Карсанг
Карсанг — пойгоҳи Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки соли 1965 дар шафати деҳаи Карсанги ноҳияи Файзобод дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр дар масоҳати 35 гектар барои гузаронидани тадқиқотҳои илмии соҳаи кишоварзӣ ташкил карда шудааст. Созмондиҳангадони аввалини ин пойгоҳ доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ Анвар Аминович Садриддинов ва номзади илмҳои хоҷагии қишлоқ Якутилов Михаил Грузнович буданд. Муддати 35 сол аст, ки дар ин пойгоҳ олимону аспирантҳо корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд. Бо донишҷӯёни соҳаи кишоварзӣ машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаҳо гузаронда, нозукиҳои соҳа омӯзонда мешаванд. Онҳо таркиби хок, таъсиру обу ҳаво ба рустаниҳоро месанҷанд. Директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобишо Нарзуллоевич Холов, олимони соҳа Қараев Ш. Қ., Солиҳов Р. С., Аминов Ш., Ли Адол Григоревич ва даҳҳо дигарон корҳои илмии худро дар ҳамин пойгоҳ амалӣ намудаанд. Ҳоло дар ин пойгоҳ, дар масоҳати 5 гектар токзор, 3 гектар себ, 1 гектар нок, 1,5 гектар биҳӣ, 2 гектар шафтолузор, 2 гектар зардолу, гелос ва олу, 2,5 гектар ниҳолҳои тирак, ақоқиё, чормағз, дроги испанӣ, булут парвариш карда мешавад.[1]
Инчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Файзобод. Энсиклопедия. - Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. - 392 саҳ.