Экин Мерт Даймаз

Ҳунарпешаи турк

Экин Мерт Даймаз (тур. Ekin Mert Daymaz); тав. 2 декабри 1990, Арнем, Ҳоланд) — ҳунарпеша ва модели турк.

Экин Мерт Даймаз
тур. Ekin Mert Daymaz
Ном ба ҳангоми таваллуд: Ekin Mert Daymaz
Таърихи таваллуд: 2 декабр 1990(1990-12-02) (33 сол)
Зодгоҳ: Арнем, Ҳоланд
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
модел
Корнома: 2014-то ҳол
Самт: синамо
телевизион
IMDb: ID 7487476

Зиндагинома

вироиш

Экин дар шаҳри Арнеми Ҳоланд таваллуд шудааст. Оилаи ӯ аслан аз Сиваси Туркия мебошанд. Ӯ дар оила фарзанди ягона мебошад. Солҳои ҷавониашро дар Истанбул гузаронидааст. Дар мактаб ӯ писари хеле фаъол буд. Ӯ хуб таҳсил карда ва ҳамзамон баскетбол бозӣ мекард. Экин ҳатто орзу дошт, ки баскетболбози касбӣ шавад, аммо аз сабаби захмӣ шудан, ин амалӣ нашуд.

Баъд аз хатми мактаб, ӯ ба факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба Донишгоҳи Ҳалич дохил шуд. Дар ин ҷо худро дар театр санҷидааст. Ба туфайли намуди зоҳирии зебояш, ба ӯ аксар вақт нақшҳои асосиро дар намоишномаҳо пешниҳод мекарданд ва хонандагони дигар ҳамеша ҳунарҳои ӯро бо шавқ баланд ситоиш мекарданд. Ин ба Экин боварӣ ба қобилиятҳои ӯро бедор кард. Дар натиҷа, Экин дар озмун барои интихоби зеботарин марди Туркия ширкат варзид ва ҷои 3-юмро гирифт. Соли 2013 дар озмуни байналмилалии «Беҳтарин модели ҷаҳон» ширкат варзид. Бо вуҷуди он ки имкон набуд, ки ҷои сазоворо гирад, аммо ӯ мушоҳида шуд ва ба ӯ фиристодани даъватномаҳо барои сабт дар таблиғот ва маҷаллаҳо шурӯъ кард.

Фаъолият

вироиш

Экин бори аввал дар нақши Эгемен дар силсилафилми телевизионии "Not Defteri" дар оинҳои нилгун соли 2014  пайдо шудааст. Мавзӯъ дар атрофи муаллим Маҳир Соисал (Фотеҳ Ал) меравад, ки барои барқарор кардани тартибот ба мактаби шаҳр омадааст. Ӯ усули махсусро истифода мебарад, ки онро ба кӯдакони душвортарбия истифода мекунад. Ҳодисаҳо ногузир ба  фоҷиа оварда мерасонанд, ки дард ба ҳар як хонандаи мактаб инъикос хоҳад меёбад. Ҳунарпеша Абрӯ Озкан низ дар ин силсилафилм нақш бозидааст.

Аллакай соли оянда, ҳунарпеша барои тамошобинон нақши дуюмдараҷаро бозидааст. Силсилафилми ошиқона ва ҳаҷвии "Бӯи қулфинай" (Çilek Kokusu) "ситораҳо" -и синамои туркро дар майдони банаворгирӣ муттаҳид кард.  Демет Оздамир нақши Аслии содалавҳи музофотиро иҷро мекунад, орзуи қанноди муваффақ шуданро дорад, ки ӯ кулчақанди қулфинайиро хуб омода мекунад. Соҳибкори муваффақ Бурак (Юсуф Чим ) қариб бо мошини худ ин зебосанамро пахш мекунад, аммо қаннодии дасти ӯро хароб мекунад. Агар Бурак тарзи ҳаёти сабукфикрона дошта бошад, пас амакбачааш Волкан (Экин ин нақшро мебозад), як ҷавони ҷиддӣ аст, ки ёрдамчии аввал ва мушовири падараш ҳисобида мешавад. Онҳо ҳангоми наворгирӣ дӯст шуданд, пас аз ба итмом расидани силсилафилм муоширатро давом медиҳанд.

Соли оянда ӯ дар лоиҳаи телевизионии "Ҳаёт зебо аст, вақте ки дӯст медорӣ" (Hayat Sevince Güzel ) баромад намудааст.  Мавзӯъ як оилаеро тасвир мекунад, ки пас аз даст додани қиморхона кӯшиш мекунад, ки фавран Истанбулро тарк кунад.  Дар роҳ, аз сабаби, пайдо шудани рама, фалокат ба амал меоянд.  Дар натиҷаи онҳо ба садама дучор меоянд ва қаҳрамонҳои силсилафилм дар як деҳаи партофташуда меафтанд. Бародарони оилаи Гочерро духтари зебое Зарифа табобат мекунанд, ки қудрати шифобахши гиёҳи маҳаллиро медонад. Экин нақши Саваш, яке аз бародарони ошиқро бозидааст.

