Ханда Эрчел
Ханда Эрчел (тур. Hande Erçel, тав. 24 ноябри 1993; Бандирма, Боликесир, Туркия) — ҳунарпешаи турк.
тур. Hande Erçel | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Hande Erçel |
Таърихи таваллуд: | 24 ноябр 1993 (31 сол) |
Зодгоҳ: | Бандирма, Боликесир, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша, модел |
Корнома: | 2012-то ҳол |
Самт: | синамо, телевизион |
IMDb: | ID 7495853 |
Зиндагинома
вироишХанда Эрчел дар рӯзи 24 ноябри соли 1993 дар шаҳри Бандирмаи вилояти Боликесири Туркия ба дунё омад. Волидони ӯ аз табақаи шахсони миёнаҳоли ҷомеа одӣ буданд. Падараш дар соҳаи тиҷорат фаъолият мекард ва модараш хонашин буд. Хонаводаи Эрчел соҳиби ду фарзанд ба номҳои Ханда ва Ғамза ҳастанд. Хоҳари Ханда - Ғамза Эрчел низ ҳунарпеша мебошад. Ба гуфтаи худи Ханда, бештар даврони кӯдакии худро дар канори бобою бибияш сипарӣ кардааст ва ба онҳо алоқаи хос дорад.
Ханда аз хурдӣ ба ҳунару санъат завқи баланд дошт. Замони наврасӣ дар намоишномаҳои мактабӣ иштирок намуда, ҳамеша нақшҳои асосиро бозӣ мекард. Пас аз хатми мактаб Ханда ба Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои меъмористони Туркия дохил шуд. Санъати анъанавии туркиро аз худ кардааст.
Чеҳраи зебои Ханда боис шуд то вай бо ширкат дар озмуни зебоӣ, ки соли 2012 дар кишвари Озарбойҷон баргузор шуд, ба мақоми дуюм даст ёбад.[1].
Фаъолият
вироишАввалин кори ӯ дар соҳаи кинематография дар силсилафилми "Çalıkuşu" мебошад, ки нақшҳои асосиро Бурак Озчивит ва Фахрия Эвҷан бозидаанд. Нақши ӯ Зоҳида он қадар калон набуд, аммо тамошобинон ӯро мушоҳида намуданд.
Ӯ дар силсилафилми "Духтарони Гунеш" (тур. Güneşin Kızları), бо ҳунарпешаҳои машҳур Эмре Кинай, Эвсим Аласё, Толга Саритош, Бурҷу Озбарқ ва Барқ Атан, ки дар Kanal D пахш шуд, нақши Селин Йилмаз Мертоғлуро тасвир кард. Моҳи июни соли 2016, ӯ бо нақши Ҳаёт Узун Сарсилмаз дар силсилафилми "Ишқ ҳарф ҳолаш намешавад" (тур. Aşk Laftan Anlamaz), дар ҳамҷуфти бо Бурак Дениз ҳунарнамоӣ намудааст.
Ханда инчунин нақши Ҳазалро дар "Siyah İnci" - и шабакаи Star TV бозидааст, ҷуфти ӯро Толгахон Сайишман иҷро намудааст. Соли 2019 нақши Муждаро дар силсилафилми "Ҳалқа" (тур. Halka) - и шабакаи ТРТ 1 иҷро намудааст. Худи ҳамон сол инчунин дар силсилафилми "Азиза" (тур. Azize), нақши асосиро ҳамчун Азиза Гунай дар Kanal D, дар муқобили Бугра Гулсой ҳунарнамоӣ намудааст.
Соли 2020, Ханда якҷоя бо Карим Бурсин дар силсилафилми "Дари хонаамро бикӯб" (тур. Sen Çal Kapımı), нақш офаридааст. Қаҳрамони ӯ Эда, як духтари зебо ва меҳрубон аст, ки орзу дорад дар хориҷа таҳсил кунад. Аммо орзуҳои ӯ барбод мераванд вақте, ки ӯро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд, зеро Серкан пардохти мукофотпулиро қатъ мекунад. Ҳоло мехоҳад, ки аз ӯ ҳисобот пурсад [2].
