Россини Ҷоаккино
Ҷоаккино Россини (1792-1868) — композитори барҷастаи итолиёӣ.
итол. Gioachino Antonio Rossini | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | итол. Gioachino Antonio Rossini |
Таърихи таваллуд | 29 феврал 1792[1][2][2][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 13 ноябр 1868[1][2][2][…] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | аз 1810 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Соз | виолончел |
Сабк | опера, Кантата ва мусиқии килоссик[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҶоаккино Россини таҳсили мусиқиро дар литсеи Болонск гирифт ва дар сини 14-солагӣ узви Академияи филармонияи Болонск интихоб гардид. Ӯ фортепиано, скрипка, виолончелро хеле хуб менавохт, дар шаҳрҳои Италия бомуваффақият консерт намоиш медод ва де-ре нагузашта дар ин кораш обрӯманд гашт. Россини ҳамчун композитори операнавис машҳур гардид. Махсусан операҳои «Танкред» ва «Итолиёвидухтар дар Алжир», ки ҳарду с. 1813 офарида шуданд, ба ӯ шуҳратмандии зиёд оварданд. Операи ҳаҷвии «Сартароши севилӣ» дар таърихи санъати мусиқӣ, яке аз беҳтарин офаридаҳои Россини ба шумор меравад. Дар арафаи инқилоби Фаронса (1830), ӯ операи қаҳрамонӣ – патриотии «Вилгелм Телл» (аз Шиллер)-ро менависад, ки дар инкишофи жанри операи калони фаронсавӣ нақши муҳим бозидааст. Эҷодиёти операвии Россини бо мавзӯъҳои ҳаётӣ, хушоҳангии бардавом, коркарди бисёр хуб, маводи вокалӣ, моҳирона, ҷиллои устодонааш фарқ карда меистод. Ӯ санъати операи ҷаҳониро бой гардонида, ба инкишофи театри мусиқавии Итолиё ва Фаронса боис шуд. Осораш – аз 39 опера, 2 симфония барои оркестр, кантатаҳо, гимнҳо, ансамблҳои камеравӣ – созӣ, пиесаҳо барои фортепиано, барои овоз бо фортепиано, мусиқии нафасӣ ва ғ. иборат аст.[5]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Grove Music Online (ингл.) — OUP.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.319. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)