Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор
Муасисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор» - нахуст бо номи «Қуруқи таърихӣ-мадании Ҳисор» 4 апрели соли 1979 ташкил шуда буд ва 28 январи соли 1982 мамнӯъгоҳ номи «Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор»-ро гирифт, аз 30 июли соли 2009 мақоми давлатӣ ва ҷумҳуриявиро соҳиб гашт ва ҳамчун ёдгории меъморӣ дар муҳофизати давлат аст. Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад.
Мамнӯъгоҳи фарҳангии Ҳисор дар асоси маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор:
- Қалъаи Ҳисор,
- Дарвозаи Арк,
- Мадрасаи Кӯҳна,
- Мадрасаи Нав,
- Масҷиди Сангин,
- Мақбараи Махдуми Аъзам,
- Корвонсарои Хиштин,
- Мадрасаи Чашмаи Моҳиён,
- Таҳоратхона,
- Масҷиди Одина
ва деворҳои боқимондаи шаҳри Ҳисор, ки инчунин ёдгориҳои ҳафриётии атрофи ш. Ҳисорро дар бар мегирад, ташкил карда шудааст. Айни замон дар мамнӯъгоҳ шуъбаҳои фонду мардумшиносӣ, тармиму барқарорсозӣ, меъморӣ-рассомӣ, таъриху бостоншиносӣ ва осорхонаи таърихӣ барои босамар омӯхтани таъриху фарҳанги мардум фаъолият мекунанд. Дар соли 2013 шумораи кормандони мамнӯъгоҳ 42 нафар буда, 36 нафар мувофиқи воҳиди корӣ ва 6 нафар шартномавӣ фаъолият мекунанд.
«Ҳисор» ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷойи мустаҳкам, девори даври қалъа омадааст. Дар «Ҳудуд- ул-олам» қайд шудааст: «Шумон шаҳрест устувор ва барокӯҳи ниҳода ва гирди ӯ борае (девора) кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст бузург, аз вай заъфарон хезад бисёр». Аввалин маротиба Ҳисори Шодмон дар асари муаррих Алии Яздӣ «Зафарнома» зикр ёфтааст. Сайёҳи чинӣ Сюан Тзян дар садаи VII м. менигорад: «Хонигарии Суман (Шумон) аз ғарб ба шарқ ба масофаи чоррӯза сафар, аз ҷануб то шимол ба масофаи як рӯзи роҳпаймойӣ тӯл кашидааст. Пойтахти ин қаламрав кучак буда,дар он ду дайри буддоӣ вуҷуд дорад.»
Дар шаҳр 24 масҷид, 5 мадраса, 5 корвонсарой вуҷуд доштааст. Майдони Регистон маркази шаҳр буд, дар атрофи он се мадраса, корвонсарой, таҳоратхона, 2 чойхона, бозорҷо ва қатлгоҳ мавҷуд буданд. Қалъаи Ҳисор дар масоҳати 17 га ҷойгир шуда, аз 3 қисм иборат аст: қароргоҳи ҳоким, Уштурхона ва Аскархона. Даромадгоҳи асосии қалъаро Дарвозаи Арк мегуфтанд, ки асри XVI-XVII сохта шуда, ду бурҷи баланди мудаввар дорад, ғафсии девори бурҷҳо зиёда аз 1 м буда, 8-тоӣ тиркаш доранд.
- Масҷиди Сангин яке аз нахустмасҷид дар Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар асри VII аз тарафи Қутайба ибни Муслим бунёд ёфтааст. Ду пешайвони масҷид ва манораи он асри XIV сохта шудааст.
- Мақбараи Махдуми Аъзам аз се бино иборат буда, бинои аввал ҳамчун зиёратхона дар а.10 бунёд ёфта, ду гӯрхона асри XIV-XVI сохта шудааст.
- Мадрасаи Кӯҳна ба асри XVI тааллуқ дошта, 2250 м мураббаъ, дорои 27 ҳуҷра, 4 синфхона, 1 масҷид, чиллахона, китобхона-қироатхона ва 2 манора мебошад.
- Мадрасаи Нав ба асри XVII тааллуқ дошта, аз тарафи Хонуми Сабз сохта шудааст, дорои 21 ҳуҷра, масҷид, синфхона дар ошёнаи 1-ум ва дар ошёнаи 2-юм дорои 7 ҳуҷра мебошад.
- Мадрасаи Чашмаи Моҳиён дар асри XIV-XV сохта шудааст.
- Таҳоратхона дар байни ду мадраса ҷойгир буда, дар асри XVI сохта шудааст.
- Корвонсарои Хиштин дар соли 1804 аз тарафи Сайидбии Атолиқ сохта шудааст, то соли 1928 ҳамчун меҳмонхона истифода мешуд.[1]
Адабиёт
вироиш- Муқимов Р., Мамаджанова С. Энсиклопедия памятников.- Душанбе, 1981
- Муқимов Р., Сабзов У. Архитектурные памятники Гиссарской долины. - Душанбе, 2014.
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор/. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 380