Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) — кишварест дар Амрикои Шимолӣ. Ин кишварро аксар вақт, ҳамчунин Амрико низ меноманд. Сокинони ин кишвар амрикоиҳо мебошанд. Қисми асосии ҳудуди ИМА дар қитъаи Амрикои Шимолӣ ҷойгир аст. Кишвар дар Шарқ бо укёнуси Атлантика, дар Ғарб бо уқёнуси Ором, дар ҷануб бо Мексика ва дар Шимол бо Канада ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти ИМА — шаҳри Вашингтон дар ҳавзаи Колумбия воқеъ аст. Шаҳрҳои бузургтарин: Ню Йорк, Лос Анҷелес, Техас, Чикаго ва диг.
![]() |
![]() |
![]() | |
Шиор: «Ба Худо боварӣ дорем» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико|Суруди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико | |
Рӯзи истиқлолият | (аз 4 июли 1776) |
Забони расмӣ | Инглисӣ |
Пойтахт | Вашингтон |
Шаҳри калонтарин | Ню-Йoрк |
Идораи давлат | Ҷумҳурии федеролӣ конститутсионӣ |
Президент | Ҷо Байден |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
3-ум ҷой дар ҷaҳон 9,857,306 км² 2.23 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2019) • Зичӣ |
3-ум ҷой дар ҷaҳон 328 915 700 34,55 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ • Ба сари аҳолӣ |
1-ум ҷой дар ҷaҳон 16.768 трлн. $ 53,001 $ |
Пули миллӣ | Доллари ИМА |
Интернет-Домен | .us .gov .mil .edu |
Коди телефон | +1 |
Соат | UTC -5 to -10 |
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
|
ЧуғрофияВироиш
Мавқеи ҷойгиршавӣВироиш
Масоҳати асосии ИМА (бо ном иёлатҳои қитъавӣ) қитъаи Шимолии Амрико дарбар гирифта аз соҳили уқёнуси Атлантик аз ҷониби Шарқ то соҳили уқёнуси Ором дар Ғарб тӯл кашидааст. ИМА дар ҷануб бо Мексика, дар шимол бо Канада ҳамсарҳад аст. Ба ғайр аз ин ба ИМА боз ду иёлат дохил мешавад. Дар қисми шимолу-шарқии Амрико иёлати Аляска ҷойгир аст, ки ҳамчунин бо Канада ҳамсарҳад мебошад. Дар уқёнуси Ором иёлати Гавайӣ [1](англ. Hawaii), ки дар ҷазираҳои Гавайӣ, маркази уқёнуси Ором, нимкураи шимолии Замин, 3700 км дуртар аз ҳудуди қитъавии ИМА, воқеъ аст. Ба ҳайати ИМА ҳамчунин якчанд ҷазираҳо дар баҳри Кариб монанди Пуэрто-Рико, дар уқёнуси Ором (Самоаи Амрикоӣ, Мидуэй, Гуам ва ғайраҳо) дохил мешаванд.
Масоҳати тобеъшудаВироиш
Дар зери тобеъи ИМА якчанд ҷазираҳо, дорои нишонаи гуногун ҳастанд, лекин ин ҷазираҳо ба давлат дохил намешаванд. Дар қисмати ҷазираи азхуднашудаи атолли Палмира пурра Конститутсияи ИМА ба кор меравад. Қисмати дигараш бошад аз рӯи қонуну қоидаи хеш амал мекунад. Аз ҳама бузаргтарин аз ҷазираҳои тобеъи ИМА, Пуэрто-Рико мебошад.
ТаърихВироиш
Санаҳои таърихӣВироиш
- 1620 — аввалин мустамликаи Бритониёи Кабир дар Амрикои Шимолӣ Плимут таъсис гардидааст, маркази Англияи нав, маркази таърихии ИМА аст.
- 1626 — Ҳоланд шаҳраки Амстердами Навро таъсис медиҳад, ки дертар ба шаҳри Ню-Йорк табдил ёфт.
