Заминшиносии Тоҷикистон
Заминшиносии Тоҷикистон — сохтори заминшиносии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳиябандии заминсохтӣ
вироишДар ин сарзамин ду плитаи азими тектоникии Замин — Авруосиё аз шимол ва Гондвана аз ҷануб ба ҳам бархӯрдаанд. Ин бархӯрд тӯли 200 млн соли охир идома дорад ва дар айни замон дар шакли ду низом (система)-и азими кӯҳии Осиё — Тиёншон (дар шимол) ва Помир (дар қисми ҷанубу шарқӣ) ифода ёфтаанд[1].
Заминшиносии сарзамини Тоҷикистон то солҳои 60-70 асри 20 аз нигоҳи консепсияи асосии заминшинохтии маъмулу ҳукмрон — фиксизм, ки танҳо ҳаракатҳои амудиро асоси таҳаввули сохтори заминшиносӣ қарор дода, ҳаракатҳои уфуқиро ҳамчун раванди дуввумдараҷа мешуморид, амсилагирӣ када мешуд. Ин ақида ба таҷрибаи садсолаҳои таҳқиқи қисми хушкии Замин, ки ҳамагӣ 25%-и сатҳи онро ташкил медиҳад, асос ёфта буд. Бо густариши васеъи таҳқиқи қаъри уқёнуси ҷаҳонӣ, истифодаи усулҳои ҷадиди кимиёӣ, физикӣ ва риёзӣ дар амсиласозиҳои заминшинохтӣ тафаккури нав (консепсия) — мобилизм рӯи кор омад ва ғояҳои фиксистӣ тадриҷан аз саҳнаи илми заминшиносӣ дур шуданд, ҳарчанд ҳоло ҳам, дар миёни бархе аз муҳаққиқон — гурӯҳи заминшиносони Тоҷикистон ва Русия (мактаби Ленинград—Санкт-Петербург) пайгирӣ мешаванд.
Ҳудуди Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сохтори заминшиносӣ ба 5 ноҳияи заминшинохтӣ ноҳиябандӣ мешавад:
- Тоҷикистони Шимолӣ
- Тоҷикистони Шимоли Шарқӣ
- Тоҷикистони Марказӣ
- Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ
- Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ
Ноҳияҳои заминшинохтӣ бо хусусиятҳои ҷуғрофиёии маҳал алоқаманд буда, дар маҷмӯъ пайдарҳамии силсилаи силсилакӯҳҳои ба самти арзӣ тӯлкашида ва водиҳои фарохро ифода мекунанд. Ноҳияҳо аз якдигар бо таърихи заминшиносӣ, сохтор ва марҳалаҳои асосии таҳаввулот фарқ мекунанд.
Ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ
вироишИн мақола ниёзманди викисозӣ аст. |
Тоҷикистони Шимолӣ қисми тоҷикистонии силсилакӯҳи Чатқалу Қурамаро дар бар гирифта, аз ҷиҳати геологӣ ҷузъи сохтори Тиёншони Мобайнӣ ба ҳисоб меравад. Сарҳадди ҷанубии ноҳия шикаста (рӯйпӯш)-и азими Фарғонаи Шимолӣ ба ҳисоб меравад, ки бисёр тӯл кашида, аз ғарб ба шарқ, сарзамини Ӯзбекистону Тоҷикистонро убур карда, ба ҳудуди Қирғизистон мегузарад ва унсури азими Тиёншон — сигмоидаи Фарғонаро ташкил медиҳад. Тоҷикистони Шимолӣ аз ҷиҳати геологӣ қисми шарқии минтақаи вулкании Қизилқум-Қурамаро, ки ҷузъи азими минтақаи континенталии Авруосиё аст, ташкил медиҳад. Қишри замини ноҳия бо хусусияти бартарии ҳиссаи ҷинсҳои унсурҳои кимиёии бо гурӯҳи оҳану магний ҳамсафар аз дигар ноҳияҳои геологӣ фарқ дошта, чандон ғафс нест (38-40 км).
Таърихи инкишофи геологии ноҳияро аз замони протерозой-токембрий, аз пайдоиши қишри континенталӣ барқарор кардан мумкин аст. Дар оғози палеозой (давраи палеозойи аввал), дар давраи кембрий-ордовик минтақаи мазкур хушкии фарохро мемонд. Дар давраи ордовик — оғози силур минтақа қисми канории уқёнуси қадими Туркистон буда, дар он таҳшинҳои терригении маҳинзарра ғун шуда буданд. Дар марҳалаи анҷоми силур-девон он ба ҷазираи алоҳида мубаддал шуда, дар он вулканҳо чандин бор хуруҷ карданд. Минтақа дар миёнаи девон — давраи ангиштсанг ба канори уқёнус мубаддал шуда, дар он қабатҳои азими оҳаксангҳо ташаккул ёфтанд. Дар анҷоми палеозой — давраи триас минтақа ба марҳалаи фаъоли ташаккул фаро гирифта шуда, ба қисми ҷанубии палеоконтиненти Қазоқистон пайваст шуд. Дар қишри ин қисм, ки ҳамзамон канори шимолии уқёнуси қадими Туркистонро ташкил медод, субдуксия — ҳаракати плитаи уқёнусӣ ба зери он авҷ гирифта, сабаби хуруҷи пуршиддати вулканҳо гардид. Дар баробари густариши саросарии вулканҳо, магматизми дохилиқишрӣ — раванди азими интрузия рух дод.
