Левент Улген
Левент Улген (тур. Levent Ülgen); тав. 8 августи 1962, Ҷаҳонбейлӣ, вилояти Қуния, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк.
тур. Levent Ülgen | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Ömer Levent Ülgen |
Таърихи таваллуд: | 8 август 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ: | Ҷаҳонбейлӣ, Қуния, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1980-то ҳол |
Самт: |
театр телевизион синамо |
IMDb: | ID 0960372 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишЛевент Улген 8 августи соли 1962 дар шаҳри Қунияи Туркия таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи Иненуи Анқараро хатм намудааст. Баъдан дар шуъбаи физикаи Донишгоҳи техникии Шарқи Наздик таҳсил намуда, онро бо ихтисоси "муҳандис" хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ 10 сол бо ихтисосаш дар заводе кор кардааст. Аммо завқи ҳунар ӯро водор намуд то дарсҳои ҳунарро аз бар намояд. Баъдан фаъолияти ҳунарияшро дар театри Ankara Halk" таҳти роҳбарии Эркан Юсел оғоз намудааст. Ӯ дар намоишномаҳои гуногуни ҳаёти барои кӯдакон ва калонсолон дар нақшҳои мухталиф ҳунарнамоӣ намудааст.
Пас аз марги Эркан Юсел, ӯ таҳти роҳбарии Рутқай Азиз ба театри Санъати Анқара (тур. Devlet Tiyatroları), ворид шуд. Дар намоишҳои гуногун дар ин театр бозӣ намуда, ӯ ҳуқуқи таҳсил дар шуъбаи театри Донишгоҳи Ҳаҷиттепаро ба даст овард. Пас аз хатми донишгоҳ дар театрҳои давлатӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон кор кард. ЭДар ин давра ӯ унвони магистрро хатм кардааст.
Фаъолият
вироишЛевент бо нақши худ дар силсилафилми телевизионии "En Son Babalar Duyar", ки соли 2002 пахш шудааст, хеле маъруф шуд. Ҳоло ӯ дар театр ва синамо дар Анқара ва Истамбул фаъолият мекунад. Дар ширкати телевизион ва радиои Туркия барномаи "Bir Kelime Bir İşlem"-ро пеш мебурд. Ӯ дар "Созмони ҷамъиятӣ" фаъолона ширкат меварзад ва ихтиёран дар рӯзҳои ҷамъомад, ки аз ҷониби Маркази фарҳангии Насим Ҳикмат, ки аз соли 2007 гузаронида мешавад, иштирок менамояд. То ба имрӯз, Левент Улген дар 50 филм ва силсилафилмҳо ҳунарнамоӣ намудааст. Ӯ дар силсилафилми телевизионии "Kocaman Ailem" нақши Ҳулусӣ Коюнҷуро бозидааст. Ҳулусӣ, соҳиби заводи гӯшт буда, ҳангоми тоза кардани ҳавз қариб мемирад. Ин ӯро водор мекунад, ки дар бораи ҳаёташ фикр кунад. Ӯ тасмим мегирад, ки аз се зане, ки дар гузашта онҳоро ранҷонда буд, бахшиш пурсад ва аз Дамир хоҳиш кунад, ки онҳоро ёбад. Дамир онҳоро пайдо мекунад, аммо мушкил дар он аст, ки онҳо то ҳол хеле ғазабиянд. Ғайр аз ин, ҳар кадоме аз онҳо фарзанд дорад. Занон гирд омада, гулӯи Ҳулусиро гирифтанд ва талаб карданд, ки ӯ аз коре, ки кардааст, ҳисобот диҳад. Ва Ҳулусӣ дигар илоҷе надорад, гӯё ки хотираи худро гум кардааст ва ҳеч чизро дар хотир надорад... Соли 2015, ҳунарпеша дар мелодрамаи ҳаҷвии "Kiralık Aşk" нақши амаки қаҳрамони асосӣ Умарро (Бариш Ардуч) мебозад. Ин ҳикоя дар бораи як марди ҷавон ва ҷаззоб Умар аст, ки дар тиҷорати мӯд муваффақ аст... Ба хотири фоида, хешовандонаш мехоҳанд ӯро бо духтари зебое издивоҷ кунанд, ки танҳо Амрико баргаштааст. Аммо ӯ танҳо фикри зебогию худнамоиро дорад. Умар намехоҳад ба ӯ хонадор шавад. Тасодуфан ӯ бо як духтари ҷавон Дафна (Элчин Сангу), ки дар як қаҳвахона пешхизмат шуда кор мекунад, мулоқот мекунад, Оилаи духтар ба туфайли бародараш дар вазъияти мушкил қарор дорад. Барои халос шудан аз арӯси амрикоӣ Умар дар назди холааш Дафнаро мебӯсад. Холааш тасмим гирифт, ки аз ин вазъ истифода кунад ва Дафнаро барои расидан ба ҳадафи худ - ба ҷияни худ издивоҷ кунад. Соли 2019 силсилафилми телевизионии "Kuzgun" бароварда шуд, ки дар он ҳунарпеша нақши падари Дилоро бозидааст. Ҳунарпешаҳои ин силсилафилм : Бариш Ардуч, Бурҷу Бириҷик, Саттор Танроген, Хатича Аслан ва дигарон мебошанд.
