май 2016 (UTC)

Ассалом. Барои ботил кардани вироиш ё барои ҳазфи мақола? Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:04، 20 май 2016 (UTC)

Барои ботил кардани вироиш. Бо эҳтиром. -- Jaloliddin Madaminov (talk) 16:07، 20 май 2016 (UTC)

Тугмаи Намоиши таърих -ро пахш кунед, сипас тугмаи қаблӣ -ро, сипас тугмаи ботил -ро. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:13، 20 май 2016 (UTC)

Фаҳмидам! Ташаккур. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 16:16، 20 май 2016 (UTC)

Бойгонӣ

вироиш

Ассалом дӯстам! Саҳифаи баҳси маро бойгонӣ кунед, ман натавонистам. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 15:44، 21 май 2016 (UTC)

  Иҷро шуд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:55، 21 май 2016 (UTC)

Раҳмат. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 15:57، 21 май 2016 (UTC)

Ёқубҷон Охонов

вироиш

Ассалом дӯстам! Барои чӣ саҳифаи Ёқубҷон Охоновро ҳазф кардед, Манбаъ дорад, ку. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 08:52، 26 май 2016 (UTC)

Дӯстам, ашхосе ки ба меъёрҳои Википедиа:Саршиносӣ (афрод) ҷавобгӯ набошад, аз донишнома пок мешаванд. Википедиа донишнома аст, на девор ки ҳар чӣ навиштан мумкин. Пеш аз мақола эҷод кардан, аввал бо дастурамали номбаршуда хуб шинос шавед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 09:03، 26 май 2016 (UTC)

Фаҳмидам. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 09:08، 26 май 2016 (UTC)

Brazilian airports

вироиш

I do not know if you read English, but if you don't, maybe somebody else here can help us. At least, the risk that somebody here understands English is better than they understands Swedish, which is my first language. As you can see, I have just changed in a template about a Brazilian airport. I discovered this mistake on Wikidata, where the data from these templates has been used. This is not the first time I discovered the wrong "country" used about Brazilian airports. Another user helped me the other day with the same kind of change. And there are more cases, where I have detected wrong information on Wikidata. I then did not changed anything here, since I was not aware that the error came from this wiki. And there can potentially be the same problem in more articles. All these articles have in common that they are about Brazilian airports. -- Innocent bystander (talk) 06:25، 31 май 2016 (UTC)

Good evening dear colleague. Your error message I gave to the author of articles about airports. Hopefully in the near future, it is still correct. Thank you! AryanSogd (t) 12:35، 31 май 2016 (UTC)

тарҷума

вироиш

Лоиҳаҳои Викиахбор ва Викикитоб тарҷума шудааст, яке аз назар гузаронед. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 18:32، 4 Июн 2016 (UTC)

Хуб аст, ҳазор ташаккур!   Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 19:47، 4 Июн 2016 (UTC)

Миннатдорӣ

вироиш

Дӯстам Шуморо бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборакбод намуда арзи миннатдориамро нисбати густариши мукофотҳои аввалини Википедиаи тоҷикӣ баён карданиам. Инчунин, миннатдориамро нисбати мукофотонидани банда дар саҳифаҳои Википедиаи тоҷикӣ қабул намоед. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 16:39، 6 Июн 2016 (UTC)

Шуморо низ бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборакбод мегӯям. Масъалаи орденҳо, фикр мекунам рӯзҳои наздик ҳамаро ба ҷуз орденҳои олӣ эҷод мекунам чун кораш заҳматталаб аст. Онҳоро дертар эҷод мекунам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:53، 6 Июн 2016 (UTC)

Иди Рамазон

вироиш

Ассалому алейкум! Мушфиқ шуморо бо фарорасии Иди Рамазон муборакбод мегӯям, Идатон муборак. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov 17:42، 6 Июн 2016 (UTC)

Салом дӯсти ҷавони ман! Шуморо низ бо ин Иди муборак табрик!!! Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 18:43، 6 Июн 2016 (UTC)

Арзи сипос

вироиш

Салом, бародари азиз! Бовар кунед, аз мукофот хеле сарбаланд гаштам, ташаккури зиёд, гарчанде ҳанӯз хидматам арзанда нест. Мекӯшам сазовор бошам. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 15:05، 10 Июн 2016 (UTC)

Ассалом. Бовар кунед, агар имконият мешуд, ин орденҳоро аз зару зевар сохта ба корбарон тақсим мекардам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 15:13، 10 Июн 2016 (UTC)

Шаблон:Футболист

вироиш

Салом AryanSogd агар бемалол бошад ва илоҷаш бошад, Шаблон:Футболистро аз Википедиаи рӯсӣ ба тоҷикӣ нусха кунед. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 16:39، 15 Июн 2016 (UTC)

  Иҷро шуд, аммо шумо бояд бо саҳми хеш тарҷума кунед. Тарҷумаро ёд гиред. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:50، 15 Июн 2016 (UTC)