Хусусияти фарқкунандаи ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ аз дигар ноҳияҳои геологии Тоҷикистон хуруҷи якҷо ва ба ҳам муртабити вулканизм ва интрузияҳо мебошад, ки барои ташаккули канданиҳои гуногун шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар давраи анҷоми мезозой-кайнозой ноҳия қисми канории аз ҷиҳати геологӣ ғайрифаъоли хушкиро, ки дар он ҷинсҳои таркиби оҳаксангдор ва зарраӣ таҳшин шуданд, ташкил медод. Ин марҳала ҳамчун замони ташаккули ҷинсҳои молассии иборат аз ҷинсҳои кӯҳии таҳшинии зарраӣ, ки бештар барои режими континенталӣ хосанд, маълум аст. Дар ин давра магматизм умуман зуҳур нашудааст.
Тоҷикистони Шимоли Шарқӣ
вироишТоҷикистони Шимоли Шарқӣ қисми тоҷикистонии ҳавзаи Фарғонаро фаро мегирад. Ноҳия саросар аз таҳшинҳои замони нав (аз 200 млн сол ҷавонтар) — мезозой ва кайнозой, ки ғафсии умумиашон зиёда аз 11 км мебошад, иборат аст. Дар канораҳои ҷанубии он ҷинсҳои кӯҳии палеозой ба рӯи замин баромадаанд, ки табиати таҳшинӣ, магмавӣ ва метаморфӣ доранд.
Ноҳия аз шимол ва ҷануб таносубан бо шикастаҳо (хамиҳо)-и тӯлонии Фарғонаи Шимолӣ ва Фарғонаи Ҷанубӣ маҳдуд мешавад. Сатҳи минтақаро ҷинсҳои давраи мезозой-кайнозой аз давраи анҷоми триас пӯшондаанд, ки таркиби онҳо саросар ҷинсҳои таҳшинии зарраӣ буда, ҷинсҳои таҳшинии кимиёӣ, ба мисли намакҳо (гач, ангидрит) низ вомехӯранд.
Ноҳия дар давраи мезозой-кайнозой режими тадриҷан фурӯхамиданро, ки барои сарҷамъии ҷинсҳои таҳшинӣ мусоидат мекард, аз сар гузаронидааст. Дар давраҳои юра, бӯр ва палеоген канораҳои ноҳия, ки бо шикастаҳои азими тектоникӣ маҳдуд буданд, пайваста, боло шуда, аз сатҳи онҳо ба минтақаи дохилӣ маводди таҳшинӣ нақл мешуд. Дар аввали давраи неоген андозаи ноҳия дар натиҷаи маҳдудияти режими таҳшинӣ торафт кам шуда, ба новаи танг мубаддал шудааст.
Пайдоиши ноҳия ба аввали давраи триас мансуб буда, дар давраҳои триасу юра ҷинсҳои терригении бокситу ангиштдор таҳшин шудаанд. Дар давраҳои табошир ва палеоген дар ҷои он халиҷи тунукоби баҳрӣ мавҷуд буд, ки дар он ҷинсҳои гачдор ҷамъ мешуданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии мусбат иқлими баҳрӣ бо иқлими хушкӣ иваз шуд. Дар ҷойҳои фурӯхамидаи минтақа қабатҳои ғафси ҷинсҳои терригенӣ (конгломерат, регсанг, алевролит, гил) ва дар кӯлобҳои хушкшуда гач, намак ва ғ. пайдо шуданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии кӯҳофарандаи марҳалаи дуввум, ки то кунун идома дорад, релйефи минтақа симои имрӯзаи худро гирифт.
Дар шарқи ноҳия қабати континенталии триасу юра воқеъ аст, ки зиёда аз 3 км ғафсӣ дорад ва бо мурури ба самти ғарб гузаштан ғафсияш то 1,4 км коҳиш меёбад. Дар давраи бӯр дар ҳавзаи Фарғона асосан ҷинсҳои кӯҳии континенталии сурхранг ва терригении рангоранг, ки барои режимҳои баҳрӣ ва лагунавӣ (шабеҳ ба толобҳои канорибаҳрӣ) хоссанд, инчунии молассаҳои гуногун паҳноии васеъ доштанд.
Давраи палеоген бо режими устувори баҳрӣ, ки ба ҷамъшавии қабати ғафси (зиёда аз 3 км) ҷинсҳои кӯҳии гил ва карбонатдор сабаб шудааст, гузаштааст. Аз замони неоген суръати ҳаракатҳои амудии қитъаи ноҳия шиддат ёфта, номунтазам гаштааст, ки ин ба пайдошавии қабати зиёда аз 3-километрии молассҳо (ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ)-и континенталӣ овардааст. Дар қисми поинии таҳшинҳои ин давра ҷинсҳои кӯҳии сурхранг, асосан гилдор, дар қисми боло — ҷинсҳои кӯҳии хокистарранги конгломератӣ ташаккул ёфтанд. Дар шимолу ғарбии ҳавзаи неоген таркиби молассаҳо якбора тағйир ёфта, дар он қабатҳои ҷинсҳои кӯҳии табиати кимиёидошта, ба мисли намаксанг ва гач (то 2 км) пайдо шудаанд. Ғафсии қабатҳои таҳшинҳои давраи бӯр 1,7 км, давраи палеоген 0,4 км мебошад. Ғафсии қабати моласса зиёда аз 4 км-ро ташкил медиҳад. Набудани ҷинсҳои зарраӣ, ба монанди конгломератҳо, дар марҳалаи ҷавонтарини геологии ноҳия далели мавҷудияти режими канорибаҳрии тунукоб мебошад.
