Ҷон Абраҳам

Ҳунарпешаи ҳинд

Ҷон Абраҳам (ҳиндӣ: जॉन अब्राहम, англ. John Abraham; 17 декабр 1972)[1] — ҳунарпешаи синамо, продюсер ва модели ҳинд мебошад, ки дар филмҳои бо забони ҳиндӣ нақш мебозад.

Ҷон Абраҳам
англ. John Abraham
Ном ба ҳангоми таваллуд: Farhan Abraham
Таърихи таваллуд: 17 декабр 1972(1972-12-17) (51 сол)
Зодгоҳ: Мумбай, Маҳороштра, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ:  Ҳиндустон
Касб: Ҳунарпеша,Продюсер,Модел
Корнома: 1997-то ҳол
Ҷоизаҳо: Filmfare Awards
IMDb: ID 1303433
johnabraham.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Ҷон дар ш. Мумбай, Ҳиндустон таваллуд шудааст; падари ӯ Абраҳам Ҷон, меъмор буда аҳли малаялӣ[2] ва модараш Фируза Эронӣ, парс мебошанд[3]. Ӯ коллеҷи Ҷай Ҳиндаро дар дараҷаи бакалавр ва соҳаи иқтисодиёт хатм намудааст[4].

Соли 1999, ӯ дар озмуни байналмилалии мардони зебо Gladrags Manhunt Contest, сипас кишварашро дар озмуни байналмилалии Manhunt International дар Филиппин муаррифӣ намуда ҷои дуюмро ишғол кардааст. Ӯ касби моделиро аз иштирок дар клипвидеои овозхони панҷобӣ Jazzy B оғоз намудааст.

Ӯ роҳбари тими футболи «Норт-Ист Юнайтед» мебошад[5][6].

Фаъолият вироиш

Ӯ дебюти худро соли 2003 дар филми Jism иҷро намудааст, ки ӯ ҷоизаи Filmfare Awards-ро дар номзадии беҳтарин ҳунарпеша бурд намуд[7]. Ҳамҷуфти ӯро Бипаша Басу бозидааст. Мунаққидон инчунин иҷрои ӯро дар филми «Water» -и Дипа Меҳта ситоиш карданд[8].. Соли 2006 бо иштироки ӯ чор филм бароварда шуд: «Kabul Express» (бо Аршад Варсӣ), «Taxi No. 9211» (бо Нана Патекар, Самира Редӣ), «Kabhi Alvida Naa Kehna» (бо Амитабҳ Баччан, Шоҳруххон, Притӣ Зинта, Абҳишек Баччан, Ранӣ Мукҳерҷӣ, Киррон Кҳер) ва «Baabul» (бо Амитабҳ Баччан, Ҳема Малинӣ, Салмонхон, Ранӣ Мукҳерҷӣ, Ом Пурӣ, Шарат Саксена, Амон Верма), ки дутояш муваффақ гардиданд.

Соли 2012, ӯ бори аввал ҳамчун продюсер филми «Vicky Donor»-ро таҳия кардааст. Соли 2013, дар филми Shootout at Wadala бо Анил Капур, Кангана Ранаут, Тусшар Капур ва Сону Сун ҳунарнамоӣ намудааст, ки филм муваффақ шуд ва баҳои баланд гирифт. Ҳамон сол нақши Викрам Сингҳро дар филми «Madras Cafe», иҷро намуд, ки филм дар бораи сарбозе, ки ба ҷанги шаҳрвандии Шри-Ланка дахолат мекунад, нақл кардааст. Филмҳои дигари Ҷон «Rocky Handsome», мебошад, ки нақши асосиро бозидааст. Ин филм ремейки филми Кореяи Ҷанубӣ «The Man from Nowhere» буда ноком шуд. Соли 2016 филми дигари ӯ «Dishoom», бо иштироки ҳунарпешаҳо Варун Дҳаван, Жаклин Фернандес, Акшай Ханна, Паринитӣ Чопра ва дигарон рӯи навор баромадааст. Сарфи назар аз баррасиҳои манфии мунаққидон, муваффақияти тиҷоратӣ гардид. Ҳамон сол филми «Force 2», ки идамаи филми «Force» 2011 мебошад, низ муваффақ гардид. Ҳамҷуфти ӯро ҳунарпеша Сонакшӣ Синҳа бозидааст.

Филмҳои навбатии ӯ соли 2018 баромадаанд: Parmanu: The Story of Pokhran бо Диана Пентӣ ва Боман Иранӣ ва Satyameva Jayate бо Маноҷ Баҷпайӣ ва Айша Шарма. Соли 2019, ӯ дар триллерҳои Romeo Akbar Walter бо Ҷекӣ Шрофф ва Batla House бо Мрунал Тҳаккур ҳунарнамоӣ намудааст.

