Мамнӯъгоҳи фарҳангӣ

Мамнӯъгоҳ - маҷмаъаи ёдгориҳои маданияти моддӣ ва табиӣ мебошад, ки дар ҳифзи давлат гирифта шудааст. Мамнуъгоҳҳо муфофиқи ҳадафашон - таърихию бостонӣ, мамнӯъгоҳи фарҳангӣ, табиӣ ва ғайра мебошанд.

Вазифаҳои мамнӯъгоҳи фарҳангӣ ҷамъ кардан, нигоҳ доштан, омӯхтан, барқарор кардани ёдгориҳои меъморӣ, корҳои ҳафриётӣ, консерватсия, азнавсозии ёдгориҳои кофташуда, оммавигардонии ёдгориҳои маданияти моддӣ ва маънавӣ, ба омӯхтани фарҳанг ва таърихи халқи тоҷик ҷалб намудани оммаи васеи халқ, ба ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии илмию фарҳангии мардум мусоидат намудан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, зиндагардонии анъанаҳои миллӣ,ташвиқу тарғиб байни мардум оид ба аҳамияти ёдгориҳои меъморию бостонӣ ва ҳифзи онҳо ва ғ. мебошанд.[1]

Дар Тоҷикистон мамнӯъгоҳҳои таърихию бостонӣ ва фарҳангӣ дар ноҳияи ҲисорҚалъаи Ҳисор ва ноҳияи ВосеъХулбук ташкил карда шудаанд.

Инчунин нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Муқимов Р., Мамаджанова С. Энсиклопедия памятников.- Душанбе, 1981
  • Муқимов Р., Сабзов У. Архитектурные памятники Гиссарской долины. - Душанбе, 2014.
  1. Донишномаи Ҳисор/. -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 380