Ташаккули чинҳои арзӣ, ҳамчунин шиддати ҳаракатҳои тектоникии давраҳои неогену антропоген сохтори хоссаи ноҳияро ташкил додаанд. Шикастаҳои нисбатан кӯтоҳ ва дорои умқи начандон зиёд ба он сабаб шуданд, ки дар ҳудуди ноҳия қитъаҳои мухтор (мустақил) пайдо шаванд: дар шимолу шарқ (пастии фарохтарини машҳур бо номи депрессияи Фарғона), дар қисми миёна ва дар ҷанубу шарқ.
Таърихи инкишофи геологии ноҳия қонуниятҳои хосси худро дорост. Дар давраҳои юра, бӯр ва палеоген пайдоиши қабатҳои ғафс дар қисми шарқии ҳавзаи Фарғона ва коҳиши батадриҷи онҳо дар қисми ғарбии он хос аст. Дар канораҳои ҳудуди ноҳия, бо сабаби ташаккули режими баҳрӣ дар шароити баландшавии батадриҷи маҷмааҳои палеозойӣ, қисми поинии буриши геологӣ маҳдуд шуда, ҷинсҳои давраи палеозой бевосита бо ҷинсҳои кӯҳии давраи палеоген рӯйпӯш шудаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикистони Шимоли Шарқӣ мутобиқ ба сохтори геологӣ, зуҳуроти нафту газ густариш ёфтааст.
Тоҷикистони Марказӣ
вироишТоҷикистони Марказӣ аз нигоҳи геологӣ қисме аз ноҳияи геосинклиналии Осиёи Марказӣ мебошад; сохти тектоникии он асосан дар натиҷаи ҳаракатҳои чиндоршавии анҷоми палеозой ба вуҷуд омада, маҷмааи муосири кӯҳсорро ҳаракатҳои ҷавони давраи алпӣ ба вуҷуд овардаанд.
Дар гузашта, дар поини эраи протерозой ва оғози эраи палеозой (640—530 млн сол қабл) сарзамини ноҳия уқёнуси бузург — Тетисро мемонд. Бо мурури таҳаввулоти геологӣ-геодинамикӣ, дар марҳалаи аввал (давраи кембрий-силур) дар уқёнус қабатҳои ҷинсҳои таҳшинии гуногунтаркиб ва дорои ғафсии гуногун пайдо шуданд. Дар давраи баъдӣ (девон) дар дохили уқёнус силсилакӯҳҳои зериобӣ ташаккул ёфтанд.
Тоҷикистони Марказӣ бо шикастаҳо (рӯпӯшҳо)-и азими Фарғонаи Ҷанубӣ, Зарафшон ва Ҳисору Қаротегин ба се минтақаи тектоникӣ тақсим мешавад: Туркистону Зарафшон, Зарафшону Ҳисор ва Ҳисори Ҷанубӣ, ки аз ҷиҳати шароити геодинамикии ташаккул аз ҳам фарқ мекунанд ва аз террейнҳои табиати гуногундошта иборатанд. Тоҷикистони Марказӣ террейни қадими Қаротегин (блоки Ғарм-ро низ дар бар мегирад, ки онро маъмулан поя (фундаменти)-и минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ меноманд. Таърихи палеозой ва қисман ибтидои мезозой рушди геологии минтақаҳои геологии Тоҷикистони Марказӣ аз якдигар куллан фарқ мекунад. Дар аввали мезозой шароити геологии минтақаҳо бо сабаби ба анҷом расидани марҳалаи уқёнусии таҳаввулот ва амалан ба як иншооти яксохти кӯҳӣ мубаддал гардидан ягона шуданд. Таърих ва шароити рушди ин марҳалаи минтақаҳо ҳамчун буда, танҳо аз рӯи миқёси зуҳури равандҳои геологӣ фарқ мекунанд. Хусусияти ин марҳала мавҷуд набудани магматизм мебошад.
Минтақаи Туркистону Зарафшон
вироишМинтақаи Туркистону Зарафшон нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Туркистон, қисми асосии нишебии шимолии он, қисми поинии нишеби шимолии силсилакӯҳи Зарафшон ва қадимтарин маҷмааҳои геологӣ — қабатҳои карбонатию терригении кембрий тамоми қисми меҳварии силсилакӯҳи Туркистонро ишғол кардаанд. Ин маҷмааҳо бо варақсангҳо (сланетсҳо)-и слюдадор, алевролитҳо, регсангҳои ордовик пӯшида шудаанд, ки дар навбати худ дар болои онҳо варақсангҳои силитсийдор, карбонатҳою гилҳо, алевролитҳо, гравелитҳо, ҷинсҳои гуногунтаркиби вулкании силури поинӣ хобидаанд. Силури болоӣ аз варақсангҳои гилӣ, алевролитҳо, регсангҳо ва баъзан оҳаксангҳо иборат аст. Маҷмааи системаи девон ҷинсҳои силитсияӣ, алевролитҳо, регсангҳо ва конгломератҳоро дар бар мегирад, ки дар қисми болоӣ бо оҳаксангҳо ва доломитҳо иваз мешаванд. Магматизми интрузияӣ дар маҷмӯъ қариб 11%-и ҳудуди минтақаро ишғол мекунад.
