Сайид Қиёмиддини Ғозӣ

(Тағйири масир аз Саййид Қиёмиддини Ғозӣ)

Сайид Қиёмуддини Ғозӣ (Қиёмуддин Ғозиев, форсӣ: سيد قيام الدين غازی‎; ҳамчунин маъруф бо тахаллусҳои «Эшони Қиёмуддин», «Бобои Эшон», «Генерали мардумӣ»; 21 марти 1952, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 19 майи 2019[1], ноҳияи Ваҳдат, Тоҷикистон) — яке аз рӯҳониёни маъруф ва суханварони тавонои майдони «Шаҳидон»[2], яке аз ташкилкунандагони ҲНИТ.

Сайид Қиёмуддини Ғозӣ
Қиёмуддин Ғозиев
Сурат
Таърихи таваллуд 21 март 1952(1952-03-21) (72 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 19 май 2019(2019-05-19)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ваҳдат, Тоҷикистон
Кишвар
Ҷоизаҳо

Ордени Шараф

Вебгоҳ misboh.com/index.php

Зиндагинома

вироиш

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ 21 марти 1952 дар ноҳияи Ҳисор, деҳаи Қаламтуғай дар хонаводаи комилан мазҳабӣ ва аз муборизони алайҳи Шуравӣ, Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ ба дунё омадааст.

Таҳсилот

вироиш

Таҳсилоти муқаддамоти исломиро аз ёдгирии илми абҷад аз падарабузургашу падараш омӯхта, сипас аз муллоҳои барҷаста ва дар аймои навҷавонӣ ба Андиҷон сафар намуда дар онҷо низ аз бузургтарин олимон дарс гирифтааст[3].

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз соли 1969 ҳамзамон аз Мавлави Ҳиндустонӣ ва мулло Мурод улуме чун таърих, ҷуғрофиёи дунё, ошнои бо кишварҳо, ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои исломӣ, маҷаллаот ва ҳафтаномаҳову рӯзномаҳои муҳими ҷаҳон, ошнои бо макотиби сиёсӣ ва сиёатмадорони бузурги он замон, Забури Қуръони карим, луғати араб, суханварӣ (илми суханронӣ) ва мавъизаро назди Ишон омӯхт.

Соли 1996 риштаи сиёсат ва ҳуқуқи Донишгоҳи Кобулро хатм мекунад, ки дар як маросиме расман дипломашро аз дасти Аҳмадшоҳи Масъуд дарёфт мекунад.

Аз соли 1996 то 2000 дар Донишгоҳи Байналмиллалии Панҷоби Покистон (ба номи Иқболи Лоҳурӣ) дар шуъбаи Исломобод ва дар риштаи адабиёти форсу тоҷик таҳсил намуда ва дар ин сол муваффақ ба дарёфти дипломи доктории худ шуд.

Дар соли 2001 барои такмили улуми худ ба Эрон сафар намуда ва аз Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, Оятуллоҳ Ҷавводии Омулӣ, Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ, Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ улуме ҳамчун фалсафа, калом, фиқҳ, тафсир ва ғайраро хонд.

Сафарҳо

вироиш

Аз онҷо, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ омӯхтани улум, зиёрати уламо, зиёрати бузургон ва пешвоёни дин ва зиёрати зиёратгоҳҳои онон, боздид аз кишварҳои исломӣ ва дидор бо андешмандонро дӯст медоранд ва ғанимат медонанд сафарҳои зиёде ба мамлакатҳои дунё кардаанд.

Ҳамчуин ишон дар солҳои авоили таъсиси Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва наҳзати исломии Узбекистон барои таҳияи манобеи илмӣ ва кутуб барои ин ду Наҳзат ба баъзе аз кишварҳо сафар намуда ва тамоми манобеи илмии инду Наҳзатро таҳия менамуданд. Ин гуфтарро баъзе аз муҳаққиқин мисли пажӯҳишгари арҷуманд ҷаноби Сайид Юнуси Истаравшанӣ таъйид намудаанд[4]. Албатта баъзе аз сафарои Ишон барои тиҷорат, сафари корӣ ва ҷамъоварии кумакҳои хориҷӣ барои муҳоҷирондар тӯли солҳои ҳиҷрат(1992—1997) низ будааст.

Сафарҳои Ишон ба кишварҳои ҳамчун: Арабистон, Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Миср, Яман, Тунис, Судон, Сурия, Фалистин, Либиё, Туркия, Эрон, Ҳиндустон, Кашмир, Покистон, Жопон, Малайзия, Индунейзия, Олмон, Русия, Украйн, Беларус, Озорбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Тотористон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва ғайра аз он ҷумла аст.

