Забти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия
Забти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия — дар солҳои 1864-1895 рӯй додааст.
Вазъи давлатҳои Осиёи Миёна
вироишДар қаламрави Осиёи Миёна дар миёнаи садаи XIX се давлатдорӣ — Аморати Бухоро, хонии Хӯқанд ва хонии Хева ҳукуматдорӣ менамуданд. Ин давлатҳо дар асрҳои XVI – XIX аз ҷониби сулолаҳои узбактабори (Шайбониён, Аштархониён, Манғитҳо ва дигар бекҳои ниммустаъқили марказгурез идора карда мешудаанд. Қаламрави Осиёи Миёна садаи XIX ба арсаи доимии задухурди байни феодалон ва пешвоёни қабилаҳо мубаддал гашта буд. Вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои Осиёи Миёна дар шароити хоҷагидории қафомондаи феодалӣ қарор дошт.[1]
Империяи Русия барои қонеъ гардонидани мақсадҳои сиёсиву иқтисодии хеш азм намуд, ки Осиёи Миёнаро бо қувваи низомӣ забт намуда ба манбаъи ашёи хоми иқтисодиёти империяи Русия табдил диҳад.[2]
Тасарруфи Тошканд
вироишАмалиёти ҳарбии империяи Русия зидди хонии Хӯқанд соли 1864 аз ду самт оғоз гардида бо забти Авлиёота ва Чимкент (Шимкент) шурӯъ гардид. 17 июни соли 1865 генерали рус Черняев шаҳри Тошкандро забт кард. Моҳи сентябри соли 1865 Генерал-губернатори Оренбург бо мақсади аз нуфузи хонии Хӯқанду Аморати Бухоро озод нигоҳ доштан Тошкандро мулки мустақил эълон кард, вале он замон ҷангҳои байни Аморати Бухорову хонии Хӯқанд давом мекард. Амир Музаффар пас аз забти Хуҷанд ба сӯйи Хӯқанд ҳаракат карда, аз сарварони қӯшунҳои рус талаб намуд, ки Тошкандро ба ихтиёри ӯ монда, худ аз шаҳр баромада раванд. Ҳукумати подшоҳии империяи Русия бинобар ин талаби амир Музаффар октябри соли 1865 ба таври расмӣ Тошкандро ба ҳайати империяи Русия дохил кард.[3]
Зиддияти Русия ва Аморати Бухоро
вироишАввалин муҳорибаи Русия ва Аморати Бухоро барои Ҷиззах буд, ки он истеҳкоми мустаҳками мулки Бухоро ба ҳисоб мерафт. Омодагии амир Музаффар ҳанӯз ба ҷанг давом дошт, ки теъдоди нисбатан хурди қӯшунҳои рус иборат аз 14 ротаи пиёдагард, 600 нафар казакҳо ва 16 адад тӯп январи соли 1866 бо роҳбарии генерал Черняев ба Ҷиззах расиданд. Дар натиҷа, дар Ҷиззах ва атрофи он муҳорибаҳои шадид ба вуқӯъ омада, нафарони бисёре куштаву захмӣ гаштанд. Дар ин муҳориба муҳофизони қалъа бо сарварии Ҷиянхоҷа тӯқсабо мардонагӣ нишон доданд. Онҳо аз қалъа баромада, дар майдон бо сарбозони рус ҷангиданд ва русҳо маҷбур шуданд рӯ ба гурез ниҳанд. Ғалаба дар ҷанги якуми Ҷиззах бухориёнро хеле рӯҳбаланд кард. Амир Музаффар бо мақсади идомаи ғалаба бо қувваи бисёр дар Ҷиззах ҳозир шуда, дар мавзеи Сассиқкӯл маскан гирифт. Аз ин ҷо як қисми сарбозони амир ба сӯйи Чирчиқ, қисми дигар ба сӯйи қалъаи Чордара фиристода шуданд. 8 майи соли 1866 дар Майдаюлғун ё худ Эрҷор (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) байни қӯшунҳои рус бо роҳбарии генерал Д.И. Романовский ва Аморати Бухоро ҷангҳои шадид ба вуҷуд омаданд, ки бо ғалабаи русҳо анҷом ёфт. Амир Музаффар бо наздиконаш аз майдони ҷанг ба ҷониби Самарқанд гурехт. Барои қӯшунҳои рус баъди ин ғалаба роҳ ба сӯйи Хуҷанд кушода шуд. Шаби 19 ба 20 майи соли 1866 онҳо ба Хуҷанд наздик шуда, аз 18 тӯп ва 8 мортир шаҳрро тирборон карданд. Пагоҳии 21 май муҳосираи шаҳр оғоз ёфт, вале бо сабаби муқобилияти сахти муҳофизони шаҳр русҳо ба шаҳр дохил шуда натавонистанд. Сипас русҳо шаҳрро се шабонарӯзи дигар мунтазам тирборон намуда, 24 майи соли 1866 онро ишғол намуданд. Дар ин ҷанг 2,5 ҳазор нафар муҳофизони шаҳр ба ҳалокат расиданд. 