Ҳазор раҳмат, ман тарҷума карда метавонам, аммо шаблон баста будааст. Бо эҳтиром-- Jaloliddin Madaminov (talk) 16:53، 15 Июн 2016 UTC

Иди Фитр

вироиш

Ҳамкори мӯҳтарам, мехостам, ки Шуморо ба муносибати Иди Фитр аз самими қалб табрик кунам. Идатон муборак шавад! Бо эҳтиром, Сергап (talk) 08:21، 5 Июл 2016 (UTC)

Табрикот

вироиш

Дӯсти азиз, дар ин рӯзи арафа Шуморо аз самими дил бо фарорасии Иди бузурги мусулмонон табрик намуда, баҳратон тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ва умри Саъдиро таманно дорам. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 09:02، 5 Июл 2016 (UTC)

Ид муборак!

вироиш

Ассалому алейкум ҳамкор! Идатон муборак бод! Бо эҳтиром-- Ҷалолиддин (talk) 10:03، 5 Июл 2016 (UTC)

Ташаккур!

вироиш

Салом! Дӯстам барои AryanBot ташаккур! Боти шумо ҳақиқатанҳам сазовори мудир аст. Бо эҳтиром-- Ҷалолиддин (talk) 13:04، 21 Июл 2016 (UTC)

Ташаккур дӯстам. Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 13:23، 21 Июл 2016 (UTC)

Носков, Меладзе, Киркоров

вироиш

Здравствуйте уважаемый AryanSogd, я не знаю таджикский язык, но для вас делаю заказ: вы сможете сделать на вашем таджикском языке статьи про музыкантов Николая Носкова, Валерия Меладзе или Филиппа Киркорова? Если вы сделаете эти статьи, то я вам буду очень благодарна! Спасибо! --Anna Jarvinen (talk) 09:02، 11 Август 2016 (UTC)

В данный момент, я занимаюсь заливкой статей о населённых пунктах России и освобожусь не скоро. Рекомендую обратиться к участнику Шухрат Саъдиев, он обожает заниматься персоналиями. С уважением, AryanSogd (t) 09:28، 11 Август 2016 (UTC)

Комёбӣ муборак!

вироиш

Барои саҳми Шумо дар комёбии навбатии ВП тоҷикӣ арзи сипосамро қабул намоед. (муфассал, нигаред ба email ВП кобариатон, чунки суръати email дигар дар шабакаи Интернети ман суст шудааст ва мактубро кушода хондан душвор шудааст. Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 12:44، 16 Август 2016 (UTC)

Ташаккур! Ба суоли:
  1. Гурӯҳҳое ки ба Тоҷикистон алоқамандӣ доранд чунон омехта ҳастанд, ки дастӣ ислоҳ ё ворид кардани гурӯҳи иловагӣ арзонтар мешавад.
  2. Корбари номбурда соҳиби бот нест, ва ба ӯ муроҷиат кардан беҳудааст
  3. Лоиҳаи "Маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон" дастурамал нест ки ман эълон кунам. Шумо ҳамчун пешниҳодкунанда, гуфтаҳоро ба инобат гирифта аз паси эҷод шавед, аммо ду камбудӣ дорад: 1 матни сарсухан доир ба деҳот пешниҳод накардед. 2 Агар матни сарсухан танҳо аз дефинитсия иборат бошад, нашавад ки байни корбарон низоъ барояд. Барои мисол низоъ байни ману Иброҳим чанд сол пеш, агар дар ёд дошта бошед. Агар фикри манро донистан хоҳед ман зид нестам.
  4. Чанде пеш саҳифаи Медиавикиро доир ба боргузориҳо тарҷума кардам, то ки корбарон имконият дошта бошанд барои истифодабарии боинсофи аксҳои бе литсензияи озод. Агар ба кор медаромад, он вақт аз паси тарҷумаи шаблонҳои алоқаманд мешудам, аммо кор накард. Сабаб - дархост додан лозим меояд ва аз ҳама пеш овоздиҳӣ гузарондан лозим ва ин ҳам кафолат намедиҳад, ки дархости моро қабул кунанд ва ин гуна таҷрибаро аз сарам се маротиба гузаронидам. Рости гап дилсард шудам. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 11:56، 17 Август 2016 (UTC)

P.S. Дар вақти эҷод, мақолаҳо ва гурӯҳҳои бударо бо баҳонаи мақолаи такрорӣ, кӯтоҳ ё ғалат ҳазф накунед. Барои мисол деҳаи Куруд: Ҳамчун Ҝӯҳрӯд ягон кас намеҷӯяд ва дар сарчашмаҳо ҳам ҳамчун Куруд омадааст. Аз ин маълум мешавад Равонаи бе ҳазф кардан лозим. Ман инро гуфта истодаам, ки дар оянда ҳамин гуна хусусиятҳоро ба инобат гиред. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 12:14، 17 Август 2016 (UTC)

Return to the user page of "AryanSogd/Бойгонӣ 2016".