- 1776, 4 июл — Декларатсияи соҳибистиқлоли ИМА аз Британияи Кабир қабул гардид. 4 июл — Рӯзи истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.
- 1812—1815 — иштироки ИМА дар ҷанги соли 1812.
- 1814, 24 август — руй додани сухтори шаҳри Вашингтон аз ҷониби қушунҳои бритонӣ.
- 1814, 24 декабр — ба имзо расидани Шартномаи Гент.
- 1815, 8 январ — шикаст хурдани қушунҳои бритонӣ дар задухӯрди назди шаҳри Ню-Орлеан (Орлеани Нав).
- 1815, 17 феврал — Шартномаи Гент, эълони расмии ба охир расидани ҷанг.
- 1819, 21 феврал — тасдиқи шартномаи Адамс-Онис оиди Флорида ба маблағи 5 млн доллар.
- 1830 — Конгресси ИМА қонун оиди депортатсияи ҳиндуҳои қисмати шарқии соҳили ИМА-ро ба Оклахома кабул менамояд, (Indian Remove Act).
- 1846—1848 — ҷанги забткорона бар зидди Мексика, дар оқибати ин ҷанг, иёлатҳои ҳозираи қисми ҷанубӣ-ғарбӣ, яъне ними ҳудудҳои замини Мексика ба ҳудуди ИМА ҳамроҳ карда шудаанд.
- 1861—1865 — Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА; нест кардани боқимондаҳои ғуломдорӣ дар ИМА.
- 1867 — харидории нимҷазираи Аляска аз имперотурии Русия.
- 1917 — дохил шудани ИМА ба Ҷанги якуми Ҷаҳон ва ҷонибдори Иттиҳоди ҳарбии Антанта гардидани он.
- 1941-1945 — иштироки ИМА дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҷониби иттиҳоди давлатҳои зиддифашистӣ.
- 1941, 7 декабр — ҳамлаи ҷопониҳо ба базаи ҳарбии Перл-Харбор, дохил гардидани ИМА ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳон.
- 1945, 6 август ва 8 август — ИМА ба шаҳрҳои Ҳирошима ва Нагасаки (Ҷопон) бомбаи атомӣ мепартояд: дар натиҷа тақрибан 150 ҳаз. наф. одам ҳалок мешаванд.
- 1945, 15 август — Рузи Ғалаба бар зидди Ҷопони милитаристӣ. (V-J Day)
- 1960, август-октябр — миллигардонидани корхонаҳои шахсии амрикоӣ дар Куба.
- 1960, ноябр — ғалабаи Ҷон Фиҷералд Кеннеди (ҳизби демократии ИМА) дар интихоботи президентӣ.
- 1961, 20 январ — ба мансаби Президенти ИМА таъйин гардидани Ҷон Кеннеди.
- 1961, 5 май — Алан Шепард дар киштии «Меркурий» ба кайҳон парвоз намуд.
- 1962, 3 феврал — Ҷон Кеннеди хариду фурушро бо давлати Куба манъ кард.
- 1962, — руй додани бӯҳрони Кариб.
- 8 сентябри 1962 — мушакҳои атомии ИҶШС СС-4 ва СС-5, ки ба ИМА хатаровар буд ба воситаи киштиҳо ба Куба ворид карда шуданд.
- 22 октябри 1962 — баромади президенти ИМА Ҷон Кеннеди бо воситаи телевизион оид ба масъалаи бӯҳрони Кариб.
- 28 октябри 1962 — баъди гуфтушунидҳои дуру дароз сарвари Иттиҳоди Шуравӣ, Н.С. Хрушёв оид ба баровардани мушакҳои атомии ИҶШС аз Куба эълон намуд.
- 1963, май — баромадҳои оммавии аҳолии сиёҳпусти Бирмингем (иёлати Алабама) бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва нажодпарастӣ.
- 1963, 22 ноябр — аз ҷониби террорист кушта шудани президенти ИМА Ҷон Кеннеди.
