Муҳаммадқул Ҳазратқулов
Муҳаммадқул Ҳазратқулов (5 ноябри 1944, Истаравшан, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 8 октябри 2020, Тоҷикистон) — файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1992).
Муҳаммадқул Ҳазратқулов | |
Таърихи таваллуд | 5 ноябр 1944 |
Зодгоҳ | Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 8 октябр 2020 (75 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқу фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ИҶШС |
Зиндагинома
вироишМуҳаммадқул Ҳазратқулов факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1967 ба поён расондааст. Солҳои 1969-1972 дар Эрон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст, соли 1974 рисолаи номзадиро дифоъ кардааст. Солҳои 1980-1990 ӯ роҳбари ҳайати таҳририяи фалсафа ва ҳуқуқ, баъдтар роҳбари шӯрои таҳририяи назорати илмӣ ва бадеии Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд. Соли 1991 рисолаи доктории худро дар мавзӯи "Фалсафаи Шаҳобуддини Суравардӣ" дифоъ кард. Солҳои 1992-1996 аввал профессори кафедра, сипас мудири кафедраи фарҳангшиносӣ, этика ва эстетикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 1996 ҳамчун ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1996—2006 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон машғули тадрису таҳқиқ буд.
Доманаи таҳқиқаш васеъ аст, мавриди ҳикмати адибони классикии форс-тоҷик, ҷараёни тасаввуф, анъанаҳои бостонии мардуми форсзабон , идҳои суннатии ниёгон, аз ҷумла Наврӯз, тамаддуни ориёиҳо ва ғайра зиёда аз дусад асару мақола навиштааст. Солҳои охир М. Ҳазратқулов китоби дарсӣ барои донишҷӯёни донишгоҳ "Сӯфия" ва таҳқиқоти "Ислом ва Абу Ҳанифа"-ро нашр намудааст.
Осор
вироиш- Философские взгляды Садриддина Ширази. — Д., 1975;
- Баъзе масъалаҳои ҳастӣ ва ҳаракат дар асрҳои миёна. — Д., 1975;
- Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам. — Д., 1985;
- Философские взгляды Садриддина Шерози. — Д.,1985;
- Тасаввуф. — Д., 1988;
- Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ. — Д., 2006;
- Ислом ва Абуҳанифа. — Д., 2009;
- Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол. — Д., 2012.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — 728 с.