Имперотурии Усмонӣ

(Тағйири масир аз Давлати Туркҳои Усмонӣ)
Империяи Усмонӣ
دَوْلَتِ عَلِيّهٔ عُثمَانِيّه
Devlet-i Âliyye-i Osmâniyye
Империя

 

 

29 июл 1299 ва тақрибан 1300 — 17 ноябр 1922


Дирафш[d] Нишон[d]
Гимн[d]
Пойтахт Қустантиния
Забон(ҳо) забони туркии усмонӣ
Воҳиди пул Akçe[d], kuruş[d], Ottoman lira[d] ва sultani[d]
Майдон
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии мутлақ[d], подшоҳии дугона[d], подшоҳии мутлақ[d], подшоҳии дугона[d], single-party system[d], military dictatorship[d] ва подшоҳӣ
Пеш аз он:
Ба дунболи он:
Конийский султанат
Византийская империя
Сербская деспотия
Турция
Султанат Египет
Хиджаз (королевство)
Асир (эмират)
Йеменское Мутаваккилийское Королевство
Арабское Королевство Сирия
Месопотамия (мандатная территория)
Администрация Западной Армении
Понт (республика)
Британский мандат в Палестине
Усмони I, поягузори Имперотурии Усмонӣ

Барҳамхӯрии султонии Рум

вироиш

Қабилаҳои туркҳои салҷуқӣ ба ғайр аз Эрон дар Осиёи Хурд ҳам сокин шуда, давлати Cултонии Румро таъсис намуданд. Давраи нисбатан пурзӯртарини ин давлат ба асри XII рост омадааст. Султонии Рум ба зарбаҳои пасиҳами лашкаркашиҳои салибдорон тоб оварда натавоннста, тахминан дар оғози асри XIII барҳам хӯрд ва дар ҳудудҳои он 10 аморат таъсис ёфт. Баъди барҳамхӯрии Султони Рум ҳар кадоми ин аморатҳо аз лашкаркашиҳои салибдорон худро мустақилона муҳофизат мекарданд. Дар нимаи дуюми асри XIII лашкаркашиҳои салибӣ ба Шарқ хотима ёфтанд. Баъди ин аморатҳои мусулмонии туркҳои салҷуқӣ дар Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик мулкҳои салибдорони масеҳиро ба тасарруфи хеш дароварданд.

Таъсиси давлати Усмониён

вироиш

Дар асри XIII аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Хурд Қабилаҳои дигари туркӣ - оғузхо кӯчида омада, сокин шуданд. Рафти ташкилёбии Султонии Усмониён дар ҷараёни омезиши ин ду қабилаи туркӣ дар нимаи дуюми асри XIII оғоз ёфта, дар нимаи аввали асри XIV анҷом пазируфтааст. Дар таъсиси Султонии Усмониён оғузҳои бодиянишин мақоми бештар доштанд. Онҳо сарчамътар сукунат доштанд. сершумор ва аз ҷихати тайёрии ҳарбӣ муташаккилтар буданд. Аввал пешвои оғузҳо Эртогрул буд. Ӯ дар водии дарёи Сакари - дар ҳамсоягии империяи Византия мулки начандон калоне дошт. Писари Эртогрул - Усмон, ки солҳои 1282-1326 ҳукмрони кардааст, лашкари пурзӯре ташкил намуда, бар зидди Византия ҷанг оғоз кард ва дар Осиёи Хурд аксарияти мулкҳои он, аз он ҷумла, Бурсуро ҳам ишғол намуда, онро пойтахти даалати худ эълон кард. Дар баробари ҷанг бар зидди империяи Византия Усмон ба муқобили аморатҳои дигари собиқ Султонии Рум мубориза бурда, онҳоро ҳам ба давлати ташкилкардааш ҳамроҳ намуд. Обрӯю эътибори Усмон чунон баланд шуд, ки акиун тамоми туркҳоро "усмониён" ном мебурданд. "Туркҳо" ва "усмониён" як маъниро пайдо намуданд, яъне туркҳо усмонӣ ҳастанд ва усмониҳо турканд.