Минтақаи Зарафшону Ҳисор
вироишМинтақаи тектоникии Зарафшону Ҳисор бо шикасти Зарафшон аз минтақаи Туркистону Зарафшон ҷудо мешавад. Хусусияти минтақа густариши васеи ҷинсҳои метаморфӣ (аз давраи токембрий то палеозойи болоӣ) мебошад. Ба онҳо варақсангҳои Яғноб ва ҷинсҳои ба онҳо баробари блоки Ғарм дохил мешаванд. Минтақа ҳамчун баҳри канории палеоуқёнуси Туркистон рушд кардааст. Хусусиятҳои геологияи минтақа дар инкишофи васеи форматсияҳои геосинклиналии ордовику силур, ки бо молассҳои тунуки баҳрӣ (аз давраи охирини ангиштсанг то давраи перм) ва болотар бо маҷмааҳои таҳшинии субконтиненталии соҳилибаҳрӣ (триаси болоӣ — палеоген) пӯшида шудаанд. Дар марҳалаи аввали рушд (ордовики миёна ва анҷоми ордовик), таҳшинҳои маҳинзарраи кластикӣ пайдо шуда, дар баъзе маврид вулканҳои базитӣ хуруҷ мекунанд. Аз аз асри венлоки давраи силур дар натиҷаи зуҳури ҳаракатҳои амудӣ шароити таҳшиншавӣ тағйир ва қабати карбонатҳову маводди терригенӣ ташаккул меёбад. Бахусус, густариши қабатҳои ғафси доломитҳо — нишондиҳандаи мухторият (маҳдудият)-и баҳр, ки дар охири давраи силур ба амал омадааст, қобили таваҷҷуҳ аст. Минбаъд (силур-девон), тафриқаи дохилиҳавзаӣ босуръат ба вуқуъ пайваста, ташаккули қабатҳои гуногунтаркиб ва дорои сохтори мураккаб, алалхусус пайдоиши қабатҳои силитсий ба таври васеъ инкишоф меёбад. Пайдоиши таҳшинҳои баҳрӣ дар миёнаи давраи карбон аз ҳисоби коҳиши масоҳати ҳавза ва тафриқаи он қатъ мешавад, минтақа чун депрессияи алоҳида ташаккул ёфта, дар он маҷмааи молассҳо ривоҷ ёфтаанд (миёна ва анҷоми давраи ангиштсанг). Форматсияҳои тафтаӣ (магмаӣ)-и минтақаи Зарафшону Ҳисор доираи хеле васеи ҷинсҳоро аз базалтоидҳои ултраасосӣ то гранитҳои турш ва ултратурш дар бар мегирад. Онҳо дар таърихи палеозойи минтақа бо танаффусҳои мавсимӣ пайдо шуда, ҳамчун як нишондиҳандаи мавҷудияти марҳалаҳои гуногуни рушди геологӣ арзи ҳастӣ мекунанд.
Минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ
вироишМинтақаи Ҳисори Ҷанубӣ сохторест, ки бо паҳноии то 40 км (дар сатҳи буриши муосир) дар самти арзӣ ба масофаи 200 км тӯл кашидааст. Минтақа ҳавзаи хоссаи палеозойии палеоуқёнусӣ ҳисобида мешавад. Дар шимол он аз минтақаи Зарафшону Ҳисор бо шикастаи Ҳисори Шимолӣ ва дар ҷануб бо шикастаи Ҳисору Қаротегин (Ҳисору Кукшоол, Ҳисори Ҷанубӣ) аз микроконтиненти Қароқум маҳдуд мешавад. Дар шарқ, минтақа ба зери маҷмааҳои геологии мезозой-кайнозойи водии Олой фурӯхам шуда, нопадид мегардад. Хусусияти сохтори минтақа, ки онро аз минтақаҳои дигари Ҳисору Олой мутафовит мекунад, ноқис ва кам шудани ғафсии маҷмааҳои палеозойи миёна ва рушди хеле васеи вулканҳо ва гранитоидҳои палеозойи дерин мебошад. Фарқи дигари минтақа густариши саросарии ҷинсҳои вулканию таҳшиние, ки дар сохторҳои рифти замони ангиштсанг ба вуҷуд омадаанд ва гранитоидҳои аввалини ноҳияи Тоҷикистони Марказӣ мебошанд. Гранитоидҳои ноҳия майдони азими гранитоидии Тиёншонро (зиёда аз 12 ҳазор км²) ташкил медиҳанд. Зуҳури нахустини уқёнус — пайдоиши рифт дар Ҳисори Ҷанубӣ табиати континенталӣ ва уқёнусӣ дорад: ташаккули рифти Ҳисор дар марҳалаи аввал дар заминаи континент (хушкӣ) сурат гирифтааст. Сипас, рифт шиддат гирифта, ба умқи зиёд расид ва ба режими уқёнусӣ гузаштааст, яъне маҷмааҳои ҳамсинни рифтии вулканию таҳшинӣ ҳам дар сатҳи қишри континенталӣ ва ҳам дар сатҳи қишри уқёнусӣ ба вуҷуд омадаанд. Ғафсии умумии қисми таҳшинии вулкании офиолитҳо аз 2 км зиёд аст. Дар замони визейи давраи ангиштсанг, дар шимоли Ҳисори Ҷанубӣ андезитҳои ҷазираӣ хуруҷ карданд. Маҷмааҳои ҷазираӣ бо маҷмааи турбидитҳо (таҳшинҳои маҳинзарра), ки чун маҷмааи флиш маъмуланд, пӯшида шудаанд. Маҷмааҳои баъдии иборат аз таҳшинҳои терригению вулканӣ датситҳо, риолитҳо, туфҳои онҳо, инчунин қабатчаҳои конгломератҳо ва регсангҳо то 2 км ғафсӣ доранд.
