Бурак Тозкопаран
Бурак Тозкопаран (тур. Burak Tozkoparan); тав. 14 ноябри 1992, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи турк.
тур. Burak Tozkoparan | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Burak Tozkoparan |
Таърихи таваллуд: | 14 ноябр 1992 (32 сол) |
Зодгоҳ: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 2014-то ҳол |
Самт: |
телевизион синамо |
IMDb: | ID 7056474 |
Зиндагинома
вироишБурак Тозкопаран 14 ноябри соли 1992 дар Истанбул таваллуд шудааст. Волидайни ӯ аз Риза мебошанд. Ӯ ду бародар бо номи Угур ва Сарҳат дорад.
Дар литсей Бурак талабаи фаъол буд ва ҳамеша чизҳои навро меомӯхт. Дар мактаби мусиқӣ барабаннавозиро низ меомӯхт. Аз сабаби он, ки ӯ хуб аз уҳдаи иҷрои барабан мебаромад, ӯро ба озмунҳо пешниҳод мккарданд. Бурак 2 апрели соли 2011, барои иштирок дар озмуни мусиқавӣ дар миёни 14 мактаби миёна дар Bostancı Show Center баргузор шуда, ки ҷоизаи беҳтарин барабанчинро ба даст овард[1].
Он замон дарк кард, ки мусиқӣ аз они ӯст. Ӯ дар тӯли фаъолияти худ бо гурӯҳҳои зиёд кор кардааст. Чанд муддат ӯ инчунин барабанчии гурӯҳи Парвана буд, ки дар ширкати Олкаито Аҳмад Тусус таъсис ёфтааст.
Пас аз муаррифии Мактаби миёнаи Анатолияи Kızılayı Kartal Туркия, вай дар Донишгоҳи Окан номнавис шуда, дар соҳаи кино ва телевизион таҳсил кардааст[2].
Фаъолият
вироишНахустнамоиши телевизионии ӯ бо нақши Озан Гурпинор дар силсилафилми мазҳакавии Star TV бо номи Paramparça (2014) мебошад, ки бо Эркан Петеккая ва Нургул Йешилчой бозидааст. Ӯ инчунин нахустнамоиши худро дар синамо бо нақши Мерт соли 2016 дар филми Hesapta Aşk бозидааст[3]. Соли 2017 дар нақши дуюмдараҷа ҳамчун Алӣ дар силсилафилми машҳури Ғунчаҳои захмӣ (тур. Kırgın Çiçekler), бо ҳунарпешаҳои машҳур Гокча Акӣилдиз, Биран Далма Йилмаз, Озгур Чевик, Ипек Қарапинор, Ҳазар Мотан ва дигарон нақш офаридааст, ки дар шабакаи "atv" пахш шудааст. Соли 2019 ӯро якбора ба силсилафилми Як дил (Tek Yürek) дар нақши Ҷем ва барои иҷрои нақши марказӣ ҳамчун Рузгар ба филми Sesinde Aşk Var даъват намуданд.
Соли 2020 Бурак дар силсилафилми Ҷавонӣ ёдат ба хайр (Gençliğim Eyvah), нақши асосиро бозидааст, ки қаҳрамони ӯ Зола писари итолиёӣ буда ба Туркия барои ёфтани падараш меояд, тасвир мекунад. Дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Чингиз Бозкурт, Левент Улген, Элиф Доған ва Экин Мерт Даймаз низ ҳунарнамоӣ намудаанд[4].
Худи ҳамон сол соли 2020 Бурак дар филми истеҳсоли Эрон ва Туркия "Mesti Aşk" даъват шуд, инчунин ӯ нақши Амирро дар силсилафилми "Menajerimi Ara" сар карда аз қисми 9 то 20 бозидааст, ки аз тарафи Ay Yapim истеҳсол шуда дар шабакаи Star TV пахш шудааст.
Филмнома
вироишСинамо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Бо тоҷикӣ | Нақш |
2016 | Hesapta Aşk | Мерт | |
2019 | Sesinde Aşk Var | Рузгар | |
2020 | Mesti Aşk | ||
Силсилафилм | |||
Сол | Номгӯй | Бо тоҷикӣ | Нақш |
2014 | Paramparça | Озан Гурпинор | |
2017 | Kırgın Çiçekler | Ғунчаҳои захмӣ | Комиссар Алӣ |
2019 | Tek Yürek[5] | Як дил | Ҷем Саруҳон |
2020 | Gençliğim Eyvah | Ҷавонӣ ёдат ба хайр | Зола |
2020-2021 | Menajerimi Ara | Амир |
Ҷоизаҳо
вироишСол | Ҷоиза | Гурӯҳ | Натиҷа |
---|---|---|---|
2011 | 14-ум Озмуни мусиқии мактабҳои миёна | Беҳтарин инструменталист (нақора) | 1-ум ҷой[1] |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Vodafone 14. Liseler Arası Müzik Yarışması. Okan University. 20 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 май 2015.
- ↑ Burak Tozkoparan: Şöhretin ne olduğunu bilmiyorum (29 March 2015). 17 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 марти 2016.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 20 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 феврали 2016.
- ↑ [1]
- ↑ https://www.takvim.com.tr/saklambac/2019/06/16/kirgin-cicekler-dizisi-ile-adini-duyuran-burak-tozkoparan-tek-yurekte-basrol-olacak
Иқтибосҳо
вироиш- Бурак Тозкопаран дар вебгоҳи Instagram