Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров
Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров — дар ш. Ғафуров, вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Осорхона ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Осорхона дар асоси стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида соли 1998 дар арафаи 90-солагии бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров кушода шудааст. Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Ғафуров, вилояти Суғд ҷойгир аст.[1]
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Макон | Ғафуров |
Бунёнгузор | Тоҷикистон |
Дата основания | декабри 1998 |
Таърихи бунёди осорхона
вироишЛоиҳаи аввалини бунёди осорхона соли 1986 бо ташаббуси Комитети ҲК ноҳияи Ленинобод ба миён омада буд. Соли 1989 аввалин «Хона - музеи академик Бобоҷон Ғафуров» бо кор оғоз намуд. Аксҳо - мавод ва ҳуҷҷатҳои бойгониро барои осорхона профессор Ҳабибулло Холҷӯраев (сарвари гурӯҳ), А. Азимов, Г. Мусобеков гирд оварда буданд. Баъд аз боздории сохтумон (1988 – 1996) осорхона аз нав соли 1998 бунёд гардид.[1]
Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров дар саҳни Осорхона
вироиш14 ноябри соли 2023 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд. Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шудааст. Таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад. Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор -“Тоҷикон” ҷой дода шудааст, ки бешубҳа аз муҳимияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат бо истифода аз услуби хоси меъморӣ истифода гардидааст.[2]
Ороиши осорхона
вироишКонсепсияи бунёди осорхона аз ҷониби академик Нӯъмон Неъматов, профессорон Ҳабибулло Холҷӯраев, Сайдулло Абдуллоев, дотсентон Ӯктам Ҷӯраев и А. Қодиров эҷод шуда буд. Экспонатҳо, аксҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров дар се толор ҷойгир шудаанд:
- Толори 1 – Толори асосӣ дар бораи таърихи навишта шудани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» бахшида шудааст.
- Толори 2 - Ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.
- Толори 3 – Ба «Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар инкишофи илми таърих ва шарқшиносӣ» бахшида шудааст. Дар охири толор экспонатҳо, аксҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ доир инкишофи муосири Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.[3].
Фаъолияти осорхона
вироишАз нахустин рӯзҳои фаъолияти осорхона, вай ба маркази маърифат ва боргоҳи илми таъриху кишваршиносии кишвар табдил ёфтааст. Дар фаъолияти осорхона шаклҳои гуногуни кори оммавӣ-тарғиботӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки барои меҳмонон, сокинони вилоят, ҷавонон ва кӯдакон нигаронида шудаанд. Дар назди осорхона бо ташаббуси аввалин сарвари осорхона профессор Ҳабибулло Холҷӯраев Маркази илмии олимони соҳаи таърих «Ғафуровшиносӣ» («Гафуроведение») таъсис ёфта буд, натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии он оид ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва таърихи шахсиятҳои маъруфи ноҳияи Ғафуров ва вилояти Суғд таълифу нашр шудаанд (нигаред ба номгӯи адабиёт). Кормандони осорхона инчунин, дар омодаву таълифи асарҳои бадеӣ саҳми хешро гузошта истодаанд. Аз ҷониби онҳо якчанд қомусу асарҳои бадеӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидаанд. Аз соли 2015 нашрияи даврии осорхона рӯзномаи «Ёднома» таълиф гардида ба сокинони ноҳия барои мутолиа тақсим карда мешавад.
Кормандони осорхона мунтазам доир ба истиқболи ҷашнҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои оммавӣ-тарбиявӣ, намоишномаҳои нав ба нави экспонатҳои осорхонаро омода месозанд. Ба душвориҳои таъминоти молиявӣ (осорхона зертобеи ноҳияи Ғафуров аст ва маблағгузорӣ аз буҷаи ноҳия мебошад) нигоҳ накарда, сарвари осорхона, профессор Ҳабибулло Холҷӯраев аз хазинаи молиявии шахсиаш барои барои ободу рушди он мунтазам маблағгузорӣ менамояд. Дар зарфи фаъолияти хеш дар назди осорхона: Осорхона-комплекси профессор Ҳ. Холҷӯраев (иборат аз китобхона, толорҳои «Таърихи Тоҷикистон», «Шахсиятҳои барҷастаи вилояти Суғд», «Олимони вилоят», «Табибони вилоят», «Қаҳрамонони ҶБВ (1941-1945) аз вилояти Суғд», «Осорхонаи табиат», «Гӯшаи осорхонаи академик Б. Ғафуров дар саҳни ҳавлӣ» ва диг. барои шаҳрвандон ва меҳмонон омода карда шудаанд. Маркази илмии «Ғафуровшиносӣ» («Гафуроведение») доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таъриху кишваршиносӣ тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Марказ якчанд китобу рисолаҳои илмӣ ва китобҳои илмиву оммавиро ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр намудааст, ки дар таълифоти рисолаву китобҳо таҳти роҳбарии илмии доктори илмҳои таърих Ҳабибулло Холҷӯраев инчунин, ходимони илмии осорхона Раъно Иркаева, Шариф Нуриддинов, Акмал Қаландаров, Ўктам Эргаш, Мавлуда Муродова ҳиссаи хешро гузоштаанд.