Таърихи марҳалаи охири перму триасии Тоҷикистони Марказӣ бо ташаккули як кишвари кӯҳистонӣ иртибот дорад, ки дар он денудатсия (маҷмӯи равандҳои вайроншавии ҷинсҳо) авҷ гирифта, равандҳои тектоникӣ ба эътидол ва қабатҳои фарсоишӣ ба вуҷуд меоянд. Дар оғози мезозой, минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ дар натиҷаи зуҳуроти ҳаракатҳои қавии уфуқӣ, ба марҳалаи платформаӣ ворид шуда, тадриҷан ба сохтори ягонаи аккретсионию коллизионӣ мубаддал мешавад. Марҳалаи мезозой ва кайнозойи рушди ноҳия шароити континенталӣ ва толобӣ дорад. Таҳшинҳои давраи юра комилан терригенӣ буда, қабатҳои ангишт низ доранд. Маҷмааҳои давраи бӯр аз таҳшинҳои реҷаҳои лагунавӣ ва толобӣ иборатанд. Таърихи олиготсену голотсен ташаккули молассҳои маъмули континенталиро дар бар мегирад. Барои марҳалаи охири рушди Тоҷикистони Марказӣ тағйир ва табдили муназзами маҷмааҳои терригению варақсангии (бо ангишт) давраи триаси дерин ва юра, терригени сурхранги давраи бӯр, карбонатҳои давраи палеоген ва молассоидҳои континенталии давраи неоген хос аст. Маҷмааҳои ин марҳала танҳо дар депрессияҳои бо шикастаҳо маҳдудшуда (Моғиён, Фону Яғноб, Зидеҳ ва ғ.) паҳн шудаанд.
Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ
вироишТабиати пояи ноҳия бино бар дар зери қабатҳои ғафсии фавқулода зиёд (беш аз 11 км) доштани таҳшинҳои мезозой ва кайнозой номуайян аст. Аз ин сабаб, тахмин кардан мумкин аст, ки тақрибан дар тӯли таърихи то замони мезозой ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ минтақаи геосинклиналӣ буд.
Қонунияти умумии рушди ноҳия дар тағйири аз ҳад зиёд ва номуназзами режими таҳшинӣ, тағйири шароити баҳрӣ, континенталӣ ва лагунаӣ ифода меёбад.
То оғози мезозой ҳудуди ноҳия ба мавзеи хушкӣ (континенталӣ) шабоҳат дошт. Дар нимаи дуввуми давраи триас, дар шароити континенталӣ қабатҳои регсанг ва аргиллитҳо пайдо шуданд ва дар муҳити фарсоиши гумидӣ, ҷо-ҷо қабатҳои каолин рушд меёбанд. Дар анҷоми давраи юра қабатҳои гач, оҳаксанг, гилҳои сурхранг ва намакҳо таҳшин мешаванд. Қисми болоии ин қабат дар ноҳия паҳнои хеле зиёд дорад. Дар марҳалаҳои геологии киммериҷ ва титони давраи юра, дар ғарби ноҳия режими лагунавӣ зуҳур карда, дар шарқ тадриҷан ба режими континенталӣ мубаддал мегардад. Дар ин мавзеъ конгломератҳои сурхранг, регсангҳо ва гилҳо, ки бо қабатҳои ҷинсҳои гачдор пӯшида шудаанд, мушоҳида мешаванд. Лагунаҳо (халиҷ ё кӯли аз баҳр ҷудошуда)-и канори соҳили баҳри давраи юра ба реҷаи континенталӣ мегузаранд, ки ин ба тағйири тадриҷии таркиби таҳшинҳо аз гачҳо ба терригенҳои сурхранг, ки хосси давраи бӯри поинӣ мебошанд, сабаб мешавад.
Маҷмааҳои давраи бӯр ба тариқи трансгрессивӣ, бо конгломератҳои базалии сурх, дар сатҳи эрозияшудаи маҷмааи юра, дар баъзе мавзеъ (палеозой) мехобанд. Ғафсии қабатҳои онҳо устувор набуда, он аз 9-100 м дар шимол (қабатҳои сурхранги континенталии иборат аз конгломератҳо, регсангҳо, гилҳо) то 1 000-1 100 м дар ҷануб тағйир меёбад. Ғафсии қабатҳои замони сеномани давраи бӯр ба ҳисоби миёна аз 150 м зиёд набуда, дар ғарб то ба 500 м мерасад. Дар замони турон гилҳо ва баъдан оҳаксангҳо таҳшин мешаванд. Ғафсии қабатҳои турон аз 70 то 300 м буда, аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб зиёд мешаванд. Дар сарҳадди миёни замони турон ва сенон таҳшинии гачҳо ва гилҳои гачдор авҷ мегирад. Таркиби ин таҳшинҳо аз шарқ ба ғарб тағйир ёфта, ҳиссаи оҳаксангҳо дар ин самт бо зиёд шудани гилҳои гач ва гачдор кам мегардад. Ғафсии қабатҳои сенон аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб аз 100 то 250 м зиёд мешавад. Дар асри дат (табақаи поинии давраи палеоген) режими субконтиненталӣ ҳукмрон ва гачҳо (хусусан дар қисми шарқӣ), ҳамчунин конгломерату регсангҳои сурхранг ҷамъ мешаванд.
Дар давраи палеотсен-олиготсен режими лагуна ба ҷои баҳрӣ иваз мешавад ва дар ин шароит оҳаксангҳои ғафсиашон то 60 м (қабатҳои Бухорои замони палеотсен), ки дар самти канори ноҳия кам мешаванд, шакл гирифтанд, гачҳо дар шакли фаровон (то 50 м) таҳшин шудаанд. Ғафсии умумии таҳшинҳои палеоген аз 150 м дар шимол ва то 500 м-ро дар қисмҳои ҷанубӣ ташкил медод. Дар нимаи олиготсен реҷаи баҳриро реҷаи континенталӣ иваз мекунад ва дар ин шароит қабатҳои дағалзарраи сурхранг ва қабатҳои тунуки гач ба вуҷуд омадааст.
