Ризвоншоҳ Иҳмолшоев
Ризвоншоҳ Иҳмолшоев (форсӣ: رضوان شاه احمال شاه, 1931 — 16 апрели соли 2019, Ёгед, ноҳияи Дарвоз) — ҳофиз ва мутриб, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973).
Ризвоншоҳ Иҳмолшоев | |
Таърихи таваллуд | 1931 |
Зодгоҳ | Ёгед, ноҳияи Дарвоз |
Таърихи даргузашт | 16 апрел 2019 |
Маҳалли даргузашт | ҳамонҷо |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | мутриб, сароянда |
Соз | рубоб |
Сабк | суннатӣ |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон |
Ризвоншоҳ Иҳмолшоев соли 1931 дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Қалъаихум, ВМБК ба дунё омадааст.
Соли 1961 Омӯзишгоҳи республикавии маданию маърифатӣ дар ноҳияи Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1950 – 1959 мудири клуб ва китобхона ва аз соли 1961 мудири Хонаи маданияти деҳаи Ёгед буд. Услуби сарояндагии Ризвоншоҳ Иҳмолшоев ба сабки Шариф Ҷӯраев наздик аст. Иҳмолшоев дар сурудҳояш замони босаодат, Ватан, диёри маҳбуб, ишқу вафо ва ғайраро тараннум кардааст. Бо нишонҳои «Барои меҳнати шоён», «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин»» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |