Карл Мария фон Вебер
Барон Карл Мария Фридрих Август (Эрнст) фон Вебер (олмонӣ: Carl Maria von Weber; 18 декабр 1786[1][2][3], на пештар аз 18 ноябр 1786 и на дертар аз 19 ноябр 1786 ё 18 ноябр 1786[4], Eutin[d], Шлезвиг-Ҳолштайн[8] — 5 июн 1826[5][6][7][…], Лондон[9][10]) — оҳангсоз ва дирижёри машҳури олмонӣ. Шогирди оҳангсозони шинохта М. Гайдн ва Г. Й. Фоглер.
олмонӣ: Carl Maria von Weber | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 18 декабр 1786[1][2][3], на пештар аз 18 ноябр 1786 и на дертар аз 19 ноябр 1786 ё 18 ноябр 1786[4] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 июн 1826[5][6][7][…] (39 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | аз 1799 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, гиторнавоз, classical guitarist, мунаққиди мусиқӣ |
Соз | гитор ва фортепиано |
Сабк | мусиқии килоссик[d] ва опера |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Зиндагинома
вироишДар хонаводаи корманди театри сайёри музофотӣ таваллуд ёфтааст. Ҳамчун капелмейстр, муаллими мусиқии назди дарбор фаъолият намудааст. Дар барномаҳои консертӣ чун пианинонавоз ва дирижёр ширкат кардааст. Аввалин асараш («Неруи ишқ ва май») соли 1798 рӯйи саҳна омадааст. Солҳои 1813—1816 роҳбар ва дирижёрии театрҳои операи Прага ва Дрезден буд. Дар ин театрҳо асарҳои «Флейтаи сеҳрнок»-и Карл Мария фон Вебер А. Мотсарт, «Фиделио»-и Бетховенро ба саҳна гузошт. Карл Мария фон Вебер асосгузори операи романтикии олмонӣ, намояндаи ҷараёни демократӣ дар романтизм мебошад («Тирандози озод», 1821; «Эврианта», 1823; «Оберон», 1826). Ӯ нақши оркестрро тафсир намуда, ба увертюра аҳаммияти бештар медод ва усули лейтмотивро ҳамчун воситаи таҳкимбахши драматургия истифода менамуд.
Осори Карл Мария фон Вебер: чандин месса, кантата, ду асари симфонӣ, се увертюра, консертҳо барои созҳои гуногун бо оркестр, асарҳои камеравӣ ва вокалӣ (романсҳо, сурудҳо, аз ҷумла асарҳо барои хониши гурӯҳӣ (хорӣ), асарҳо барои фортепиано (аз ҷумла, сонатаҳо ва асари машҳури «Даъват барои рақсидан»), мусиқиҳои гуногун барои намоишномаҳои драмавӣ, даҳ опера. Карл Мария фон Вебер муаллифи чандин тақризу мақола дар бораи операҳои олмонӣ ва итолиёӣ, романи тарҷумаиҳолии нотамоми «Зиндагиномаи мусиқишинос» мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ 2.0 2.1 Weber M. M. v. Carl Maria von Weber (ингл.): The Life of an Artist / J. Warrack — 1968. — P. 10.
- ↑ 3.0 3.1 Weber M. M. v. Carl Maria von Weber (нем.): Ein Lebensbild — 1864. — S. 19.
- ↑ 4.0 4.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ 5.0 5.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 6.0 6.1 Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ 7.0 7.1 filmportal.de — 2005.
- ↑ 8.0 8.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118629662 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 9.0 9.1 Wurzbach D. C. v. Weber, Karl Maria Freiherr von (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt haben — Wien: 1856. — Vol. 53. — S. 197.
- ↑ 10.0 10.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
Адабиёт
вироиш- Вебер Карл Мария фон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.