Ҳаракатҳои тектоникии замони Алп, ки таркибан аз ҷинсҳои давраи палеозой иборатанд, боиси ҷамъшавии қабатҳои конгломератҳои сурхранг ва оҷорӣ гардидаанд. Қабатҳои ғафси (зиёда аз 3,5 м) конгломератҳои неоген таҳти кунҷҳои гуногун дар болои қабатҳои мезозой ва палеоген мехобанд. Дар интиҳои давраи неоген қабатҳои мезозой ва кайнозойи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ба раванди чиндоршавӣ фаро гирифта шуданд. Чинҳо дар нақша ҳамчун қавсҳо (камонҳо)-и ба ҳам мувозӣ, оғоз аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб тӯл кашида, авҷ мегиранд ва тадриҷан дар ҷануб нопадид мешаванд. Ин чинҳо ҳоло дар маҳал дар шакли силсилакӯҳҳои паст (баландиашон то 2-2,5 км) мавҷуданд.
Шароити геологии ноҳияи Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ, алалхусус давраҳои юра, бӯр ва палоген барои пайдоиши нафту газ мусоидат кардааст.
Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ
вироишТоҷикистони Ҷануби Шарқӣ (Помир) ҷузъи томи геологияи сарзамини Тоҷикистон ва сохтори азими ҷаҳонии Алпу Ҳимолой мебошад. Ноҳия қариб 47%-и масоҳати кишварро фаро гирифта, нақши он дар таҳаввули геологии сарзамини Тоҷикистон бениҳоят муҳим аст.
Ақидаҳои геологҳо доир ба геологияи Помир аз якдигар фарқ дошта, аммо хусусиятҳои фавқулодаи сохти геологии Помирро, ба монанди ғафсии барзиёди қишри Замин (то 70 км), суръати баланди ҳаракатҳои ҷадид (то 8-10 см дар як сол), сохти нақшаии қавсшакли минтақаҳои асосии он ва ғ. ба гунаи асоснок маънидод мекунанд.
Помир қисми таркибии иншооти чиндоршударо, ки дар ҳудуди қисми шимолии бахши осиёимиёнаии минтақаи Алпу Ҳимолой ҷойгир аст, ташкил медиҳад. Аз диди муосир сохтори чиндори Помир аз силсилаи пулак-пулакҳои азими болоиҳамхобидаи бо ғеҷишҳои тарвоза халалёфта таркиб ёфтааст.
Сохтори Помирро чун ҷузъи таркибии синтаксиси Помиру Панҷоб, яъне унсури асосии қисми шимолии плитаи Гондвана, ки бо номи плитаи тектоникии Ҳиндустон маъмул аст, ҳисобидан мумкин аст. Тарҳи нақшаии сохтори геологии Помир ба қавс, дос ё ҳилол шабоҳат дорад, ки камони он ба самти шимол аст. Ин истилоҳ «қавсҳои Помир» ном гирифта, дар адабиёти ҷаҳонӣ маъмул ва мисоли классикии таҳаввулоти минтақаии геологӣ ба шумор меравад. Табиати ин қавс чунин аст, ки ҳаракатҳои тектоникии давраи мезозой-кайнозой, ки аз ҷануб манбаъ гирифтаанд, самти шимолӣ дошта, тадриҷан ва муддати тӯлонӣ ба сохтори геологии Авруосиё, мушаххасан, қисми ҷанубии он — қитъаи Тарим фишор овардаанд (ва меоранд). Ташаккули геологии Помир низ маҳз бо сохтори азими Гондвана робита ва ҳамбастагӣ дорад. Ҳаракати он дар баробари фишороварӣ қисми шимолии Гондвана (яъне маҷмааи Помир)-ро ҳам давр мезанонад ва то ба ҳол идома дорад.
Ҷиҳати хоссаи ин минтақаи азим тавассути ҳаракатҳои алпӣ таӯйири сохторҳои варисс ва мезозой мебошад. Дар ин ҷо на танҳо ҷинсҳои маҷмааҳои таркибӣ-сохторӣ, балки офиолитҳо — нишона ва шоҳидони хоссаи палеоуқёнусҳо мавҷуданд. Офиолитҳо дар Помиру Ҳимолой (бахусус дар Помири Шарқӣ) қитъаҳои хеле камбари ба садҳо, ҳатто ҳазорҳо км тӯлкашидаро, ки бо ғеҷаҳои азим канда-канда шуда, сутура ном гирифтаанд, ташкил медиҳанд. Ин сутураҳо боқимондаҳои новаҳои геологие мебошанд, ки сохти мураккаб ва қишри уқёнусӣ дошта, таҳаввулоти тӯлонию печдарпечи сохториро аз сар гузаронидаанд. Дар натиҷаи фишурдашавии кӯндалангӣ, чинзании маҷмааҳои офиолитӣ, баъди фишоровариҳои мунтазам ва тӯлонии плитаи Ҳинд аз ҷануб ба шимол ба плитаи Авруосиё, пулак-пулакшавии қабатҳои ҷинсҳои кӯҳии сутураҳо ва ҳамзамон ғафсии минтақаҳои сутурӣ ва дар анҷом ғафсии қишри замини Помир афзудааст. Дар баробари ин, дар минтақа равандҳои мураккабу азими геологӣ — ҷо-ҷо поин шудани плитаи Ҳинд дар зери плитаи Авруосиё ва баръакс — фурӯшавии плитаи Авруосиё ба зери плитаи Ҳинд, ки ҳамчун ҳодисаи нодири геодинамикӣ — субдуксияи континенталӣ, ки дар айни замон босуръат идома дошта, сабаби заминларзаҳои минтақа мебошанд, арзёбӣ мешавад.
