Даҳана (деҳа, н. Кӯлоб)
Даҳана — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳана, ноҳияи Кӯлоб. Аз Даҳана то маркази ноҳия (ш. Кӯлоб) 20 км роҳ. Аҳолиаш — 1419 нафар (с. 2017), тоҷикон.
Деҳа | |
---|---|
![]() | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯлоб |
Ҷамоат | Деҳоти Даҳана |
Координатаҳо | 38°03′36″ с. ш. 69°51′51″ в. д.HGЯO |
Таъсис | 1954 |
Деҳа аз | 1938 |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1419 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон, ӯзбекҳо, қазоқҳо, укроинҳо |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Номи қавмӣ | даҳанагӣ, даҳанагиҳо |
Коди телефон | +992 3322 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
ҶойгоҳВироиш
Даҳана дар соҳили наҳри Даҳана, 202 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷойгир буда, маркази маъмурии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, дар вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шимол бо деҳаи Сафар Амиршоев, дар ғарб бо деҳаҳои Баҳористон, Сарёзии боло, дар ҷануб бо деҳаи Гулрез ва дар шарқ бо деҳаи Пистамазор дар ҳамсоягӣ қарор дорад.
НақлиётВироиш
Даҳана дар қитъаи роҳи ҷанубии «РҶ034» ҷойгир шудааст ва аз ин ҷо то фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 12 км, то маркази ноҳия, шаҳри Кӯлоб 20 км, то маркази вилоят, шаҳри Бохтар 174 км ва то пойтахт, шаҳри Душанбе 202 км роҳ мавҷуд аст.
БахшбандӣВироиш
Сарвари деҳаи Даҳана, Раиси ҷамоати деҳоти Даҳана мебошад, ки ӯро Ҷамоат бо пешниҳоди Раиси шаҳри Кӯлоб, ба муҳлати 5 сол интихоб менамояд. Ҳоло сарварии Даҳанаро Раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана ва Раиси маҳаллаи Даҳана ба уҳда доранд.
Номи мавзеъВироиш
Даҳана — аз форс. "دهانه" ва тоҷик. "Даҳана" гирифта шуда, ин ҷо ба маънои "даҳанаи кӯҳ" омадааст. Вобаста ба мавқеъи ҷуғрофиаш, ки дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад, ба ин деҳа чунин номгузори кардаанд.
ИқлимВироиш
Иқлими деҳаи Даҳана хушкӣ буда, гармии миёнаи ҳаво дар фасли тобистон +18 °C ва дар зимистон хунукии ҳаво −9 °C мерасад. Бо сабаби дар даҳонаи кӯҳ ҷой доштан, ин ҷо шамол бештар мевазад. Дар зимистон наҳри Даҳана ях баста, то андозае ҳавзаи обаш кам мегардад ва дар тобистон хушк мешавад. Баъзан солҳо, бо сабаби боронҳои зиёд дар кӯҳсорон, маҷрои наҳри Даҳана сел мешавад.
ТабиатВироиш
Дар кӯҳсори Даҳана гулҳои наврӯзи, лолаи даштӣ, сияҳгӯш ва як чанд навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Дар баландкӯҳҳо ҷайра, мор, гунҷишки пашшахӯраки думзард (лот. Muscicapa ruficauda), шоҳин (лот. Falco pelegrinoides ), абобил (лот. Apus affinis), ришкалон (лот. Gypaetus barbatus), морхӯр (лот. Circaetus gallicus)[1] [2] ва кабк мавҷуд аст, ки аз сабаби шикори зиёд шумораашон кам шудаанд. Дар ҳамвориҳо бештар пахта, ғалла, помидор, ҷуворимакка, ангур, хурмо, тут ва ҳама зироатҳо ва меваҳое, ки дар Тоҷикистон мерӯянд ин ҷо кишт ва парвариш карда мешаванд. Заминҳо аз наҳри Даҳана ва дарёи Яхсу обёри мешаванд. Даҳана бо таъмини маҳсулотҳои хӯроквории соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб, яке аз фаолон ба ҳисоб меравад.
ТаърихВироиш
Даҳана ба минтақаи Кӯлоби бостонӣ дохил мешавад ва таърихи ин минтақа дар асарҳои бостоншиносон ва таърихнигорон Юсуфшо Ёқубов ва О. Нуриддинов дарҷ гардидааст. Аввалҳои асри XIX ин ҷо одамон зиндагӣ мекарданд, дар соли 1938 деҳаи Даҳана дашти қамишзор ва санглох буд. Бо қарори Ҳукумати Шӯравӣ, соли 1954 одамонро аз маҳаллаҳои Дашти Ҷум, Балҷувон ва Ховалинг ба Даҳана мекӯчонанд, хоҷагии ба номи Сафар Амиршоев ташкил ёфта, деҳаи Даҳана обод шуд.