- 1964 — 1973 — иштироки ИМА дар чанги Ветнам.
- 1969, 21 июл — кайҳонавард Нил Олден Армстронг бори аввал ба рӯи Моҳ баромад.
- 1991 — иштироки ИМА дар ҷанг дар халиҷи Форс.
- 1992, 30 апрел — 2 май — исёни сиёҳпустон дар Лос-Анджелес.
- 1999 — «интервенсияи гуманитарӣ» бар зидди Югославия.
- 2001 — ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба ИМА
- 2003 — иштироки ИМА дар ҷанги Ироқ.
- 2005, сентябрь — тӯфони «Катрина», зери об мондани шаҳри Орлеани Нав, рӯй додани бетартибиҳо дар шаҳр.
- 2007 — буҳрони ипотекӣ дар кишвар.
- 2008, сентябр — саршавии буҳрони молиявӣ дар ИМА.
- 2011, март — октябр — амалиёти низомӣ зидди Либиё.
- 2014, сентябр — иштироки ИМА дар ҷанги шаҳрвандии Сурия.
Сохти маъмурӣ сиёсӣВироиш
Тақсимоти маъмурӣВироиш
Давлати ИМА аз 50 иёлат иборат буда, ҳамаи онҳо баробарҳуқуқ мебошанд, ва ҳамчунин Вашингтон дар ҳавзаи Колумбия дорои мақоми пойтахт мебошад. Ҳар як иёлат дорои конститутсияи хеш, ҳокимияти қонунбарор, иҷрокунанда ва судӣ мебошад. Иёлат иборат аз каунтиҳо (дар Луизиана таърихан калимаи «ҷамъомад» (англисӣ: parish), (дар Аляска калимаи "ҳавза" (англисӣ: borough)) истифода бурда мешавад, аст — нисбатан қитъаҳои маъмурии хурдтаре мебошанд ва ҳуқуқҳои ҳукмронии маҳдудтар доранд. Ҳуқуқи каунтиҳо аз он иборат мебошад, ки ба инститҳои давлатӣ назорат баранд.
- Иёлатҳои ИМА
Иёлатҳо |
Масоҳат, ҳаз. км² (1996) |
Шумора, млн наф. (1996) |
Тобеъияти маъмурӣ | |
Айдаҳо (Idaho) |
216 |
1,2 |
Бойсе (Boise) | |
Айова (Iowa) |
146 |
2,9 |
Де-Мойн (Des Moines) | |
Алабама (Alabama) |
133,9 |
4,3 |
Монтгомери (Montgomery) | |
Аляска (Alaska) |
1523 |
0,6 |
Ҷуно (Juneau) | |
Аризона (Arizona) |
295 |
4,4 |
Финикс (Phoenix) | |
Арканзас (Arkansas) |
138 |
2,5 |
Литл-Рок (Little Rock) | |
Вирҷинияи Ғарбӣ (West Virginia) |
62,6 |
1,8 |
Чарлстон (Charleston) | |
Вайоминг (Wyoming) |
253,4 |
0,5 |
Шайенн (Cheyenne) | |
Вашингтон (иёлат) (Washington) |
176,5 |
5,5 |
Олимпия (Olympia) | |
Вермонт (Vermont) |
24,9 |
0,6 |
Монтпилйер (Montpelier) | |
Вирҷиния (Virginia) |
105,2 |
6,7 |
Ричмонд (Richmond) | |
Висконсин (Wisconsin) |
169,6 |
5,2 |
Мадисон (Madison) | |
Гавайӣ (Hawaii) |
16,7 |
1,2 |
Гонолулу (Honolulu) | |
Ҷорҷия (Georgia) |
152,6 |
7,4 |
Атланта (Atlanta) | |
Делавэр (Delaware) |
5,3 |
0,7 |
Довер (Dover) | |
Иллинойс (Illinois) |
150 |
11,9 |
Спрингфилд (Springfield) | |
Индиана (Indiana) |
94 |
5,8 |
Индианаполис (Indianapolis) | |
