Забони сариқӯлӣ

Забони сариқӯлӣ — дар минтақаи Тошқӯрғони ноҳияи худмухтори Ӯйғуристони Чин мустаъмал аст ва ба забонҳои бартангӣ ва рошорвӣ қаробат дорад. Чунонки Т.Н Пахалина зикр кардааст, ба ин забон ҳудуди 10 ҳазор нафар аҳолии ин макон такаллум мекунанд ва се гӯиши он роиҷ аст. Теъдоде аз сарикӯлиҳо дар ноҳияи Мурғоби дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Забони қирғизӣ дар гуфтори сариқӯлиёни Мурғоб таъсири зиёде бар ҷой гузоштааст.[1]

АдабиётВироиш

  • Пахалина Т. Н. Памирские языки. — М.: Наука (ГРВЛ), 1969. — 164 с. — (Языки народов Азии и Африки).
  • Языки и этнография «Крыши мира». СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. — 112 с.
  • Payne, John, «Pamir languages» in Compendium Linguarum Iranicarum, ed. Schmitt (1989), 417—444.
  • Эдельман Д. И. Памирские языки // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: СЭ, 1990.

ЭзоҳВироиш

  1. kumitaizabon.tj/забоншиносӣ(пайванди дастнорас)