Фурӯхамидагиҳои геосинклиналӣ дар минтақаҳои геологии Помир, дар натиҷаи силсилаи равандҳои дивергентӣ — рифтинг, тадриҷан аз шимол ба ҷануб, пайдарҳам пайдо шуданд. Дар натиҷаи тадриҷан наздик шудани плитаҳои Ҳинд ва Авруосиё, оби уқёнуси қадими Тетис торафт кам гардида, дар анҷом ба як иншооти азими чинзада табдил ёфтааст: дар ҷараёни ин, дар миёнаи палеозой фурӯхамидаҳои геосинклиналии Помири Шимолӣ аз фаъолият боз монда, дар ҷанубтари онҳо, дар Помири Марказӣ, Помири Ҷанубӣ ва дигар қисми Помиру Ҳимолой фурӯхамидаҳои нав пайдо шудаанд. Дар қисми шимолии плита (қитъа)-и Ҳинд (аниқтараш — Гондвана) дар раванди таҳаввул чанд микроконтинент пайдо шудаанд, ки дар сохти геологии имрӯза чун блокҳои сиалӣ дар минтақаи азими чинзадаи Помиру Ҳимолой боқӣ мондаанд.
Дар Помир (Бадахшон) ду системаи чиндори гуногунсин муайян шудаанд: дар қисми шимолӣ инкишофи геосиклиналӣ дар охири палеозой ва ибтидои мезозой ба охир расида буд. Тибқи русуб (таҳнишастҳо) ва тафтаҳои бавуҷудоӣ сохтор ва синни онҳо дар системаи чиндоршавӣ дар чанд минтақа таъйин мешавад: минтақаи Қалъаихум — Савуқсой қисми шимоли Бадахшонро фаро гирифтааст. Тарқиши шимоли Бадахшон ва Уйбулоқ сарҳадди минтақа аст.
Дар қисми ғарбии Помири Марказӣ, аз шимол ба ҷануб антиклинорийи Ванҷ, синклинорийи Язгулом ва антиклинорийи Музкул ҷудо карда мешаванд. Аз нигоҳи палеотектоникӣ Помири Марказӣ канори шимолии қитъаи бузурги Гондвана (дар палеозой) шуморида мешавад. Дар қисми шимолии он, дар шароити шелф, комплекси терригению карбонатӣ ташаккул ёфта, он бо таҳшинҳои нишебиҳои Дарвозу Сарикӯл якҷо шудааст. Минтақаи Музкул дар давраи палеозой бошиддат баланд шуда, боиси он шудааст, ки дар инҷо дар давраи палеозойи барвақт ва миёна таҳшинҳо пайдо нашуданд. Фурӯхамидаҳои геосинклиналии Помири Ҷанубӣ то миёнаи палеоген фаъол будаанд. Олимон ақида доранд, ки қариб 65 млн сол пеш нимҷазираи Ҳиндустон аз қитъаи бузурги Гондвана ҷудо шуда, бо суръати аз 4 то 18 см дар як сол ба самти Авруосиё шино карда, ба Осиёи Ҷанубӣ бармехӯрад. Ҳангоми ин бархӯрди хеле сахт қишри уқёнусӣ ва қабатҳои такшони баҳрӣ ғиҷиму таҳ шуда, аз рӯи замин дамида боло мебароянд, ки дар натиҷа силсилакӯҳҳои Ҳимолойро ба вуҷуд овардаанд. Ин ҳодисаи мудҳиши тектоникӣ ҳоло сабабгори пайдо шудани силсилакӯҳҳои Тоҷикистон, бахусус силсилакӯҳҳои Помир гардидааст. Дар замони неоген Помири Ҷанубӣ дар самти ҷануб-шимол аз 160 то 300 км ҷафстар шудааст. Аз замони палеогени миёна — олиготсен (34 млн сол қабл) Помир бо суръати аз 2-4 то 15-20 мм/с баланд шудааст.
Ақидаи асосии сохтори геологии Помир бархӯрд (коллизия)-и нимҷазираи Ҳиндустон ва қитъаи Авруосиё, — блокҳои Тарим ва Тоҷикистон мебошанд, ки бори охир аз замони олиготсен ибтидо гирифтаанд. Ин нуктаҳои муҳимми фарзияҳои геологӣ хусусияти маъданнокии Помири Шарқиро аз диди дигар муайян мекунанд.
Сохтори минтақаҳои ҷудокардашуда аз рӯи замони пайдоиш ва хусусиятҳои тағйир аз якдигар фарқ доранд. Дар қисми шимолии канори палеоконтиненти Гондвана, дар оғози давраи карбон системаи фурӯрафтаҳои дорои қишри уқёнусӣ пайдо шудаанд (минтақаҳои Қалъаихум ва Қарокӯл). Дар шимол онҳо бо блоки фарохи континенталии Афғонистон — Тоҷикистон — Помир маҳдуд буданд. Баъди анҷоми асри намюр уқёнусҳои мавҷуд дар фурӯхамидаҳо тадриҷан пӯшонда шуда, боиси иваз шудани режими форматсияҳои базалтоидӣ ба қавс-ҷазираӣ гардиданд. Дар оғози намюри миёна дар ҳудуди минтақаҳои Қалъаихумб ва Курговад рӯйпӯшҳои азим ба вуҷуд омаданд. Дертар, дар анҷоми перм-триас, дар қисми ҷанубии Помири Шимолӣ сохтори пулакшакли фаъол пайдо шуд.
Минтақаи Қарокӯл қисми марказии Помири Шарқиро фаро гирифтааст. Таҳнишастҳои қадимтарин — варақсангҳо ва регзорҳои палеозойи поин дар умқи 1 500 м ҷойгиранд. Онҳоро қабатҳои оҳаксангӣ (500 м) — силури девон рӯйпӯш кардаанд. Таркиби тектоникии минтақа сохтори блокӣ ва дохили ҳар блок таркибҳои сахт дорад.
Минтақаи Дарвоз — Сарикӯл бо тарқиши Қараарт ҳаммарз буда, тарқиши Ванҷ — Оқбайтал дар сарҳадди ҷанубии он ҷойгир аст. Дар таркиби таҳнишастҳои карбон-пермии ин ҷо (1 000 м) ҷинсҳои кӯҳии терригенӣ мавҷуданд. Сохтори тектоникии ин минтақа таносубан одӣ аст. Минтақаи Бартанг — Рангкӯл (шимоли қисми ҷануби Бадахшон) чок-буриши стратиграфӣ дорад. Таркибҳои протерозой аз гнейсҳо, варақсангҳои шӯшаӣ ва кварситҳо (5 000 м) иборат буда, рӯи онҳо оҳаксангҳои кембро-ордовикӣ хобидаанд. Минтақаи Рӯшони Пшарт аз дигар манотиқи геологии Бадахшон бо тарқиши ростнишеб фарқ дорад. Сохтори ин минтақа аз таҳнишастҳои силсилаи карбонӣ, пермӣ ва триасӣ иборат аст. Минтақаи Мурғоб — Оқсуй (дар шимоли Мурғоб) аз дигар минтақаҳои Бадахшон тафовут дорад. Тарқиши Аличур марзи ҷанубии ин минтақа мебошад. Минтақаи Шоҳдара қисми ҷанубу ғарбии Бадахшонро фаро гирифтааст. Ин минтақаи Помир асосан аз ҷинсҳои кӯҳии даврони архей ва протерозой иборат мебошад. Аз нигоҳи тектоникӣ аз ду блоки архейӣ таркиб ёфтааст, ки бо вартаи вулкании хеле қадимӣ аз ҳам ҷудо мешаванд ва бо ҷилди нахуст-протерозой пӯшида шудаанд. Бадахшон таърихи хеле мураккабу пурпечи рушди геологиро паси сар кардааст. Дар Помир ҷинсҳои тафтаӣ васеъ густурдаанд. Дар ин ноҳияи геологӣ бештар гранитоидҳои плутон ва штокҳои азимро созмондиҳанда, ки сарватҳои табиии гуногун ба пайдоиши онҳо марбут аст, дучор мешаванд.
Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
вироишДар «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 56 лоиҳа дар объектҳои корҳои минтақавӣ-5 объект, металлҳои сиёҳ -7, металлҳои ранга -7, металлҳои қимматбаҳо -6, металлҳои нодир -6, ашёи сангҳои ранга-5, ашёи радиоактивӣ-4, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геоэкология-3, геофизика-3, корҳои мавзуӣ-3 ва нигоҳдорӣ- 7 объектро то соли 2030 ба нақша гирифтааст.
Дар давраи солҳои 2021-2024 66,7 фоизи объектҳои барномавӣ ба фаъолият фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар шаш объект «Корҳои ҷустуҷўии дақиқи зуҳуроти сурбу руҳи Сурбиён», «Корҳои ҷустуҷӯии металлҳои нодир дар майдони Шазуд-Дӯзахдара», «Ҷустуҷӯи геохимиявӣ барои тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ-Лучоб миқёси 1:25000», «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти ванадийи Аргли», «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло» ва «Корҳои ҷустуҷӯӣ ва арзёбӣ дар майдони маъдании Ошоба» анҷом ёфтанд. Дар 29 объект корҳо идома доранд. Амалишавии корҳои омӯзиши геологӣ тибқи барномаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ назаррас буда, чунин захираҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо: тилло, нуқра, металлҳои ранга: сурма, сурб, металлҳои сиёҳ: ванадий, оҳан, металлҳои нодир ва нодирзаминӣ, тантал, ниобий, литий, бериллий, лантан, серий, празеодим, неодим, самарий, европий, иттрий, маъдани титан – илменит, маъдани элементҳои нодир - монатсит, сиркон (маъдани сирконий ва гафний) пешгӯӣ карда шуданд.[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сохти геологӣ / А. С. Ниёзов, Х. М. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 52—58. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.
- ↑ www.khovar.tj. ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид(тоҷ.) (9 Декабри 2024). 9 Декабри 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Селиванов Р. И. Природа и природные ресурсы Таджикистана. Сталинабад, 1958;
- Корженевский Н. Л. Природа Средней Азии. Ташкент, 1960;
- Агаханянц О. Е. Между Гиндукушем и Тянь-Шанем (История изучения природы Памира). Д., 1962;
- Захаров С. А. Развитие тектонических представлений в Таджикистане и гипотеза зонного тектогенеза. Д., 1970;
- Расчленение стратифицированных и интрузивных образований Таджикистана. Д. 1976;
- Земная кора и верхняя мантия Таджикистана. Д., 1981;
- Руженцев С. В. Памир / Тектоническая расслоенность литосферы и региональные геологические исследования. М., 1990;
- Буданов В. И. Эндогенные формации Памира. Д., 1993;
- Баратов Р. Б., Буданов В. И. Геологические очерки Памиро-Алая. Д., 2005;
- Ниёзов А. С. Фанерозойские гранитоидные геодинамические формации Тянь-Шаня и Памира и их потенциальная рудоносность. Д., 2016.