Продюсер вироиш

Дебюти Ҷон ҳамчун продюсер дар филми Vicky Donor (2012), буда нақшҳои асосиро Аюшман Хурроно, Анну Капур ва Ями Гаутам иҷро намуданд. Филми дуввуми ӯ Madras Cafe, мебошад ва филмро Шуҷит Сиркар коргардони намудааст. Нақшҳои асосиро худаш ва Наргис Фахрӣ иҷро намудаанд.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

 
Ҷон бо ҳамсараш Прия Рунчал соли 2012

Ҳангоми банаворгирии филми Jism соли 2002, Ҷон бо шарикаш аз филм Бипаша Басу робитаро шурӯъ намуд[9]. Онҳо то аввали соли 2011 дар муносибат буданд[10]. Ҳангоми якҷоя будан, онҳорр аксар вақт дар расонаҳои Ҳиндустон ҳамчун «Ҷуфти беҳтарин» (англ. Supercouple), ном мебурданд. Ҷон гуфта буд, «Ман ҳамеша дар бораи ҳаёти шахсии худ хомӯш будам ва хомӯшии худро идома хоҳам дод. Ин хичлатро падару модарам ба ман омӯхтаанд». Ҷуфт соли 2011, барҳам хӯрд, ки ҳоло Бипаша бо Каран Сингҳ Гровер оиладор мебошад[11].

Соли 2010 Ҷон бо Прия Рунчал, шаҳрванди ҳиндутабори амрикоӣ дар Мумбай шиносоӣ пайдо намуда, муносибати ошиқонаро оғоз намуданд. Онҳо 3 январи соли 2014 дар Лос Анҷелес издивоҷ намуданд[12].

Ҷон — атеист мебошад[13][14].

Филмнома вироиш

Ҳунарпеша вироиш

Сол Филм Нақш Шарҳҳо
2003 Jism Кабир Лал Номзади дар Filmfare Award барои Беҳтарин дебюти мардона
Saaya Акаш/ «Акки»
Paap Саркомиссар Шиван
2004 Aetbaar Арян Триведӣ
Lakeer — Forbidden Lines Саҳил
Dhoom Кабир Номзади дар Filmfare Award барои Беҳтарин намоиш дар нақши манфӣ
Madhoshi Аман
2005 Elaan Абҳиманю
Karam Ҷон
Kaal Криш Тҳапар
Viruddh Амар Патвардҳан
Water Нараян
Garam Masala Шям / Сам
Shikhar Худаш Намоиши махсус
2006 Zinda Роҳит Чопра Номзади дар Filmfare Award барои Беҳтарин намоиш дар нақши манфӣ
Taxi No. 9211 Ҷай Миттал
Kabhi Alvida Naa Kehna Ди Ҷей Намоиши махсус дар «Where’s The Party Tonight»
Baabul Раҷат Номзади дар Filmfare Award барои Беҳтарин нақши дуюмдараҷа
Kabul Express Суҳел Хон
2007 Salaam-e-Ishq: A Tribute to Love Ашутош Райна
Hattrick Худаш Намоиши махсус дар суруди «Wicket Bacha»
No Smoking Кей
Dhan Dhana Dhan Goal Саннӣ Бҳасин
2008 Dostana Кунал Чауҳан
2009 Luck by Chance Худаш Намоиши махсус
Little Zizou Арҷун Намоиши махсус
New York Самир / «Сем»
2010 Aashayein Раҳул Шарма
Jhootha Hi Sahi Сид
2011 7 Khoon Maaf Ҷиммӣ Стетсон
Mere Brother Ki Dulhan Худаш Намоиши махсус
Force Яшвардҳан Сингҳ
Desi Boyz Ник Матҳур / Шикорчӣ
2012 Housefull 2 Макс
Vicky Donor Худаш Намоиши махсус дар суруди «Rum Whisky»
2013 Race 2 Арман Малик
I, Me Aur Main Ишан Сабҳарвал
Shootout at Wadala Маня Сурве
Madras Cafe Викрам Сингҳ
2015 Welcome Back Аҷай Барсӣ / Аҷҷу Бҳай
2016 Wazir Виҷай Маллик Намоиши махсус
Rocky Handsome Кабир Аҳлават / Рокӣ / Зебо
Dishoom Кабир Шергилл
Force 2 Яшвардҳан Сингҳ
2018 Parmanu: The Story of Pokhran Ашват Райна
Satyameva Jayate Вирендра ‘Вир’ Ратҳод
2019 Romeo Akbar Walter Ромео Алӣ / Акбар Малик / Волтер Хон
Batla House Санҷай Кумар
Pagalpanti Раҷ Кишор
2020 Mumbai Saga Ганпат Рой [15]
Attack Никҳил Саҳай
Satyameva Jayate 2 Вирендра ‘Вир’ Ратҳод

Продюсер вироиш

Сол Филм Шарҳҳо
2012 Vicky Donor National Film Award for Best Popular Film Providing Wholesome Entertainment
Filmfare Award барои беҳтарин филм (номзадӣ)
2013 Madras Cafe
2016 Rocky Handsome
Force 2
2018 Parmanu: The Story of Pokhran
2018 Savita Damodar Paranjpe Филб бо забони маратҳӣ
2019 Batla House

