Раҳмондӯсти Қурбониён

ҳаҷвнигор

Раҳмондӯсти Қурбониён (Раҳмонқул Қурбонов; 8 марти 1944, деҳаи Кангурт, ноҳияи Қизилмазор — 6 марти 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, когардон ва ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002).

Раҳмондӯсти Қурбониён
Ном ба ҳангоми таваллуд: Раҳмонқул Қурбонов
Таърихи таваллуд: 8 март 1944(1944-03-08)
Зодгоҳ: ноҳияи Қизилмазор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 6 март 2021(2021-03-06) (76 сол)
Маҳалли марг: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигор
Корнома: 1964—2021
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 7304048

Зиндагинома

вироиш

Раҳмондӯсти Қурбониён 8 марти соли 1944 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Қизилмазор (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1960 ба студияи актёрии назди Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки бо номи асосгузори театри касбии тоҷик Ефим Исаевич Мителман ҳамчун «Студияи Мителман» маъруф аст, дохил гардид ва дар соли 1964 онро хатм кард[1].

Соли 1974 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил гардида, нозукиҳои касби коргардониро аз худ намуд.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Соли 1964 ба Театри халқии ноҳияи Москва ба кор рафт. Солҳои 1967—1969 роҳбари бадеии Хонаи маданияти шаҳраки Фархор, 1971—1988 роҳбари бадеии театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ, 1969—1970 ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб, 1989—1991 коргардони ансамбли фолклорӣ-этногарафии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1992—2010 ҳунарпеша ва коргардони Театри намунавии минётурии «Оина» буд.

Солҳои 2010—2012 ба ҳайси коргардони дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, барномаҳои хурду бузургҳаҷми хеле ҷолиби онҳоро барои ширкат дар ҷашнҳои миллӣ ва байналмилалӣ (Истиқлоли давлатӣ, Наврӯз ва ғайраҳо) таҳия намудааст.

Ӯ минбаъд ба ансамбли «Наврӯз»- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор гузашт ва роҳбарии ансамблро бар уҳда дошт.

Доманаи эҷодаш фарох аст, дар зиёда аз сад саҳнача, спектаклҳои театрию телевизионӣ нақшҳои гуногун бозидааст, дар хондани сурудҳои ҳаҷвӣ ва бадеҳа, тақлид истеъдоди баланд дошт.

Синамо

вироиш

Раҳмондӯсти Қурбониён аз солҳои аввали донишҷӯйӣ ба синамо рағбати беандоза дошт. Соли 1962 дар филми «Коваи оҳангар»-и Борис Кимёгаров нақши нахустини худро иҷро намуда буд.

Дар филмҳои «Братан» ва «Қош ба қош»-и Бахтиёр Худойназаров, «Ситораҳои сари танӯр»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, «Сароби биҳишт»-и Юнус Юсуфов, «Муҳаббат»-и Умед Мирзоширинов, «Пуштаи хандақпеч» ва «Баҳори як кӯча»-и Саидҷон Қодирӣ, «Баррачаи хаёлӣ»-и Абдулҳай Зокиров, «Сазои вафо»-и Муҳаммадрабӣ Исмоилов, «Чарх»-и Шаҳзод Раҷабов, «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов ва чандин филмҳои дигар нақш бозидааст.

Даргузашт

вироиш

Раҳмондӯсти Қурбониён рӯзи 6 марти соли 2021[2] бар асари бемории саратони рӯда[3] дар шаҳри Душанбе даргузашт[4].

  1. Ҳотами Ҳомид. Ҳунарпешае, ки ӯро ҳама мешиносанд. www.ruzgor.tj. «Рӯзгор» (19 марти 2014). 7 марти 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Даргузашти ҳаҷвнигори шинохта Раҳмондӯсти Қурбониён дар 77-солагӣ. www.asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. 7 марти 2021 санҷида шуд.
  3. Раҳмондӯсти Қурбониён, ҳаҷвнигору ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 7 марти 2021 санҷида шуд.
  4. Ду рӯз пеш аз зодрӯз: ҳунарманди шинохта Раҳмондӯсти Қурбониён ҳам даргузашт(тоҷ.). Sputnik Tajik. 7 марти 2021 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.