Музаффар Мамадҷонович Юнусов (11.03.1950, ш. Ленинобод) — химик, доктори илмҳои химия (1994), профессор (1995). Академики Академияи мухандисии ЧТ (1997).

Музаффар Юнусов
Таърихи таваллуд 11 март 1950(1950-03-11) (74 сол)

Зиндагинома

вироиш

Дар ДДТ ба номи В. И. Ленин (1967-70) ва Донишгоҳи давлатии Ленинград таҳсил кардааст (1971-72). ДДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1972). Аспиранти Пажӯҳишгохи химияи умуми ва ғайриорганикии ба номи Н. С. Курнакови АУ ИЧШС (1975-78), ходими хурди илмии Пажӯҳишгохи химияи АУ ЧШС Тоҷикистон (1978-80), ходими хурд, ходими калони илмии маркази илмии АУ ЧТ дар ш. Хуҷанд (1980-97), ҷонишини директори генералии Иттиходияи истеҳсолии «Востокредмет» (аз с.1997). Муаллифи зиёда аз 170 маколаи илми ва 15 шаходатномаи муаллифии ИЧШС аст. Аз с. 1982 дар ДДОЛ-ДДХ аз фанни химия ва технологияи химияви дарс медихад. Самти тадкикоти Ю.-ро синтез, омузиш ва истифодаи пайвастагиҳои як катор фулузоти ранга бо кислотаҳои карбони бо реагентҳои сулфгидрили модификатсияшуда дар хочагии халк ташкил мекунад. Тахти рохбарии Ю. бештар за 70 кислотаи карбони каблан номаълум синтез карда, зиёда аз 300 пайвастагии фулузоти ранга бо ин лигандахо омухта шудаанд. Ю. синфи нави пайвастагихоро кор карда баромадааст, ки дар истеҳсолот пурра чои кислотаи камёфти олеинро мегирад. Яке аз муаллифони технологияи тайёр кардани мукофотҳои давлатии ЧТ мебошад. Дар зарандуд ва симандуд кардани маснуоти заргари, ҳосил намудану аффиниж кардани тило аз электрометҳои коркардашуда, ҳамчунин ба даст овардани панчоксиди ванадий аз ашёи хоми ғайримаъмули ширкати бевосита варзидааст. Натичаҳои тадкикоти илмии Ю. дар коргохи фулузоти нодири Ленинобод, коргохи сурбу кургошими Адрасмон, комбинати абрешими Хуҷанд, коргохи тилошуии Консой ба амал татбик шудааст. Дар муддати фаъолият дар Иттиходияи истеҳсоли «Востокредмет» тахти рохбарии Ю. масъалаи таъсири партовгоххо ба муҳити зист, пахншавии унсурҳои радиокативи ва захрнок дар муҳит, усулҳои безараргардонии онҳо дар шароити Тоҷикистон мавриди омузиш қарор гирифтааст. Ю. бо Очонсии бехатарии ядрои ва радиатсионии АУ ЧТ хамкории зич дорад. Дар татбики як катор лоихаҳои чумхуриявии Иттиходияи истеҳсолии «Востокредмет» бо созмонҳои байналхалки, аз ҷумла МАГАТЭ, ГNDP, NATO иштирок мекунад. Асарҳояш дар хориҷи кишвар ба табъ расидаанд: Хиндустон (1980), Покистон (1993, 2001), Урдун (1994), Малазия (1997), ИМА (2001), Канада (2002), Олмон (2005, 2006), Шветсия (2007). Вакили Мачлиси ваилони халки ш. Чкалов (2005). Дорандаи медали тилои НКХХ ИЧШС (1997). Осор: Механическая переработка руд. -Худжанд, 1997; Металлы, промышленные минералы. — Худжанд, 1997; Перемещение, дозирование и смешивание твёрдых металлов. — Худжанд, 1998; Добыча металлов из руд и охрана окружающей среды. -Худжанд, 2000[1].