Навсозии осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров
вироиш14 ноябри соли 2023 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад. Дар осорхона нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуровро фаро мегиранд.
Дар осорхона гӯшаҳое, чун “Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор”, “Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров” ва дигар бахшҳо ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин як гӯшаи осорхона ба китоби “Тоҷикон” бахшида шудааст. Дар ин гӯша асосан намунаи асбобу олоти гуногуни қадимӣ, намунаи ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадим, ки дар китоби “Тоҷикон” бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд, ҷой дода шудаанд.
Зимни боздид иброз гардид, ки гӯшаи “Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” оид ба қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби Сарвари давлат ва дигар иқдому ташаббусҳои муҳиме, ки барои зиндаву ҷовид мондани номи академик анҷом дода шудаанд, маълумот медиҳад. Дар маҷмуъ осорхона аз се бахш — “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғоти мероси академик” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат мебошад.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявӣ ҳамчунин сару либос, мизу курсии корӣ, расмҳои гуногун аз фаъолияти кориву рӯзгори академик ҷойгир буда, дар ин баробар нусхаи мукофоту ҷоизаҳои ӯ дар гӯшаҳои алоҳида гузошта шудаанд. Пас аз навсозиву таъмир ифтитоҳ гардидани ин иншоот, бешубҳа, ба тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ намудани нигораҳои ҷамъовардашуда ва рушди таҳқиқу омӯзиши бештари рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидати амиқ менамояд. Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ гардид.[4]
Сарварони осорхона
вироиш- Ҳабибулло Холҷӯраев (1998-2021), профессор, доктори илмҳои таърих.
- Муқаддам Дадаҷони Ҳошимзода, (аз 15 июли соли 2021)
Намунаи осор
вироиш- Гафуроведы и гафуроведение. — Душанбе: «Ирфон», 2010, - 276 с.;
- 45 – солагии Ҷамоати Ғозиён. — Хуҷанд, 2010. - 138 с.;
- Синфдошлар. — Ғафуров, 2010. - 184 с.;
- Гулчилар оиласи. — Хужанд, 2011. – 48 с.;
- Х.Холджураев, М. Сохибназаров, Б.Шарипова. Жизнь учёного в науке. — Худжанд, 2011. – 100 с.;
- Рахимберди Рӯзиев. Бизнинг шажара (булар менинг авлодим). — Ғафуров, 2011. – 78 с.;*
- Ҳ. Холҷӯраев, Б. А. Аҳмадзода. Энциклопедияи тиббӣ вилояти Суғд. Бо таҳрири профессор Д.Р. Сангинов. – Хуҷанд, 2011. – 1449 с. (подготовлено рукопись к изданию);
- Ҳ. Холҷӯраев, М. Соҳибназаров. Тилло: Корхонаи аввалин, Қудрати давлат, Боигарии миллат… — Хуҷанд, 2011. – 60 с.;
- Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. — Хужанд, 2011. – 224 с.;
- Х.Холжӯраев, Ш. Нуриддин. Исписор: муқаддас замин, улуғлар даргоҳи. — Хужанд, 2011.- 48 с.;
- Х.Холжӯраев, А. Қаландар. Қабрдан мактуб. Тошдан нидо. Ёднома. — Ғафуров, 2012. – 320 с.;
- Х.Холджураев, Г.Зоиров. Академик Б.Г.Гафуров в памяти народа. — Худжанд, 2012. – 196 с.;
- Х.Холжӯраев, А. Қаландар. Меҳр булоғи. — Ғафуров, 2012. – 196 с.;
- Таджикистан: миллиарды под ноғами (золото, цветные металлы и металлургия). Материалы. Кн.1. -Худжанд, 2012.- 585 с.;
- Таджикистан: миллиарды под ноғами (золото, цветные металлы и металлургия). Материалы. Кн. 2.— Худжанд,2012.-480 с.;
- Х.Холджураев, М. Жӯрахон. Ижодимиздан Исписор: III китоб. — Ғафуров, 2012. – 449 с.;
- Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012. – 956 с. ва диг.[5]
Адабиёт дар бораи осорхона
вироиш- Гафуроведы и гафуроведение. — Душанбе: «Ирфон», 2010, - 276 с.
- Саъдиев Ш.С., Шарифзода Ф. История создания и деятельности республиканского музея академика Б. Гафурова//Паёмномаи фарҳанг, 2015, № 4, с. 215-220
- Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Республиканский музей академика Б.Г. Гафурова
- ↑ Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров.Он туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад(тоҷ.). www.ctd.tj (2023). 14 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров — макони дӯстдоштаи сайёҳони ҷаҳон(рус.). tiroz.org. 24 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд(тоҷ.). www.khovar.tj (2023). 14 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016