Калифорния (California) |
411 |
31,9 |
Сакраменто (Sacramento) | |
Канзас (Kansas) |
213,1 |
2,56 |
Топика (Topeka) | |
Кентуккӣ (Kentucky) |
104,6 |
3,9 |
Франкфорт (Frankfort) | |
Колорадо (Colorado) |
270 |
3,8 |
Денвер (Denver) | |
Коннектикут (Connecticut) |
12,9 |
3,3 |
Хартфорд (Hartford) | |
Луизиана (Louisiana) |
125,6 |
4,4 |
Батон-Руж (Baton Rouge) | |
Массачусетс (Massachusetts) |
21,4 |
6,1 |
Бостон (Boston) | |
Миннесота (Minnesota) |
225,2 |
4,7 |
Сент-Пол (St. Paul) | |
Миссисипӣ (Mississippi) |
123,5 |
2,7 |
Ҷэксон (Jackson) | |
Миссурӣ (Missouri) |
180,5 |
5,4 |
Ҷефферсон-Сити (Jefferson Sity) | |
Мичиган (Michigan) |
250,5 |
9,6 |
Лансинг (Lansing) | |
Монтана (Montana) |
380,8 |
0,9 |
Хелина (Helena) | |
Мэн (Maine) |
85,8 |
1,2 |
Огаста (Augusta) | |
Мэриленд (Maryland) |
27,1 |
5,07 |
Аннаполис (Annapolis) | |
Небраска (Nebraska) |
200,3 |
1,7 |
Линколн (Lincoln) | |
Невада (Newada) |
286,4 |
1,6 |
Карсон-Сити (Carson City) | |
Ню-Ҷерсӣ (New Jersey) |
20,2 |
8 |
Трентон (Trenton) | |
Ню-Йорк (иёлат) (New York) |
137,3 |
18,2 |
Олбани (Albany) | |
Ню-Мексико (New Mexico) |
315 |
1,7 |
Санта-Фе (Santa Fe) | |
Ню-Ҳэмпшир (New Hampshire) |
24 |
1,2 |
Конкорд (Concord) | |
Оҳайо (Ohio) |
116,1 |
11,2 |
Колумбус (Columbus) | |
Оклаҳома (Oklahoma) |
181,1 |
3,3 |
Оклаҳома-Сити (Oklahoma City) | |
Орегон (Oregon) |
251,2 |
3,2 |
Сейлем (Salem) | |
Пенсилвания (Pennsylvania) |
118,5 |
12,1 (1994) |
Харрисберг (Harrisburg) | |
Род-Айленд (Rhode Island) |
3,2 |
1,0 |
Провиденс (Providence) | |
Дакотаи Шимолӣ (North Dakota) |
183 |
0,7 |
Бисмарк (Bismarck) | |
Каролинаи Шимолӣ (North Carolina) |
136,4 |
7,3 |
Роли (Raleigh) | |
Теннессӣ (Tennessee) |
109,2 |
5,3 |
Нашвилл (Nashville) | |
Техас (Texas) |
691,2 |
19 |
Остин (Austin) | |
Дакотаи Ҷанубӣ (South Dakota) |
199,7 |
0,7 (1994) |
Пирр (Pierre) | |
Каролинаи Ҷанубӣ (South Carolina) |
80,6 |
3,7 |
Колумбия (Columbia) | |
Флорида (Florida) |
152 |
14,4 |
Таллахасси (Tallahassee) | |
Юта (Utah) |
219,9 |
2 |
Солт-Лейк-Сити (Salt Lake City) | |
Ҳавзаи Колумбия (Columbia) |
0,2 |
0,5 |
Вашингтон (иёлат) (Washington) |
Сохтори сиёсӣВироиш
Оиди Конститутсияи ИМА, ки соли 1787 қабул гардида буд, баъзе уҳдадориҳо оиди ҳокимияти давлатӣ ба хокимияти Федералии ИМА дода шудааст. Уҳдадории давлатӣ, ки ба зери назорати ҳокимияти федералӣ дохил намешавад, аз ҷониби иёлатщои ИМА иҷро карда мешавад.