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Саид Қиёмуддини Ғозӣ ба Афғонистон рафта, бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ҳамкорӣ дошт. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ба кишвар баргашта, узви яке аз зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. Барои хидматҳояш дар амалисозии Созишномаи зикршуда бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст[2].

Баъд аз сулҳ дар соли 1997 ва пас аз ҷамъбасти комисиюни оштии миллӣ, Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дубора ба фаолиятҳои илмӣ машғул шуда ва ҳамакнун дар бисёре аз шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ ва низ дар хориҷи кишвар ба фаолиятҳои илмӣ ва таблиғӣ машғулият доранд.

Таъсиси Наҳзати Исломии Тоҷикистон

вироиш

Авохири соли 1971 Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баъд аз ошноии комил бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баҳсҳои сиёсӣ, инқилоби кишварҳо ва ҳаракатҳои исломӣ, ошнои бо андешмандон ва мутафаккирони исломӣ, ошнои бо инқилобиюни Бухоро, Туркия, Миср, Покистон, Алҷазоир ва ғайраро, ки аз устоди хеш мулло Мурод омӯхта буданд матраҳ менамоянд ва дар ниҳоят ҳадафи хешро баён мекунанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ барои пешбурди аҳдофи исломӣ ва озодихоҳона ва мубораза алайҳи Комунист ва бедории миллат ва ҷамъоварии ҷавонони бо имон ва ғайюр пешниҳод доданд, ки созмони исломиеро таъсис бидиҳанд, то битавонанд миллатҳои мусалмони Осиёи Миёнаро бо исломи азиз ошно сохта ва миллатҳоро аз зери зулму ситам раҳои бахшанд.

Комисиюни оштии миллӣ

вироиш

Дар замони сулҳ саҳми Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар роҳи расидан ба Сулҳ ва иттиҳоди миллӣ назаррас буда, мазкур солҳои 1997—2000 узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комисиюни оштии миллӣ буданд. Барои хидматҳои арзандаашон дар татбиқи Созишномаи Сулҳ бо ордени «Шараф» қадрдонӣ шудааст[5].

Боздошт ва ҳукми зиндон

вироиш

Саид Қиёмуддини Ғозӣ моҳи ноябри соли 2017 боздошт гардид ва Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи 2018 бо се ҷурм, аз ҷумла хиёнат ба давлат ва ватанфурӯшӣ[6] ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум кард[7].

Эшони Қиёмуддин шаби 19 майи соли 2019[1] дар ҷараёни ошӯб дар зиндони Ваҳдат ба таври мармуз кушта шуд ва ҷасадашро рӯзи 20 май бидуни намози ҷаноза дар зодгоҳаш — деҳаи Қайрғочи ноҳияи Хуросон ба хок супурданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Эшони Қиёмуддинро маҳбусони доишӣ ба раҳбарии писар ва ҷияни «вазири ҷанг»-и ДОИШ Гулмурод Ҳалимов куштанд[8].

  1. 1.0 1.1 Саид Қиёмуддини Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Шайх Темур дар миёни 32 кушташудаи ошӯби зиндони "Кирпичний"(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 20 май 2019 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 «Генерали мардумӣ»: Хоҷагони ҲНИТ соли 2020 дар Тоҷикистон табаддулот барпо карданӣ буданд(тоҷ.). Бойгонӣ шудааст 30 июни 2018  сол. Проверено 19 июни 2018.
  3. Мусоҳабаи ихтисосӣ бо Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, дар таърихи 25.06.2012.
  4. Ба нақл аз ёддоштҳои хаттии Сайид Салоҳуддин Сайид Нуриддин, солномаи Исроъ, соли 2011. Ва файли савтии пажӯҳишгари арҷуманд Сайид Юнуси Истаравшанӣ, таҳти унвони «савол ва ҷавобҳои бо дунишҷӯён».
  5. Толибшоҳи Сайидзода. Эшони Қиёмуддини Ғозӣ: - Рӯзномаи Миллат(тоҷ.). millat.tj. Миллат (19 июни 2008). 19 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Январ 2021.
  6. Safarak, Safarakov (2018-06-18). «Решаҳои ноаён». ТВ Тоҷикистон.
  7. Наздикони Қиёмуддини Ғозӣ аз вазъи саломатии ӯ нигаронанд (видео)(тоҷ.), CENTRAL ASIAN. Проверено 19 июни 2018.
  8. МЕРАСАД РӮЗЕ КИ БЕ ҲАМ МЕШАВЕМ... ОХИРИН САБТИ ЭШОНИ ҚИЁмуддин ҚАБЛ АЗ ҚАТЛАШ ДАР ЗИНДОН (САДО). akhbor.com. 23 май 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)