Лашкари Усмониён

вироиш

Лашкари туркҳо дар рафти ҷангҳои сершумор таҷрибаи калон андӯхта, бар рақибони худ мунтазам ғалаба мекард. Дар воқеъ, ин вақт давлате вуҷуд надошт, ки бар лашкари муташаккили Туркҳои Усмонӣ ғолиб омада тавонад. Лашкари Усмониён махсусан дар давраи ҳукмронии Урхон - солҳои 1326-1359, ки вориси Усмон буд, боз ҳам пурзӯртар шуд. Ин вақт лашкари туркҳо аз яничарҳо ва сипоҳиён иборат буд. Яничарҳо он аскароне буданд, ки аз ҳисоби асирон ба ҷавонони маҷбуран ба дини ислом гардонадашуда ташкил шуда буданд. Туркҳо кӯдаконро аз падару модарашон ҷудо карда, баъд ба қатори яничарҳо дохил мекунонданд. Яничарҳо яккачин буда, сипоҳиён бошанд, ҷузъу томҳои савораи артиши туркҳоро ташкил менамуданд. Лашкари сипоҳиён касбӣ буда, барои хидмат дар артиш маош ва пораи замин, яъне иқта мегирифтанд. Туркҳои Усмонӣ ба усулҳои ишғоли қалъаю қасрҳо ва шаҳрҳои истеҳкомдор диққати махсус медоданд. Дар ин кор яничарҳо ва сипоҳиён аз манҷаниқу манораҳои ишғолкунӣ васеъ истифода мебурданд. Дар охирҳои асри XIV артиши Усмониён аллакай дар ҷангҳо аз аслиҳаи оташфишон ҳам истифода мебурданд.

Истилогариҳои Усмониён дар асри XIV

вироиш

Дар асри XIV империяи Византия давраи рӯ ба таназзули худро аз сар мегузаронид. Ғайраз Византия дар Балкан давлатҳои дигарн дар ҳолати парокандагӣ қарордошта бисёр буданд. Аз ин рӯ, султонҳои Туркҳои Усмонӣ баъди дар Осиёи Хурд боз ҳам васеътар кунонидани ҳудудҳои давлаташон ба нимҷазираи Балкан низ лашкар кашиданд. Давлатҳои заифи Балкан бар зидди артиши туркҳо муқобилияти сахт нишон дода наметавонистанд. Ин буд, ки шаҳри Галлиполи воқеъ дар соҳили гулӯгоҳи Дарданелро ишғол намуда, ба Фракия зада даромаданд. Ба Султон Урхон лозим омад, ки ба Фракия боз як маротибаи дигар лашкар кашад. Танҳо ба султони оянда - Муроди I муяссар шуд, ки Фракия ва шаҳри асосии он Адрианополро ишғол намояд.

Туркҳо лашкаркашии худро дар нимҷазираи Балкан давом доданд. Муҳорибаи калонтарин дар ин ҷо 15 июни соли 1389 дар майдони Косовои Сербияи Ҷанубӣ ба амал омад. Фармондеҳи лашкари Туркия Муроди I бо лашкари 80-ҳазорнафараи шоҳи Сербия - Лазар рӯ ба рӯ шуд. Як ватандӯсти серб ба хаймаи султони туркҳо роҳ ёфта, Муроди 1-ро қатл мекунад. Вале ин сӯиқасд аҳволи лашкари сербҳоро беҳтар накард. Писари Муроди I - Боязиди ҷавон султони нави Туркҳои Усмонӣ шуд. Боязид ба лашкарҳои Лазар шикаст дода, худи ӯро барои кушта шудани падараш ҳамчун қассос қатл кард. Дар натиҷаи ин ғалаба қисми зиёди Сербия ба Туркия ҳамроҳ карда шуд.

Султонии Туркия дар нимаи аввали асри XV

вироиш

Ба васеъшавии ҳудудҳои Султонии Туркҳои Усмонӣ Темур халал расонд. Ӯ дар Осиёи Марказӣ давлати бузург ташкил намуда ва баъд ба Эрону давлатҳои Шарқи Наздик лашкар кашида, онҳоро забт кард. Темур бо артиши қудратманди худ ба Осиёи Хурд зада даромад. Аз ҷиҳати шумораи лашкар ва таҷрибаи ҷангӣ султони Туркия Боязид аз Темур ҳеч монданӣ надошт. Лашкари Боязид 120-ҳазор нафарро ташкил медод. Дар арафаи муҳориба як қисми амирҳои Осиёи Хурд ба султон хиёнат карда, ба тарафи Темур гузаштанд. Муҳорибаи ҳалкунандаи лашкари Темур ва Боязид 28 июли соли 1402 дар наздикии Анқара ба амал омад, ки дар он туркҳо торумор карда шуда, худи Боязид асир афтод. Бо фармони Темур ӯро ба қафаси оҳанин андохтанд. Баъди чанде Султон Боязид дар асорати Темур вафот кард. Вале Темур Султонии Туркҳои Усмониро барҳам надод. Бо самти Ғарб лашкаркашии худро давом ҳам надода, ба Самарқанд баргашт. Баъд аз шикаст дар Анкара мубориза барои тоҷу тахти Султонии Туркия тезу туид шуда, ба залухӯрдҳои мусаллахона табднл ёфт. Аз ҳамин сабаб дар Султонии Туркҳои Усмонӣ нн мудцати дуру дароз ҳокимияти ягонаи марказӣ вуҷуд надоигг. Яке аз Усмониён, ки Муроди II ном дошт, ниҳоят рақибони худро мағлуб карда, ба тахти Султонии Туркия менишинад. Ӯ ҳамон лаҳза ҷанги зидди Византияро оғоз карда, Солунро аз Византия кашида мегирад. Баъд аз ин ҳудудҳои Византия танҳо аз шаҳри Константинопол ва маҳалҳои гирду атрофи он иборат буд. Барои расониданн ёрӣ ба императори Византия калисои ғарбӣ (католикӣ) ва шарқӣ (православӣ)-и дини масеҳӣ дар зери роҳбарии Папаи Рум иттифоқҳои (уния) бастанд. Соли 1444 ин иттифоқ бар зидди туркҳо лашкаркашии нави салибдоронро оғоз намуд. Дар муҳорибаи назди Варнай 10 ноябри ҳамон сол салибдорон сахт шикаст хӯрда, ақиб баргаштанд.

