Николай Римский-Корсаков
Николай Андреевич Римский-Корсаков (1844-1908) — композитор, педагог ва дирижёри барҷастаи рус.
русӣ: Николай Андреевичъ Римскій-Корсаковъ русӣ: Николай Андреевич Римский-Корсаков | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 6 (18) март 1844[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 июн 1908[2][3] (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, мусиқишинос, зиндагиноманавис, омӯзгори мусиқӣ, назарияпардози мусиқӣ, устоди донишгоҳ, ходими низомӣ, либреттонавис |
Соз | фортепиано |
Сабк | опера, симфонӣ ва мусиқии килоссик[d] |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Зиндагинома
вироишРимский-Корсаков соли 1862 Корпуси баҳранавардиро хатм кард. Дар солҳои 1861-1862 Римский-Корсаков бо роҳбарии М. Балакирев таълими мусиқӣ омӯхт. Ӯ бо Дастаи муқтадир («Молучая кучка») шинос шуда, бо ҳайати он дӯстӣ пайдо кард. Ин дӯстӣ муддати 2-сол канда шуд ба сабаби саёҳати даври олами Римский-Корсаков. Асарҳои дар ин давра навиштаи Римский-Корсаков – Симфонияи якум, Манзараи симфонии «Садко», операи «Псковитянка» мебошанд. Дар соли 1871 композитор ба Консерваторияи Петербург (ҳоз. Санкт – Петербург) даъват шуда, то охири умр профессори он монд. Дар тӯли якчанд сол ӯ инспектори оркестрҳои флоти ҳарбиро ба уҳда дошт, ёрдамчии раёсати Капеллаи сурудхонҳои дарборӣ, директори Мактаби мусиқии ройгон буд; С.-ҳои 80-ум Кружоки Беляевскийро роҳбарӣ кард, дар ҳайти мусиқӣ – ҷамъиятӣ, консертӣ фаъол буд. Осори эҷодии композитор бузург аст. Римский-Корсаков 15 опера офаридааст (аз ҷумла «Афсона дар бораи шоҳ Султон», «Хурӯсчуҷаи тилоӣ», «Шаби майӣ», «Маликаи барфин» ва ғайра). Римский-Корсаков муаллифи 3 симфония ва якчанд асарҳои симфонӣ (аз ҷумла Консерт барои фортепиано, сюитаи «Шаҳризод», Капричиои испанӣ), 3 кантата, асарҳои камеравӣ – созӣ, қариб 80 романс мебошад. Дар 37 соли омӯзгориаш зиёда аз 200 нафар мусиқичиёни барҷастаро тарбия намудааст, ки Глазунов, Лядов, Стравинский, Мясковский, Прокофев, Лисенко, Витол, А. Капп, Спендиаров, Баланчивадзе, Ф. Блуменфелд ва диг. аз ҷумлаи онҳоянд. Корҳои илмӣ – педагогии таълифнамудаи Римский-Корсаков – «Асосҳои оркестровка» ва «Китоби дарсии гармонияи таҷрибавӣ» мавқеи муҳим доранд. Ҳаёт ва эҷодиёти Римский-Корсаков, классики мусиқии рус ва устоди барҷастаи санъати мусиқии ҷаҳонӣ – мисоли бузургест бар халқи худ ва шукуфоии фарҳанги миллаташ.[7]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Э., Риман Г. Римский-Корсаков (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. Юргенсон — М.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 3. — С. 1112—1115.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Rimsky-Korsakov, Nicolas Andreievich (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 23. — P. 348.
- ↑ 5.0 5.1 Римский-Корсаков Николай Андреевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Slonimsky N., Taruskin R., Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.315. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)