Мастура Авезова
Авезова Мастура (Би Мастури Авезова; 1905, деҳаи Унҷӣ, уезди Хуҷанд — 24 марти 1978, ҳамон ҷо) — ходими давлатӣ, яке аз аввалин занҳои муборизи роҳи навини зиндагӣ.
|
|||||||
|
|||||||
|
|||||||
Таваллуд |
1905 деҳаи Унҷӣ, уезди Хуҷанд |
||||||
Даргузашт |
24 март 1978 деҳаи Унҷӣ, уезди Хуҷанд |
||||||
Ҳизб | |||||||
Ҷоизаҳо |
ЗиндагиномаВироиш
Авезова Мастура соли (1905 дар деҳаи Унҷии уезди Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Авезова аз зумраи нахустзанҳоест, ки фаранҷиро партофта, дар кори ҷамъиятиву истеҳсолии ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон фаъолона иштирок кардааст.
Фаъолияти касбӣВироиш
Баъди хатми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Хуҷанд (1929) фаъолияти кориашро дар фабрикаи шоҳибофии Фарғона оғоз кард. Аз соли 1930 дар Комбинати шоҳибофии Хуҷанд кор кардааст. Минбаъд аввали раиси Комитети иҷроияи вилояти Ленинобод (1936) ва баъдтар раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд буд.
Аз соли 1960 нафақагир. Авезова узви КМ ПК Тоҷикистон, чандин даъват вакили Совети Олии Иттифоқи Советӣ ва ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ҷоизаву медалҳоВироиш
Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи II), 5 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.