Ишғоли Константинопол

вироиш

Императори охирини Византия Константини XI буд. Фармондеҳи лашкари туркҳо шоҳи нав Султон Муҳаммад ё Маҳмади II барои ишғоли Константинопол камар баст. Таносуби қувваҳо ба куллӣ ба фоидаи султон буд. Византиягихо ҳамагӣ 10 ҳазор нафар ва туркҳо бештар аз 200 ҳазор нафар аскар доштанд, ки 15 ҳаэор нафари онҳо яничарҳои яккачин буданд. Шаҳри Константинопол ҳаматарафа мустаҳкам карда шуда буд. Византиятиҳо пеши роҳн флоти туркҳоро занҷирбанд карда буданд. Аз ин рӯ, туркҳо барои ба шаҳри Константинопол ворид шудан танҳо як илоҷдоштанд. Онҳо аз тариқи хушкӣ "роҳ"-ро ба воситаи равғанмолӣ лағжонак карда, аз болои он киштиҳоро кашида бурда, ба об сар дода метавонистанд. Ин корро туркҳо бомуваффақият иҷро карда, киштиҳои худро вориди шоҳи Тилоӣ карданд. Ҳамин тариқ, артиш ва флоти туркҳо шаҳри Константинополро муҳосира кард, ки он ду моҳ идома ёфт. Византиягиҳо тамоми имкониятҳояшонро истифода бурданд, вале шаҳри худро аз муҳосираи лашкарҳои туркҳо наҷот додалату кӯб кардаии туркҳо. натавонистанд ва ночор 29 майи соли 1453 таслим шуданд. Бисер ҷойҳои шаҳри Константинопол аз тарафи голибон талаю тороҷ карда шуданд. Вале Муҳаммади II нагузошт, ки аскарҳояш биноҳои шаҳрро ба хок яксон кунанд. Ибодатгоҳи машҳури масеҳии Софияи Муқаддас аз вайронкор эмин монд. Бо амри Муҳаммади II ин калисо бо номи "Оя Суфия" ба масҷиди асосии ҷомеъи султонӣ табдил дода шуд. Шаҳри Константинопол номи Истамбулро гирифт. Акнун султонҳои Усмониён Султонии Туркиярю аз пойтахти нав - Истамбул идора мекарданд.

Султонии Туркияи Усмонӣ дар асри XVI

вироиш

Забткориҳои туркҳо дар замони ҳукмронии набераи Муҳаммади II — Салими I аз нав оғоз ёфтанд. Баъди ҷанги фотеҳонаи зидди Эрон Сулон Салими I Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Доғистон ва Курдистонро ба даст даровард. Аз ҳамин вақт сар карда Салими I сохиби унвони халифаи тамоми мусалмонон мегардад.

Давраи нисбатан пуриқтидортарнни Султонии Туркияи Усмонӣ ба замони ҳукмронии Султон Сулаймони I рост омадааст. Ӯ чун усмонҳои дигар борхо ба давлатҳои гуногун лашкар кашидааст. Вале бармегардем ба лашкаркашиҳои зафармандонаи Салими I. Ӯ Белград ва Родосро ишғол намуда, баъд дар Монач лашкарҳои мутгаҳидаи Чехияю Маҷористонро торумор кард. Дар натиҷаи ин қисми зиёди Маҷористон, Валахия ва Молдавия тобеъи Имперотурии Усмонӣ шуданд. Султон Сулаймони I кӯшиши гирифтани Венаро (Австрия) кард, вале аз уҳдаи ин кор баромада натавонист. Баъд аз ин самти лашкаркашиашро тағйир дода, Байнаннаҳрайнро ишғол намуда, ба забти Африқои Шимолӣ оғоз кард. Дере нагузашта Триполи ва Алҷазоирро ба даст даровард. Дар замони ҳукмронии Сулаймони I Арабистон ҳам ба ҳудудҳои Султонии Туркияи Усмонӣ дохил карда шуд.

Дар асри XVI Имперотурии Усмонӣ қариб ҳамаи мулкҳои собиқи Византия ва Хилофати Арабро дар бар мегирифт.[2]

Пайвандҳои беруна

вироиш