Абунаср Аҳмад ибни Насри Қубовӣ (форсӣ: ابو نصر قباوى‎; соли таваллуд ва вафот номаълум) — адиб, тарҷумон ва таърихнигори форс-тоҷик (асри 12).

Абунасри Қубовӣ
форсӣ: ابو نصر قباوى‎
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: муаррих
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома вироиш

Дар баъзе манобеъ ва асарҳои таҳқиқӣ нисбаи ин шахс Бухороӣ омадааст. Аз корҳои ба анҷом расонидаи Абунасри Қубовӣ тарҷумаи «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ мебошад. Наршахӣ ин асарро барои ҳукмрони сулолаи Сомониён Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ навишта буд. Абунасри Қубовӣ дар тарҷумааш «Таърихи Бухоро»-ро андаке ихтисор кардааст, вале дар баробари ин ба он таърихи сулолаи Қарахониён ва баъзе воқеоти таърихии то солҳои 1128—1129 дар Осиёи Миёна рӯйдодаро илова намудааст. Нусхаҳои «Таърихи Бухоро»-и тарҷумакардаи Абунасри Қубовӣ дар Шуъбаи дастнависҳои Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ, Ганҷинаи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар китобхонаҳои Тошканд, Маскав, Санкт-Петербург маҳфузанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш