Байтулҳикма

китобхона
(Тағйири масир аз Дорулҳикмаи Бағдод)

Байтулҳикма (ар. بيت الحكمة‎‎) — маркази бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва таълимии дар аҳди салтанати хилофати Аббосиён асрҳои 8-11 дар Бағдод.

Донишмандон дар китобхонаи Бағдод. Хилофати Аббосиён.

Таърих

вироиш

Бунёди бинои Байтулҳикма дар оғози хилофати Аббосиён бо ҷамъ овардани китобҳое, ки Абуҷаъфари Мансур шурӯъ карда буд, ниҳода шуд. Хулафои баъдӣ, бахусус, Ҳорунаррашид теъдоди китобҳоро барои китобхона афзунтар гардониданд, вале авҷи фаъолияти ин китобхона (Хизонату-л- ҳикмат) дар давраи Маъмун буд.

Хонадони эронитабори Бармакиён дар таъсиси Байтулҳикма ва фаъолияти минбаъдаи он нақши муассир доштанд. Байтулҳикма ба ғайри китобхонаи ғанӣ ва мурассаъ, расадхона ва марказе барои таълиф, тарҷумаву таснифу истинсох ва тадрису таълим ва баҳсу мунозара ҳам дошт. Бидуни ин дар Байтулҳикма котибону саҳҳофон ва наққошону музаҳҳибон низ фаъолият доштанд. Бо таваҷуҳ ва ибтикори бевоситаи хулафо, бахусус Маъмун, китобҳои фаровоне аз осори юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ, сурёнӣ, портӣ, оромӣ, санскрит ва форсии миёна (паҳлавӣ) дар Байтулҳикма гирд оварда шудаанд ва аксари онҳо ба арабӣ тарҷума шудаанд. Дар Байтулҳикма донишмандони олимақом ва тарҷумонҳои зубдаи он давр хидмат мекарданд, ки тариқи мисол метавон аз Саҳл ибни Ҳоруни Форсӣ – нахустин мудир ва раиси Байтулҳикма, Саид ибни Ҳорун бародари Саҳл Абусаҳл Фазл ибни Навбахти Форсӣ – хозину-л-китоб (китобдор), Яҳё (Юҳанно) ибни Мосавейҳ, Синд ибни Алии Яҳудӣ – раиси расадхона, Юҳаннои Битриқа файласуф – мутарҷими маъруф, Ҳанин ибни Исҳоқ, писараш Исҳоқ ибни Ҳанин ва садҳо донишманди мумтоз ном бурд. Рӯйхатте аз номи муаллифону тарҷумонҳо ва номгӯи китобҳои онҳо дар  «ал-Феҳрист»-и ибни Надим зикр шудааст.

Баъд аз хилофати Маъмун ба асоси далелҳои бисёре, аз ҷумла интиқол ёфтани маркази хилофат аз Бағдод ба Сомиро, фитнаҳои мазҳабӣ, ошӯбҳои сиёсӣ ва низомӣ дар қаламрави Аббосиён, душмании салҷуқиҳо бо муътазилиён ва ғорати Байтулҳикма сабаб шуд, ки ин муассисаи илмӣ зарари ҷуброннопазире бинад. Тибқи ривоёти маъхазҳои таърихӣ як қисми китобҳоро Ҳоҷа Насируддини Тусӣ ба расадхонаи Мароға бурдааст. Нусхаи хаттии «Китобу-л-фусун-ал-ҳарбия» («Китобу-л-ҳайл»)-и Ҳарсамии Шеъронӣ аз ёдгорҳои  китобҳои Байтулҳикма мебошад, ки ҳоло дар китобхонаи Купарилӣ дар Туркия маҳфуз аст.

Дар Байтулҳикма 8 рисолаи Афлотун, 19 рисолаи Буқрот, 38 рисолаи Ҷолинус, осори Арасту, Уклидус (Евклид), Батлимус (Птолемей) тарҷума шуданд, ки «Ал-Миҷастӣ»-и Батлимус, «Усул»-и Уқлидус, аксари осори Афлотуну Арасту роҷеъ ба фалсафа, риёзиёт, мусиқӣ, асарҳои ҳиндӣ («Сидҳинд» бо номи «Сидҳинди Кабир») ва рисолаҳои дигар аз ҷумлаи онҳоянд.

Олимон ва мутафаккирони соҳаҳои марбута барои кушодани гиреҳи осори олимони аҳди қадим ба шарҳу тафсири қисме аз онҳо пардохтанд. Дар муддати кӯтоҳе Яъқуби Киндӣ ба «Манозир»-и Уқлидус, Абулаббоси Найрезӣ ба «Ал-Миҷастӣ»-и Батлимус, Абунасри Форобӣ ба «Органон» ва «Мобаъдуттабиа» («Метафизика»)-и Арасту шарҳ навиштанд, ки ин анъана минбаъд ҳам идома пайдо кард. Олимони расадхона асбобҳои бисёри мавриди истифода дар расадхона, аз қабили устурлоб, зовияёб (сектант) ва ғ. созонданд, ки онҳо минбаъд такмил ёфта, дар расадхонаҳои гуногун қариб то замони Галилео Галилей истифода мешуданд. Расадхонаи Бистомӣ дар Шероз, расадхонаи Ҳамадон, расадхонаи Маликшоҳи Салҷуқӣ, расадхонаҳои Мароға ва Талита ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро мутафаккирони номӣ мисли Насируддини Тусӣ, Наҷмуддини Қазвинӣ, Асируддини Абҳарӣ, Кошонӣ сарварӣ мекарданд.

Баробари илми ҳайатшиносӣ олимон «саноати танҷим»-ро низ инкишоф доданд. То замони истилои араб солшумории Яздигурдӣ амал мекард. Тибқи он як сол аз 11 моҳи 30 рӯза ва як моҳи 35 рӯза иборат буд. Солшумории ҳиҷрии қамарӣ – 354 рӯзу 11 соат (10 рӯзу 21 соат камтар аз солшумории ҳиҷрии шамсӣ) буд. Бо дастури Маликшоҳи Салҷуқӣ «Тақвими маликӣ» бо иштироки ҳайъатшиносон, аз ҷумла Умари Хайём,  таҳия гардид, ки он аз соли 1079 ба расмият даромад. Баттонӣ ҳамроҳи дигар ҳайатшиносон фарзияҳои худро доир ба ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ баён карда, бо ҳашт фалаки низоми батлимусӣ фалаки ситораҳои собита – фалаки  нуҳумро илова намуд. Абулҳасани Юнис синуси якдараҷаро ҳисоб карда, тарзи муҳосибаи Батлимусиро саҳеҳтар гардонид. Писарони Ибни Шокир – Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан, ки бо номи Бану Мусо машҳуранд, ҳамроҳ бо Аҳмади Фарғонӣ, бо супориши Маъмун дарозии умумии буриши қутри Заминро бо роҳи механикӣ дар Саҳрои Санҷар бо устурлоб муайян карда, қутри кураи Заминро ёфтанд, ки он тақрибан 8 ҳазор фарсах баромад.

Абдурраҳмони Хозинӣ дар бахши механика (ҷарри исқол) ба санҷиши вазни вета (ё худ вазни хос)-и ҷисмҳо пардохтааст. Ибни Ҳайсам яке аз пурмаҳсултарин олимони табииёти соҳаи физика буд, ки беш аз 200 асар таълиф кардааст. Муҳимтарин асари ӯ «Китобу-л-манозир» ба лотинӣ тарҷума шуд ва дар Ғарб шуҳрат ёфт. Ин асар ба ташаккули назарияҳои Роҷер Бэкон, Иоганн Кеплер, Леонардо да Винчи нуфуз дошт.

Ибни Ҳайсам дар бораи инкисори нур, ҳаракати мустақими нур, шаклҳои гуногуни оина, хусусияти линзаҳои барҷаста ва фурӯхамида, кунҷи (зовияи) инъикоси онҳо, назарияи қонуни шишаҳо ва дигар матолиби физикӣ таҷрибаҳои ҷолибе анҷом дода, ба омӯзиши нури Офтобу Моҳ пардохт ва собит кард, ки дар сурати 19 дараҷаи зери уфуқ расидани Офтоб шафақ аз байн меравад.

Илми кимиё дар маркази илмии Гундишопур, ҳам дар Байтулҳикма ва марказҳои дигари хилофат мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Ҷобир ибни Ҳайён гумон мекард, ки филиззоти паст (нуқра, симоб, мис, оҳан, қалъагӣ, сурб ва ғайра) билқувва (ба таври потенсиалӣ) ба тило бадал шудан метавонанд. Дар ин замина ӯ таҷрибаҳои кимиёӣ карда, пайвастагиҳои зиёди кимиёиро кашф намуд. Усулҳои тақтир, табҳир, тақлис, тасъид ва табалвур дар ҳамин давра ба вуҷуд омаданд. Алкул (спирт), қалё (купорос), намакҳои қалёӣ, тезобҳои сӯзанда, баъзе навъҳои намаку равғанҳо ва беш аз 14 моддаи кимиёӣ кашф карда шуданд.

Абулвафои Бузҷонӣ дар 20-солагиаш ба маркази илмии Байтулҳикма омада, дар бахши ҳисоб, (арифметика), ҳандаса, (геометрия), мусалласот (тригонометрия) ва нуҷум (астрономия) таҳқиқот анҷом дод. Дар асарҳои Уқлидусу Диофантро шарҳ дода, бино ба маълумоти Ибни Надим, 11 асар таълиф кард, ки ҳоло дар китобхонаҳои Истанбулу Париж маҳфузанд. Дар «Китобу-л-миҷастӣ» ва «Дар зарурати амали ҳандаса»-и ӯ қоидаҳои ҳисоб барои ҳар гуна доира (радиус)-и дилхоҳ, муайян кардани андозаҳои кунҷии Офтобу Моҳ, фосилаву бузургии сайёраҳо ва ғ. баррасӣ шудаанд. Минбаъд Насируддини Тусӣ дар нуҷум ва риёзиёт ба чандин кашфиёт даст ёфт ва мусалласот (тригонометрия)-ро аз илми нуҷум ҷудо намуд.

Берунӣ дар «Китобу таҳдид ниҳоётии-л-амокин ли тасҳеҳи масофоти-л-масокин» («Геодезия») навишта, ки Абулвафои Бузаҷонӣ соли 977 дар Бағдод ва худаш дар Хоразм падидаи кусуфи Офтобро дидаву санҷида, натиҷаи мушоҳидаҳоро муқоиса кардааст. Ал-Фарғонӣ ва Аббос ибни Ҷавҳарӣ – намояндагони улуми риёзӣ дар Байтулҳикма ба таҳқиқи муодилаҳои дараҷаи ду, ададҳои сода, решаҳо ва ғ. пардохта муодилаҳои дараҷаи ду, се ва ғ.-ро дарёфтанд. Абдулҷалили Сиҷистонӣ дар бораи қитъаи махрут (сектори конус) ва тақсими кунҷ ба се қисмат аз буриши доира ва ҳуҷлулӣ (ҳипербола)-ҳои баробартараф кашфиёти тозае кард, ки он минбаъд бо муодилаи мукааб ифода гардид.

Асари Хоразмӣ «Ал-ҷабр ва-л-муқобала», ки ба пажӯҳишҳову тарҷумаҳои Байтулҳикма робитаи ғайримустақим дошт, ба ҳалли муодилаҳои дараҷаи ду бахшида шудааст. Китоби мазкур ба забони лотинӣ ва забонҳои дигари Ғарб бо номи «Либер Алгоризм» маълуму машҳур шуд ва номи Хоразмӣ – «Алгоризм» бештар ба маънии ҳисоб ва усули муҳосибаҳои риёзӣ ба забон меомад. Дар (ваҷҳи тасмияи Алгоритм аз ин ҷост) инкишофи минбаъдаи илми ҷуғрофиё ҳамчунин «Сурату-л-арз»-и Муҳаммади Хоразмиро мисол овардан мумкин аст. Дар ин асар роҷеъ ба ҷойи шаҳрҳо, кӯлҳо, чашмаҳо, кӯҳҳо, баҳрҳо, ҷазираҳо ва ғ. маълумоти фаровон оварда шудаанд. Дар ин асар ҳамчунин арзу тӯли 573 шаҳр, 7 иқлими замин, арзу тӯли 209 кӯҳ омадааст.

Таъсиси маркази илмӣ, фарҳангӣ ва таълимие чун Байтулҳикма ва Гундишопур дар такомули фарҳанг ва маорифи минбаъдаи исломӣ нақши муассир гузошт. Дар аҳди аввали ислом дар Басраву Куфа ва Димишқ масҷидҳоро чун мадрасаи ибтидоӣ истифода мекарданд. Дар низоми таълим тадриҷан ба ҷуз улуми динӣ сарфу наҳв ва илмҳои дигари дорои хусусиёти дунявӣ, аз қабили иншо, услуб, ҷуғрофиё, нуҷум, риёзиёт, тиб, дорушиносӣ ва ғ. дохил шуданд. Вале аввалин мадрасаи олӣ Байтулҳикма ба шумор мерафт. Хароҷоти он аз Байтулмоли хилофат таъмин мешуд. Дар он тамоми навъҳои улуми замона омӯхта мешуданд. Дастпарварони ин мактаби олӣ дар шаҳрҳои бузурги хилофат марказҳои худро ташкил медоданд. Масалан соли 1005 халифаи фотимӣ Ҳоким Биамриллоҳ дар як қисмати қалъаи Фотимиён дар Қоҳира марказе ба номи  «Дору-л-ҳикма» (ба номи «Дору-л-илм» ҳам маълум аст) таъсис дод, ки таҳти назари доъи-уд-дуот идора мешуд. Ақоиди исмоилияи фотимӣ, ки онҳоро аз давраи халифа Муъиз минбаъд ҳикмат ном ниҳода буданд, дар толорҳои ин муассиса таълим дода мешуданд. Доъиён низ дар ҳамин ҷо таълим мегирифтанд. Бисёр фақеҳони суннимазҳаб ҳам дар ҳамин марказ дарс меомӯхтанд. Байтулҳикма заминаи асосии ба вуҷуд омадани «Низомия»-ҳо ҳам гардид. Бо эҳтимоми Низомулмулк мадрасаи олии Бағдод бо сарварии Абуисҳоқи Шерозӣ бо номи «Низомия» таъсис дода шуд ва дар муддати кӯтоҳ мадрасаҳои Мустансирия, Самарқанд, Чорбоғи Исфаҳон ва ғ. ба фаъолият пардохта, ҳамчунин дар Байтулмуқаддас, Ғарнота, Андалус ва шаҳрҳои дигар низ мадориси олӣ арзи вуҷуд карданд. Барномаи таълими онҳо аз Байтулҳикма гирифта шуда буд ва бо мурури замон ба онҳо тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд.

Дастпарварони Байтулҳикма дар бахши маорифи динӣ низ ҷустуҷӯҳо доштанд. Ибни Маъмун таълимоти динӣ ва каломии муътазиларо дини  давлатии хилофат эълон карда буд ва чандин ҷамъомади мутакаллимону фақеҳон бо дастури халифа роҷеъ ба муайян кардани усулу аҳкоми дини ислом баргузор гардида буд. Дар бахши фалсафа ва тибб низ дар Байтулҳикма баррасиҳои бисёре сурат гирифта буданд. Анъанаи маркази илмии Байтулҳикма тақрибан то замони арзи вуҷуд кардани маркази илмии Улуғбек дар Самарқанд идома дошт.


Адабиёт

вироиш
  • Харезм и Мухаммад-ал-Харезми в мировой истории и культуре. Д., 1983;
  • История Востока. Т. 1. Восток в дальности. М., 2000;
  • محمد ملائری. تاریخ فرهنگ ایران. ج۲. تهران، ۱۳۷۵؛
  • ابن ندیم. الفهرست. تهران، ۱۳۸۱؛
  • سید حسین نصر. معارف اسلامی در جهان معاصر. تهران، ۱۳۷۱.

Сарчашма

вироиш