Мувофиқи Конститутсияи ИМА принсипи тақсимоти ҳокимият амал мекунад, ки оиди он ҳокимияти федералӣ дорои ваколати ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ кор мебараyд, ки новобаста аз ҳамдигар кор мебаранд.
Ҳокимияти баланддараҷаи ҳокимияти қонунгузор — Конгресси ИМА мебошад, ки иборат аз ду палата аст:
- палатаи поёнӣ — Палатаи намояндагон;
- палатаи болоӣ — Сенат.
Ҳокимияти баланддараҷаи ҳокимияти иҷроия — президенти ИМА. Президент — сардори давлат, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст. (ба руйхати президентони ИМА назар кунед). Инчунин вазифаи ноиб-президенти ИМА муқарар шудааст.
Ҳокимяти олии ҳокимияти судӣ — суди олии ИМА мебошад.
Ҳизбҳои асосӣ — Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА ва Ҳизби демократии ИМА. Инчунин ҳизбҳои дигари хурд мавҷуд ҳастанд.
Сиёсати хориҷӣВироиш
ИМА — аъзои доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид. Узви НАТО, ОБСЕ ва диг созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аст.
ИқтисодиётВироиш
Дар соли 2005 Маҳсулоти Дохилии ИМА ба 3,6 % зиёд шуда $12,5 трлн долларро ташкил мекард.
== Қувваҳои мусаллаҳ ==с
АҳолӣВироиш
Аҳолии ИМА зиёда аз 330 млн нафарро ташкил медихад, ва дар ҷаҳон аз рӯи шумора, дар ҷойи 3-юм меистад.
ФарҳангВироиш
Ҷойҳо тамошобобВироиш
ДинВироиш
Аксари куллӣ аҳолӣ ба Дини масеҳӣ, мазҳабҳои протестантӣ ва католикӣ эътиқод дорад. Ҳамунин, ба дину мазҳабҳои дигар эътиқод намуда, дар ибодатгоҳҳои хеш маросимҳои диниашонро озодона мегузаронанд.
ИдҳоВироиш
Сана | Номи тоҷикӣ | Номи аслӣ | Эзоҳ |
---|---|---|---|
1 январ | Соли нав | (англ. New Year’s Day) | |
3-юм рӯзи душанбеи моҳи январ | Рӯзи Мартин Лютер Кинг | (англ. Martin Luther King, Jr. Day) | |
3-юм рӯзи душанбеи моҳи феврал | Рӯзи президентӣ | (англ. Presidents' Day) | Рӯзи таваллуди Ҷорҷ Вашингтон |
Рӯзи душанбеи охирини моҳи май | Рӯзи ёддошти шаҳидон | (англ. Memorial Day) | |
4 июл | Рӯзи истиқлол | (англ. Independence Day) | |
2-юм рӯзи душанбеи моҳи октябр | Рӯзи Колумб | (англ. Columbus Day) | Рӯзи кашф шудани қитъаи Америка |
11 ноябр | Рӯзи ветеранҳо | (англ. Veterans Day) | |
4-ум панҷшанбеи моҳи ноябр | Рӯзи миннатдорӣ | (англ. Thanksgiving Day) | |
25 декабр | Рӯзи таваллуди Исои Масеҳ | (англ. Christmas) |
НигаредВироиш
ПайвандҳоВироиш
- Официальный портал Федерального правительства США (англ.)
- Владимир Маяковский. Моё открытие Америки (Wikisource)
- ↑ Соединенные Штаты Америки // Атлас мира / сост. и подгот. к изд. ПКО «Картография» в 2009 г. ; гл. ред. Г. В. Поздняк. — М. : ПКО «Картография» : Оникс, 2010. — С. 168—169. — ISBN 978-5-85120-295-7 (Картография). — ISBN 978-5-488-02609-4 (Оникс).