Соли 2017 дар силсилафилми фоҷиавии "Kırlangıç Fırtınası" ҳунарнамоӣ намудааст. Мазҳака дар гузашта рух медиҳад, вақте ки духтари сода Улфат аз дӯстдоштааш ҳомиладор ҳомиладор мешавад. Зани бародараш Қудрат низ кӯдак интизор аст ва таваллуд ҳамзамон ба нақша гирифта шудааст. Модари Улфат ба духтараш хабар медиҳад, ки кӯдаки ӯ мурда таваллуд шуд. Асли воқеа ин буд, ки келинаш дугоник таваллуд намуд вале яке аз онҳо вафот мекунад ва кӯдаки Улфатро бо кӯдаки мурда иваз мекунанд. Ду бародар калон мешаванд ва ба ғайр аз биби, ҳеч кас ҳақиқатро дар бораи волидони аслии онҳо намедонад.  Даймаз нақши бародари хурдиро бо номи Шоҳин бозидааст.

Дар силсилафилми "Гиря макун модар" (Ağlama Anne) соли 2018 нақши Мертро бозидааст. Дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Бирҷа Акалай, Ҷонсел Элчин ва Узлем Йилмаз низ ҳунарнамоӣ намудаанд.

Экин соли 2018 инчунин дар 3 филм: Mirasyedi ҳамчун Озан, Prangali Yarim (Баҳрӣ) ва Asktroloji (Ҷем), нақши марказиро бозидааст. Соли 2017 дар силсилафилми Payitaht: Abdülhamid ҳамчун Ориф ва соли 2019 дар Ölü Yatirim нақши дуюмдараҷаро дар миёни ҳунарпешаҳои маъруф Булент Инал, Узлем Конкар ва дигарон бозидааст.

Соли 2020 Экин дар филми мазҳакавии истеҳсоли Туркия, Олмон ва Испониё, Herseye Ragmen/Regardless дар нақши марказӣ ҳамчун Орҳан бо ҳунарпешаҳо Роберт Маазер, Эркан Петеккая ва дигарон рӯи навор баромадааст.

Соли 2020 Экин дар силсилафилми Ҷавонӣ ёдат ба хайр (Gençliğim Eyvah), нақши марказиро бозидааст, ки қаҳрамони ӯ Аҳмад писари ҷиддӣ буда, зуд-зуд дар ошиқи Азра (Элиф Доған)мебошад, тасвир мекунад. Дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Чингиз Бозкурт, Левент Улген, Элиф Доған ва Бурак Тозкопаран низ ҳунарнамоӣ намудаанд[1] ва дар шабакаи "atv" пахш шудааст.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Соли 2014, Экин Даймаз бо ҳунарпешаи Ханда Эрчел робита дошт, аммо пас аз ду сол муносибатҳои худро қатъ карданд[2]. Инчунин, ӯро ҳамроҳи Элиз Сакучоғлу дидаанд. Ғайр аз он, модари духтар бо онҳо буд. Ҳамзамон, Элиз аз Экин ҳафт сол калонтар аст. Ҳарчанд худи ҳунарпеша инро овоза хонда рад мекунад ва мегӯяд, ки муносибати онҳо танҳо дӯстона мебошад.

Филмнома

вироиш
Силсилафилм
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш Шарҳҳо
2014 Not Defteri Эгемен Шаноғлу Нақши марказӣ
2015 Çilek Kokusu Бӯи қулфинай Волкан Маҳзаноғлу Нақши марказӣ
2016 Hayat Sevince Güzel Ҳаёт зебо аст, вақте ки дӯст медорӣ Саваш Гочер Нақши марказӣ
2017 Kırlangıç Fırtınası Шоҳин Турабоғлу Нақши марказӣ
2018 Ağlama Anne Гиря макун модар Мерт Байер Нақши марказӣ
2019 Payitaht: Abdülhamid Ғозитеҷи Ориф Нақши дуюмдараҷа
2019 Ölü Yatirim - Нақши дуюмдараҷа
2020 Gençliğim Eyvah Ҷавонӣ ёдат ба хайр Аҳмад Осмалӣ Нақши марказӣ
2021 Herşeye Rağmen Орҳан Нақши марказӣ
Филм
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш Шарҳҳо
2018 Mirasyedi Озан Нақши марказӣ
2018 Prangali Yarim Баҳрӣ Нақши марказӣ
2018 Asktroloji Ҷем Нақши марказӣ

Нигаред низ

вироиш

Иқтибосҳо

вироиш