Аз адабиётҳои таърихи:Вироиш
«Дар бораи таъғиротҳо дар сохти маъмурӣ — территориявии РСС Тоҷикистон. Указ аз 04.01.1963 с. (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, № 2). Бо мақсади боз ҳам такмил додани роҳбарӣ ба хоҷагии халқ, беҳтар намудани хидматрасонӣ ба аҳолии шаҳр ва қишлоқ, мувофиқи қарори Пленуми ноябрии соли 1962 КМ КПСС Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қарор мекунад: Аз ҳайати райони Восеъ, Совети қишлоқи Даҳана ба тобеи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дохил карда шавад. Дар бораи даровардани баъзе тағирот ба тақсимоти маъмурӣ — территориявии РСС Тоҷикистон. Указ аз 06.01.1965, (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, № 2) Дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон райони Кӯлоб ташкил карда шуда, ба ҳайати он Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шавад ва Совети қишлоқи Даҳана аз тобеияти райони Восеъ бароварда шавад. Дар бораи барҳам додани баъзе Советҳои қишлоқии вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон. Укази аз 28.07.1954 (Протоколи № 44, § 45) Совети қишлоқи Зиракӣ барҳам дода шавад ва территорияи он ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шавад.»[1]
Санаҳои таърихӣВироиш
- 28.07.1954 — Дар вилояти Кӯлоб, ҳудуди Совети қишлоқи Зиракӣ ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шуд.
- 04.01.1963 — Совети қишлоқи Даҳанаи ноҳияи Восеъ, тобеи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дохил карда шуд.
- 06.01.1965 — Совети қишлоқи Даҳана, аз тобеияти ноҳияи Восеъ бароварда шуда ба тобеияти шаҳри Кӯлоб дода шуд.
МаорифВироиш
- муассисаи таҳсилоти то мактабӣ № 5;
- литсейи касбӣ — техникии саноати кишоварзӣ (пештар: Омӯзишгоҳи касбӣ — техникии № 22);
- мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 16 (пештар: мактаби миёнаи № 16 ба номи А. С. Макаренко) Хатмкардагони маъруф: Султон Наврӯзов, Ҷиёнхон Ризоев, Абдулвоҳидов Саттор, Рустам Дулоев...);
- мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 34.
ХизматрасониҳоВироиш
Зеристгоҳи барқӣ, китобхона, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, Идораи маъмурияти Ҷамоати деҳоти Даҳана, маркази саломатӣ, дорухонаҳо, хонаи фарҳанг, толори варзишӣ, филиалҳои Амонатбонк, Агроинвестбонк, бозори фурӯши молҳои ниёзи мардум, бозори фурӯши ҳайвонот, мағозаҳо, ошхонаҳо, осёбҳои барқӣ, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, коргоҳҳои хурди нонпазӣ, хиштбарорӣ, коркарди чӯб, кафшергарӣ, таъмири техникӣ, масҷиди ҷомеъ.
ДемографияВироиш
Ин ҷо намояндагони дигар халқиятҳо хеле камтар ва асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ, шеваи ҷанубӣ сухан мегӯянд, шуғли асосиашон кишоварзӣ, чорводорӣ ва савдогарӣ ба ҳисоб меравад. Даҳана зодгоҳи файласуф Абдулвоҳидов Саттор буда, олими соҳаи фалсафа Султон Наврӯзов мактаби миёнаи №16 ҳамин деҳаро соли 1957 хатм намудааст.
Шумораи аҳолии деҳаи Даҳана мувофиқи баруйхатгирии аҳолӣ давоми солҳо:
- Соли 2017 аз 1419 нафар;
- Соли 2010 аз 1493 нафар;
- Соли 1987 бошад аз 851 нафар иборат буд.
АдабиётВироиш
- Энсиклопедияи миллии тоҷик ҷилди 5, Душанбе — 2017, саҳифаи 388.
- Кӯлоб, Энсиклопедия, Душанбе —
2006, саҳифаи 170.
- Энсиклопедияи советии тоҷик, Душанбе — 1980, ҷилди 2, саҳифаи 245.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон, Душанбе-2013.
ПайвандҳоВироиш
ҲаволаҳоВироиш
- ↑ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами ноботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — 2-е изд. — Душанбе : Дониш, 2015. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.
- ↑ Конвенция о биологическом разнообразии : Пятый национальный доклад Республики Таджикистан о сохранении биологического разнообразия. — Душанбе : UNEP, 2014. — 154 с.