Барно Исҳоқова

(Тағйири масир аз Исҳоқова Барно)

Барно Исҳоқова (номи аслиаш: Бахмал Бераҳовна Исҳоқова; 12 майи 1927, Тошканд, ҶШС Узбакистон, ИҶШС — 7 сентябри 2001, Рамла, Исроил) — овозхони яҳудитабори тоҷик, устоди бузурги Шашмақом. Артисткаи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Барно Исҳоқова
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 27 май 1927(1927-05-27)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 сентябр 2001(2001-09-07) (74 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1946
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Соз даф
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Барно Исҳоқова дар оилаи яҳудиёни бухорӣ — Бераҳ ва Роҳел Исҳоқова ба дунё омадааст. Пас аз издивоҷ ба Исроэл Бадалбоев ба Самарқанд кӯч мебандад ва чанд сол дар манзили хешони шавҳараш ба сар мебарад. Баъди таваллуди фарзанди дуюм дар оила бо шавҳару фарзандон ба шаҳри Душанбе (Сталинобод) меояд. Фарзандони Барно Исҳоқова ва Исроэл Бадалбоев панҷ нафаранд: Софя, Олга, Тамара, Берта ва Роман. Солҳои 1941—1943 китобдори китобхонаи мактаби миёнаи № 24 Тошканд. Солҳои 1943-45 сарояндаи хори радиои Ӯзбекистон. Аз соли 1950 сарояндаи яккахони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон ва аз соли 1980 муаллими калони кафедраи мусиқии Шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Чанд сол дар факултаи мусиқии шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият дошт ва ба шогирдон таълим медод.[1] Ӯ яке аз шашмақомсароёни беҳтарин дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна мебошад. Устод Садриддин Айнӣ бо ҳаловат аз садои Барно Исҳоқова ӯро «Левичаи занҳо» ном гузошта буд (ба номи Леви Бобохонов ё Левича Ҳофиз, устоди бузурги Шашмақом дар Бухоро). Дар соли 1992 баъди фурӯпошии ИҶШС (СССР) ва оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба Исроил кӯч баст. 7 сентябри соли 2001 дар шаҳри Рамлеи Исроил аз олам даргузашт ва дар гӯшаи яҳудиёни бухории оромгоҳи «Ҳар ҲаМенухот» (Кӯҳи Марҳумон) дар шаҳри Байтулмуқаддас (Иерусалим) ба хок супурда шуд.

Пас аз вафоти Барно Исҳова нависандаи шинохтаи яҳудии бухорӣ, шодравон Арон Шаломаев дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин сарояндаи маъруф бо номи «Барнои мо» («Наша Барно», «ברנו שלנו» — «Барно шелану») дар се забон — тоҷикӣ, русӣ ва иврит китобе навишт.

 
Қабри Барно Исҳоқова дар қабристони "Ҳар Ҳаменухот"и шаҳри Байтулмуқаддас (Урушалим), Исроил соли 2013

Эҷодиёт

вироиш

Аввалин сурудаш — «Алла» дар азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ сазовори ҷоиза гардидааст. Аз устодони номии «Шашмақом» М. Толмасов, Б. Файзуллоев Ф. Шаҳобов ва Ш. Соҳибов ва Ш. Соҳибназаров дарси маҳорат омӯхтааст. Ба қавли И. Раҳимов «Овози хушу форам ва истеъдоди хуби сарояндагӣ сурудҳои ӯро басе дилангезу марғуб гардониданд. И. дар мақомхонии муосир мумтоз аст. Зиёда аз 100 суруду тарона аз силсилаи „Шашмақом“ дар барномаи ӯ мавҷуданд. Беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи И. „Насруллоҳӣ“ (ғазали Ҳофиз), „Талқини уззол“ (Восифӣ), „Муғулчаи Дугоҳ“ (Фурӯғӣ), „Сарахбори ороми ҷон“ (Ҳофиз), „Ҳусайнӣ“ (Ҳофиз), „Насри Баёт“ (Ҳилолӣ), „Нимчӯпонӣ“ (Бедил), „Чоргоҳ“ (Камол), „Ушшоқ“ (Рӯдакӣ) ва ғ. Дар сабти тамоми силсилаи „Шашмақом“ ба навори магнитофон иштирок кардааст, ки он дар фонди тилоии мусиқии Радиои тоҷик маҳфуз аст». Дар симпозиумҳои байналхалқии иҷрокунандагони мусиқии классикӣ ва халқӣ дар шаҳри Самарқанд (1978,1983) иштирок кардааст. И. дар иҷрои сурудҳои композиторони тоҷик низ маҳорати баланд дошт ва бештари онҳоро бо оркестри созҳои халқӣ ва симфонӣ иҷро намудааст. Сурудҳои «Ба дилбар», «Мамлакати мо» (Ш. Сайфиддинов), «Гулҷаҳон», «Шунидам», «Кокулат» (З. Шаҳидӣ), «Суруди мо» (Я. Сабзанов), «Нанол асло» (Д. Дӯстмуҳаммадов), «Бо чашми ту» (Х. Абдуллоев), «Мафтуни чашмат» (Ф. Шаҳобов) ва ғ. аз беҳтарин сурудҳои ӯянд. Диапазони овози И. аз фа-диези октаваи якум то сол октаваи дуюм фаро мерасад. Асосан бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва забони модарии худ — забони яҳудиёни бухорӣ суруд месароид.[1]

  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.159-160. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)

Пайванди беруна

вироиш