Ҷоизаҳо вироиш

Филмҳо вироиш

Сол Филм Мукофот Натиҷа
2013 Vicky Donor National Film Awards|National Film Award барои беҳтарин филми машҳури Providing Wholesome Entertainment Баранда
Madras Cafe Asiavision Award барои иконаи сол Баранда
Vicky Donor Filmfare Award барои беҳтарин филм Номзад
2008 Dostana Star Screen Awards Баранда
2007 Baabul Filmfare Award барои беҳтарин нақши дуюмдараҷа Номзад
Zinda IIFA Awards барои беҳтарин нақши золим
Zee Cine Award барои беҳтарин ҳунарпеша дар нақши манфӣ
Baabul Bollywood Movie Award барои беҳтарин нақши дуюмдараҷа
2006 Zinda Filmfare Award барои беҳтарин намоиш дар нақши манфӣ
Garam Masala IIFA Award барои беҳтарин ҳунарпеша дар нақши дуюмдараҷа
Zinda GIFA беҳтарин золим
2005 Dhoom Filmfare Award барои беҳтарин намоиш дар нақши манфӣ
IIFA Award барои беҳтарин нақши золим Баранда
Zee Cine Award барои беҳтарин намоиш дар нақши манфӣ
Paap Stardust Awards
2004 Jism Filmfare Award барои беҳтарин дебюти мардона Номзад
Bollywood Movie Award — беҳтарин дебюти мардона Баранда
IIFA Award барои ситораи дебютии сол — Мардона Баранда

Дигар комёбиҳо вироиш

Сол Мукофот Натиҷа Шарҳҳо
2006 Rajiv Gandhi Award барои комёбии ӯ дар Болливуд Баранда [16]
2007 Giant International Awards барои саҳм дар синамои Ҳиндустон [17]
2008 Марди ҷаззоби Осиё [18]
2009 Lions Club Award [19]
2011 India’s Sexiest Bachelor by the BIG CBS PRIME [20]
2012 Most Stylish Man — GQ Awards (Ҳиндустон) [21]
2013 NDTV-Creative Entrepreneur of the Year [22]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Krishnan, Aishwarya Happy Birthday, John Abraham: 7 things to know about the Bollywood hunk!. 'india.com' (17 December 2016). 1 апрели 2017 санҷида шуд.
  2. John Abraham backs father and brother`s ‘Bombay Greenway Project’(англ.). Zee TV (6 June 2013). 23 Январ 2015 санҷида шуд.
  3. John Abraham: I have not been the greatest son to my mom(англ.). Hindustan Times (5 March 2013). 23 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2015.
  4. Lover, Movie John Abraham Latest Movies Videos Images Photos Wallpapers Songs Biography Trivia On. Gomolo.com. 13 июни 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 марти 2013.
  5. Basu, Saumyajit Stars embrace football through Indian Super League. The Times of India. 22 апрели 2014 санҷида шуд.
  6. Indian Super League sees interest from 30 franchise bidders, Business Standard (24 March 2014). Проверено 22 апрели 2014.
  7. John Abraham enters Bollywood with Jism(англ.). Times of India (003-01-10). 3 сентябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 марти 2013.
  8. Water (2005). Rotten Tomatoes. 3 сентябри 2010 санҷида шуд.
  9. Today's guys are all losers: Bipasha Basu – The Times of India. The Times of India. 5 ноябри 2015 санҷида шуд.
  10. Relationship with John over for good: Bipasha (25 July 2011). Проверено 31 Декабри 2011.
  11. It's London in spring time!, The Times of India (4 April 2007). Проверено 3 сентябри 2009.
  12. Wedding bells Kangra Mcleodganj (19 April 2012). Бойгонӣ шудааст 1 марти 2013  сол. Проверено 6 августи 2020.
  13. 10 Indian Celebs Who Are Proclaimed Atheists. MensXP.com. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
  14. My body is my religion: John Abraham. Test Sharma. CNN-IBN (July 20, 2012).
  15. Mahurat shot of #MumbaiSaga.The journey begins. A 19th June 2020 release.. T-Series. 27 августи 2019 санҷида шуд.
  16. John Abraham awarded Rajiv Gandhi Award. Nowrunning.com (21 August 2006). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 октябри 2007.
  17. John Abraham. Hindustan Times. 7 ноябри 2007 санҷида шуд.
  18. John Abraham voted sexiest Asian man. Apunkachoice.com (13 December 2008). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 Декабри 2008.
  19. Lions Club Award. Mapsofindia.com. 4 Январ 2015 санҷида шуд.
  20. John bags the title of 'India's Sexiest Bachelor', Glamsham Magazine. Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2011  сол. Проверено 16 сентябри 2011.
  21. 2012 GQ India Men of the Year. gqindia.com. 10 December 2013
  22. 11 Bollywood Actors Who Are Also Super Successful Entrepreneurs. MTV India (2 May 2014). 11 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 феврали 2018.

Иқтибосҳо вироиш