Ҳаёти шахсӣ
вироишАввалин робитаи ҷиддии ҳунарпеша соли 2014 бо қаҳрамони силсилафилми "Бӯи қулфинай" (Çilek Kokusu) Экин Мерт Даймаз буд, аммо робитаи онҳо пас аз 2 сол онҳо қатъ шуд[3].
Силсилафилми "Духтарони Гунеш" Хандаро ҳамроҳи ҳунарпеша Толга Саритош пайваст. Баъдтар, ҳарду гуфтанд, ки онҳо танҳо дӯстанд. Робитаи пинҳонии ӯро инчунин бо Бурак Дениз хондаанд, ки якҷо дар силсилафилми "Ишқ ҳарф ҳолаш намешавад" нақш офаридаанд.
Моҳи январи соли 2019, ҳунарпеша азодор шуд. Модарашро Айлин Эрчел аз даст дод.[4]. Зан дар Истанбул дафн карда шуд. Мурод Далкилич, овозхони маъруфи поп, дар вақти азодорияш ӯро ҳамроҳӣ намуд. Онҳо соли 2018 во хӯрдаанд. Робитаи онҳо моҳи июли соли 2020 барҳам хӯрд [5].
Филмнома
вироиш- Силсилафилм
Сол | Номгӯй | Бо тоҷикӣ | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|---|
2013 | Tatar Ramazan | Худаш | Нақши хурд | |
2013 | Çalıkuşu | Зоҳида | Нақши хурд | |
2014 | Çılgın Dersane Üniversitede | Марям | Нақши дуюмдараҷа | |
Hayat Ağacı | Селен Караҳанлӣ | Нақши дуюмдараҷа | ||
2015–2016 | Güneşin Kızları | Духтарони Гунеш | Селина Йилмаз/Мертоғлу | Нақши марказӣ |
2016–2017 | Aşk Laftan Anlamaz | Ишқ ҳарф ҳолаш намешавад | Ҳаёт Узун/Сарсилмаз | Нақши марказӣ |
2017–2018 | Siyah İnci | Ҳазал Шилабӣ/Ноз Дамироғлу | Нақши марказӣ | |
2019 | Halka | Ҳалқа | Муҷда Акай | Нақши марказӣ |
2019 | Azize | Азиза | Азиза Гунай/Мелек Айдин | Нақши марказӣ |
2020– | Sen Çal Kapımı | Дари хонаамро бикӯб | Эда Йилдиз | Нақши марказӣ |
- Синамо
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2020 | Mesti Aşk | Кимиё Хотун | Ҳангоми наворгирӣ |
- Таблиғот
Сол | Номгӯй | Шарҳҳо |
---|---|---|
2016-19 | L'Oréal Paris | Brand Ambassador |
2017 | DeFacto | бо Арас Булут Ийнемлӣ |
2019 | Bobbi Brown | - |
2020 | Nocturne | Brand Ambassador |
- Музиквидео
Сол | Овозхон | Суруд | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2017 | Дамир Яғмур | Canın Sağ Olsun | бо Ризо Коҷаоғлу |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ http://www.sinematurk.com/kisi/188570-hande-ercel/
- ↑ https://m.imdb.com/title/tt12439466/
- ↑ https://www.posta.com.tr/hande-ercel-ve-ekin-mert-daymaz-yine-ayrildi-1269912
- ↑ Hande Erçel annesi Aylin Erçel'i kaybetti! Hande Erçel'in annesi Aylin Erçel bugün. Sabah (12 January 2019).
- ↑ https://www.hurriyet.com.tr/galeri-hande-ercel-murat-dalkilictan-neden-ayrildigini-acikladi-40960036/3