28 майи соли 1866 Нов аз ҷониби қӯшунҳои рус забт гардид. Пас аз ин ҷангҳо ва забти Хуҷанду Нов сарфармондеҳи қӯшунҳои рус умед дошт, ки амири Бухоро аз ҷангҳои нав даст кашида, худро мағлуб меҳисобад, аммо чунин нашуд ва амир Музаффар ба ҷангҳои нав тайёрӣ медид. Русҳо аз ин воқиф гашта, амалиёти забткоронаи худро давом доданд, 1 октябри с.1866 русҳо Ӯротеппаро муҳосира ва 2 октябр онро забт карданд. Талафоти ҷонии муҳофизони шаҳр хеле бузург буд. 11 октябри соли 1866 аз ҷониби қӯшунҳои рус муҳосираи нави Ҷиззах оғоз шуд. Шумораи муҳофизони қалъа тақрибан то 10 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин сабаб барои қалъа 7 рӯз ҷангҳои шадид давом кард. Русҳо пеши обро баста, муҳофизонро аз таъминоти об маҳрум карданд. Ниҳоят, 18 октябри соли 1866 қалъаи вайронаи Ҷиззах бо бештар аз 2,5 ҳазор қурбоншудагон ва маҷрӯҳони бисёр насиби русҳо шуд. Пас аз мағлубияти Ҷиззах қувваҳои зиддирусӣ дар Янгиқӯрғон ҷамъ шуданд, ки дар байни онҳо на танҳо сарбозони амир, балки отрядҳои собиқ бекҳои Ӯротеппа, Ҷиззах, дастаи туркманҳо, афғонҳо низ буданд. Вале дар муҳорибаи Янгиқӯрғон қӯшунҳои рус бо сарварии генерал А.К. Абрамов ғалаба карданд.[4]
Генерал-губернатории Туркистон
вироишСоли 1867 аз ҳисоби мулкҳои забтшудаи хонии Хӯқанд ва Аморати Бухоро ҳукуматдорони рус, генерал-губернатории Туркистонро таъсис дода, ба сарварии он генерал-адъютант К.П. Кауфманро таъйин карданд. Мулкҳои забтшудаи Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа, Ҷиззах ва ғайра акнун ба вилояти Сирдарёи ҳамин генерал-губернатории Туркистон шомил мешуданд. Мақсади Кауфман идомаи амалиёти забткорона ва таслим намудани Аморати Бухоро буд. Дар ин вақт вазъи дохилии Самарқанд ноором ва мураккаб буд, ки диққати русҳоро ба худ ҷалб кард. 1 майи соли 1868 дар баландии Чӯпонатои наздикии Самарқанд муҳорибаи шадид байни қӯшунҳои рус ва Аморати Бухоро ба вуқӯъ омад. Шумораи артиши Аморати Бухоро назар ба русҳо зиёд бошад ҳам (аз рӯйи баъзе маълумотҳо тақрибан 100 ҳазор нафар), аммо аз ҷиҳати таҷрибаи ҳарбӣ ва аслиҳа касод буданд. Дар натиҷа, ин муҳориба ҳам боиси мағлубият ва талафоти калони артиши Аморати Бухоро гардид. Мағлубият дар муҳорибаи Чӯпонато тақдири Самарқандро ҳал кард. Аҳолии шаҳр бо сарварони худ пагоҳии 2 майи соли 1868 дарвозаи шаҳрро ба рӯйи русҳо кушоданд. 3 май ин хабар ба Амир Музаффар расид ва ӯ аз хашм қосидро қатл кард. Дар чунин вазъият гуфтушуниди намояндагии Русия ва Аморати Бухоро оид ба масъалаи тиҷорат идома дошта, 11 майи соли 1868 бо имзои шартномаи иборат аз шаш банд анҷом ёфт. Мувофиқи он дар қаламрави Аморати Бухоро ба тоҷирони рус имконияти васеъ барои тиҷорат дода мешуд. Имзои шартномаи тиҷоратӣ идомаи ҷанги Русия ва Аморати Бухороро монеъ нашуд. Артиши рус 12 май Ургут ва 18 май Каттақӯрғонро ишғол кард. Муҳорибаҳо нишон доданд, ки қӯшунҳои Аморати Бухоро ба қӯшунҳои рус муқобилият нишон дода наметавонанд. Амир Музаффар чунин вазъиятро эҳсос намуда, ба имзои шартномаи пешниҳодкардаи Кауфман розӣ шуд. Лекин дар Аморати Бухоро бисёриҳо ба имзои чунин шартнома зид буданд ва аз амир талаб мекарданд, ки ҷангро бо русҳо давом диҳад. Амир Музаффар ноилоҷ ҳамаи қувваҳояшро дар наздикии Зирабулоқ ҷамъ намуд. 2 июни соли 1868 дар ин мавзеъ муҳорибаи сахттарин ва охирини Аморати Бухоро бо Россия ба вуқӯъ омад. Қӯшунҳои амир бештар аз 1500 нафарро талаф дода мағлуб шуданд. Қӯшунҳои рус пас аз ғалаба дар Зирабулоқ боз ба Самарқанд баргаштанд, зеро он ҷо ҳанӯз 1 июни соли 1868 шӯриши зиддирусҳо ба амал омада буд. Шӯришгарон шаҳрро ба даст дароварда, намояндагони Русия ва тарафдорони онҳоро қатл карданд. Ба онҳо ҳокимони Китоб ва Шаҳрисабз ҳамроҳ шуданд. Қӯшунҳои рус ба шаҳр ҳуҷум карданд. Шӯришгарон 7 рӯз ба қӯшунҳои рус муқобилияти сахт нишон доданд. 8 июни соли 1868 шӯриши Самарқанд бо ваҳшоният пахш карда шуд. Пас аз ин ҳодисаҳо амир Музаффар намояндаи худро барои имзои шартнома ба Самарқанд фиристод. [5]
