Мир Мафтун

овозхони афғон

Мири Мафтун (дарӣ: میرمفتون) ё Меҳри Мафтун (тав. 1962, Ишкошим, Вилояти Бадахшон, Афғонистон) — сароянда ва оҳангсози машҳури тоҷик. Ӯ якчанд маротиба ба Тоҷикистон сафар намудааст.

Фарид
میرمفتون
Ном ба ҳангоми таваллуд Меҳри Мафтун
Номи пурра Фарид
Таърихи таваллуд 1962(1962)
Зодгоҳ ноҳияи Ишкошим, Афғонистон
Кишвар  Афғонистон
Пеша(ҳо) сароянда
оҳангсоз
Соз дутор, думбура
Сабк Мусиқии фолклорӣ
Ҷоизаҳо Prince Clause Awards

Зиндагинома вироиш

Мир Мафтун соли 1962 дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст. Рӯзи таваллуди ӯ дар ягон ҷой дарҷ нашудааст.

Овозхони халқӣ буда суруду оҳангҳояшро худаш менависад. Аз уҳдаи иҷрои асбобҳои мусиқии халқӣ (дутор, думбура ва ғайра) ба хубӣ баромада танҳо бо забони форсӣ месарояд[1][2].

Ӯ сурудҳояшро дар маросимҳои гуногун аз барномаҳои телевизионӣ сар карда то ҷашну маъракаҳо месарояд. Ӯ зуд-зуд дар барномаҳои шабакаи Tolo TV иштирок карда сурудхонӣ менамояд.

Лирикаи ӯ ишқӣ ва мазҳакавӣ мебошад. Мафтун тавонистааст дар кишваре зинда монад, ки мусиқиро Толибон манъ карда буданд[1]. "Барои истеъди мусиқавӣ ва барои нақши ӯ ҳамчун интиқолдиҳандаи фарҳангии мусиқии суннатӣ аз шимоли Афғонистон" ба ӯ ҷоизаи шоҳзода Клаус дар соли 2001 дода шуд[3][4]. Мафтун якчанд маротиба дар Нидерланд, аз ҷумла соли 2001 дар Арнем ҳунарнамоӣ кардааст[5].

Соли 2013 ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе даъват намуд, ки консерти худро баргузор намуд ва сурудеро ба президенти кишвар бахшид. Инчунин соли 2019 дубора ба Тоҷикистон даъватӣ шуд ва чанд суруде пешкаш намуда дар якчанд барномаҳои телевизионӣ ва интернетӣ даъват шуд. Ӯ миёни мардуми Тоҷикистон бо ватандӯстдорӣ ва сурудҳои халқияш маҳбуб мебошад.

Мир Мафтун инчун аъзои ҳакамон дар барномаи ҳунарии "Ситораи афғон"  мебошад. Мири Мафтун солҳои охир бо писараш якҷоя суруд месарояд, ки ӯ низ сарояндаи сурудҳои халқист.

Мир Мафтун дар ҷашни Наврӯзи соли 2021 бори дигар ба Тоҷикистон сафар намуда ҷашни Наврӯзро онҷо пешвоз гирифта консерт баргузор намуд. Инчунин бо овозхони тоҷик Хуҷастаи Мирзовалӣ сурудеро дугона сароиданд.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Мири Мафтун ду маротиба хонадор шудааст, ки аз ҳамсари дуввумаш дорои 2 духтар ва 1 писар Муҳаммадризо мебошад.

Сурудҳо вироиш

.... ва ғайра.

  • Khala
  • Dokhtar amo jan
  • Madar
  • Jan Jan yarakem (бо Сито Қосимӣ)
  • Gomanam Arezohayam
  • Jan ay Pesar
  • Azad Afghanistan
  • Gar Yare Manee
  • Kajak Abroyat
  • Qataghane (бо Фаришта)
  • Gah Gah Mastom
  • Nayamadi Ke Ba Kabol Kami Chakar Buzanim
  • Dilbarakem Biya
  • Tajikistanistam
  • Anar Anar
  • Koza Cha Dar Baram
  • Falak
  • Ёраме дилдораме (2022) (бо Файзигул Юсупова)
.... ва ғай.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Prince Claus Fund, profile(пайванди дастнорас)
  2. Zeer Wa Bum, The Folk music of Badakhshan & Takhar Бойгонӣ шудааст 10 Декабри 2012  сол.
  3. Prince Claus Fund, Year report 2001
  4. Trouw (11 December 2001) Afghaanse luitspeler een van de twaalf prijswinnaars Prins Claus Fonds
  5. Mehri Maftun in concert in Arnhem, with other Afghaan musicians like Mahjid Pansiri, Rachid Machinai, Gholam Saqi, 2001

Пайвандҳо вироиш