Соли 2020, ба ҳунарпеша нақши асосиро дар силсилафилми ҳаҷвии тобистонаи "Ҷавононӣ ёдат ба хайр" (Gençliğim Eyvah), дар нақши Зикириё Бозоғлу пешниҳод карданд. Ҳамроҳи Чингиз Бозкурт, онҳо ду марди ҳамсояро мебозанд, ки бо ҳам рақобат мекунанд. Ҳунарпешаҳои маъруф : Бурак Тозкопаран, Элиф Доған, Экин Мерт Даймаз ва дигарон низ ҳунарнамоӣ намудаанд, ки силсилафилм дар шабакаи "atv" пахш шудааст.
Ҳаёти шахсӣ
вироишЛевент Улген бо ҳунарпешаи театр Тулай Бурса хонадор шудааст. Аммо издивоҷи онҳо дер давом накард. Онҳо соҳиби як фарзанд мебошанд.
Филмнома
вироиш- Kurşun Adres Sormaz - 1992
- Mavi Sürgün - Полис 1993
- Gelincik Tarlası - 1993
- Kurtuluş - Албай Кенон 1994
- 80. Adım - Коркут Лачин 1996
- Yılan Hikayesi - Мураккаб Қодир 1999
- Köstebek Cüneyt - Ҷунайд Верел 1999
- Tutku Çemberi - 2000
- Bizim Evin Halleri - Нусрат 2000
- En Son Babalar Duyar - Қодир 2002-2006
- Keje - Ронандаи автобус 2002
- Havada Bulut - Кабзимал Байрам 2002
- Çocuklar Duymasın - Беҳчет 2002
- Yuvadan Bir Kuş Uçtu - Иброҳим 2003
- Gelin - Верис 2003
- Hayat Apartmanı - Содиқ 2007
- Mahşer-Nabucco'nun Zehri - Алӣ Килич 2007
- Görgüsüzler - Баккаҷ 2008
- Akasya Durağı - Синон Кая 2008-2012
- Bayrampaşa: Ben Fazla Kalmayacağım - Тунҷар 2007
- Hayatın Tuzu - Шаҳсувар 2009
- Nene Hatun - Явуз Хоҷа 2010
- Devrimden Sonra - Полис 2011
- Bizim Okul - Сифирҷӣ Зиё 2013
- Arka Sokaklar - Шавқат Ҳор 2009
- Salih Kuşu - Солиҳ ва Бахтиёр 2013
- İnadına Yaşamak - Кибрислӣ
- Bizum Hoca - Камол 2014
- Roman Havası - Ҳайдар 2014-2015
- Kiralık Aşk - Наҷмӣ Ипликҷӣ 2015-2017
- Niyazi Gül Dörtnala - Ризо 2015
- Terkedilmiş - Зангин 2015
- Araf 2 - 2016
- Bir Șey Değilim - 2016
- Kızkaçıran - 2016
- Aşk Ve Gurur - Аҳмад Эсен 2017
- Her Şey Mümkün - Илёс 2017
- Hayati ve Diğerleri - Данял - 2017-2018
- Kocaman Ailem - Хулусӣ - 2018
- Kuzgun - Рифат Билгин - 2019
- Gençliğim Eyvah (Ҷавонӣ ёдат ба хайр) - Зикириё Бозоғлу - 2020
- Menajerimi Ara - Худаш - 2021