Шартномаи Русия бо аморат
вироиш23 июни соли 1868 шартномаи байни Русия ва Аморати Бухоро имзо шуд, ки мувофиқи он Аморати Бухоро вазифадор шуд аз заминҳои русҳо забтнамуда (бо шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, Самарқанд, Каттақӯрғон) ба фоидаи Русия даст кашад; ба Русия 125 ҳазор тангаи тило (500 ҳазор рубли русӣ) товони ҷанг диҳад, дар ҳудуди Аморати Бухоро хатти телеграф гузаронад; ба тоҷирони Русия ҳуқуқи озодона савдо карданро диҳад; дар Амударё ба киштигардии Русия мамоният накунад; ғуломдориро дар ҳудуди худ манъ намояд ва ғайра. Боз мувофиқи он амир бо дигар давлатҳо мустақилона муносибат карда наметавонист. Ин шартнома пас аз имзои тарафайн барои тасдиқ ба подшоҳи Русия Александри II фиристода шуд, лекин подшоҳ бо сабабҳои сиёсиву иқтисодӣ онро тасдиқ накард.[6] >
Исёни Абдумаликтӯра
вироишПас аз имзои шартнома вазъият дар Аморати Бухоро боз ҳам мураккаб гардид. Ашхоси норозӣ дар атрофи писари калони амир Музаффар – Абдумаликтӯра (Каттатӯра) дар Қаршӣ ҷамъ шуда ӯро амир эълон карданд. Ба онҳо ҳокимони Китобу Шаҳрисабз низ бо дастаҳои худ ҳамроҳ шуданд. Амир Музаффар барои ёрӣ ба Русия муроҷиат намуд. Ҳукумати Россия манфиатҳои худро ба назар гирифта ба таклифи Музаффар розӣ шуд ва барои пахш намудани шӯриш генерал А.К. Абрамовро фиристод. 27 октябри с.1870 Қаршӣ аз ҷониби қӯшуни русҳо забт шуда, қисми қӯшун шаҳрҳои Шаҳрисабзу Китобро низ гирифта ба Аморати Бухоро баргардонданд.[7]
Забти мулкҳои Кӯҳистон
вироишБаҳори с. 1870 ҳукумати Русия барои тобеъ намудани мулкҳои ниммустақили болооби Зарафшон (Кӯҳистон) экспедитсия ташкил намуд. Қӯшуни рус бо сарварии генерал А.К. Абрамов дар ин мавзеъ ҷангҳои шадид намуда, дар охир онҳоро забт карданд. Аз ҳисоби мулкҳои забтшуда «Туманҳои Кӯҳистон» ташкил ва музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд. 28 сентябри соли 1873 дар Шаҳрисабз байни Русия ва Аморати Бухоро шартномаи нав имзо шуд, ки бо номи «шартномаи дӯстӣ» машҳур гашта, аз 18 банд иборат буд. Ин шартнома аз тарафи подшоҳи Русия тасдиқ гардида ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии байни Аморати Бухоро ва Русия то с.1917 амал мекард.[8]
Табиист, ки ба ҳайати Русия дохил шудани Вароруд баъзе паҳлуҳои мусбат ҳам дошт. Аввалан, низоъу ҷангҳои байниқабилавие, ки аз он мардуми бумию заҳматкаш осеб медиданд, барҳам хӯрд. Сониян, дар шаҳру музофотҳое, ки дар тасарруфи русҳо қарор доштанд, ғуломдорӣ ва хариду фурӯши ғуломон қатъиян манъ карда шуд.
Адабиёт
вироиш- Искандаров Б. Аморати Бухоро, ЭСТ, ҷ. 1. - Душанбе, 1978;
- Исмоилова Б. История Бухарского эмирата. - Худжанд, 2005;
- Ғафуров Б. Тоҷикон, ҷ. 2. - Душанбе, 1985;
- Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе, 2011
Манобеъ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 126-128
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 126-128
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 126-128
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 126-128
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 126-128
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 126-128
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 126-128
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 126-128