Султонмуроди Одина
Султонмуроди Одина — рӯзноманигор, шоир, нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2001), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2001)
Султонмуроди Одина | |
Таърихи таваллуд: | 3 ноябр 1950 (73 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҳисор |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: |
нависанда, шоир, рӯзноманигор |
Зиндагинома
вироишСултонмуроди Одина 3 ноябри соли 1950 дар деҳаи шопури ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омада, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст. Дар парваришгоҳҳои навоҳии Шаҳринаву Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) парвариш ёфта, дар мактабҳои № 21 ва 56 ноҳияи Ҳисор соҳиби маълумоти миёна шудааст. Солҳои 1967—1972 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буда, баъди хатми он фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби миёнаи № 52 ноҳия оғоз намудааст. Солҳои 1974—1976 муовини директори мактаби номбурда, солҳои 1976—1980 директори мактаби миёнаи № 101 будааст. Аз соли 1980 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кор мекунад. Аввал дастурдиҳанда, аз соли 1985 котиби кумитаи иҷроия, солҳои 1990—1991 муовини раиси Шӯрои вакилони халқи ноҳия, солҳои 1991—2007 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия будааст. Солҳои 2007—2013 муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия буда, маҷаллаи «Маорифи Ҳисор»-ро таъсис додааст. Ҳоло ба ҳайси мушовири раиси ноҳия фаъолият мебарад ва сармуҳарририи маҷаллаи «Ҳисори зарнисор» ва сарварии гурӯҳи кории «Донишномаи Ҳисор»-ро бар уҳда дорад. Ҳамзамон, солҳои 1990—1992 ва 1993—1994, узви комиссияи таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994—1995 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ будааст. Дар дувоздаҳ даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор интихоб шудааст. Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Эҷодиёт
вироишБа кори эҷодӣ аз ҷавонӣ шуғл варзида, аввалин ҳикояҳояш соли 1963 дар маҷаллаи «Пионер» чоп шудаанд. Минбаъда навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ, китобҳои дастҷамъӣ ва мустақил ба табъ расидаанд. Қисса, шеър, ҳикоя, асарҳои саҳнавӣ, публитсистӣ, ҳуқуқӣ ва таълимию тарбиявӣ эҷод кардааст. То имрӯз китобу рисолаҳои ӯ «Родмарди ҳисорӣ» (1994), «Ҷамоат» (1995), «Муфтии шаҳид» (дар ҳамроҳии Х.Ашӯров, 1998), «Дарёдил» (1998), «Тобишҳои зиндагӣ» (1999), «Сарчашмаи файзу саодат» (ҳамроҳи Қ.Алиев, 2001), «Бозгашти тақдир» (2002), «Макони файзбор» (2000), «Роҳҳо ва розҳо» (2003), «Аз Душанбе то Маскав» (2000), «Мироби Ҳисор» (2004), «Зиндагиномаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Насриддин» (2004), «Роҳнамои хирад» (2004), «Пайроҳаҳои камолот» (2004), «Асрори бозубанд» (2005), «Идҳои ориёӣ» (2006), «Санои афсона» (2006), «Амалияи назорати дохилимактабӣ» (ҳамроҳи Х.Имомов,2007), «Биёед, Рӯдакӣ хонем!» (2007), «Фарзанди хуб — боғи падар» (2007, 2009), «Зилзилаи Ҳисор» (2008), «Марги қайсар» (2008), «Турсунзода дар мактаб» (2009), «Марде дар талоши ободӣ» (ҳамроҳи Ҳ.Раҳмонӣ,2009), «Тақдир ва тадбир» (2010), «Дард ва қадр» (2010), «Ҳокими кони намак» (2010), «Машъалдор» (2011), «Хазинаи малики Ҳисор куҷо шуд?» (2011), «Меҳргон» (2012), «Қиссаҳо аз таърихи Ҳисор» (2012), «Наврӯзи Аҷам» (2013), «Ҳисор: аз бостон то ин замон» (ҳамроҳи Ф.Азиз, 2013), «Талош» (2013), маҷмӯаҳои шеърии ӯ «Шукрона» (2000), «Дарди дил» (2001), «Афсонаи шафақ» (2003), «Мурғакони ризқҷӯ» (2003), «Гулчини ҳавас» (ба ҳуруфоти ниёгон,2004) «Меҳроби умед» (2005), «Гирдоби хаёл» (2006), «Боли орзу» (2005), «Хамосаи меҳр» (2007), «Шабнамшамол» (2009), «Бо шеър „Алифбо“ хонем» (2011), «Ҳадиси роҳ» (2011) ва ғ. ба табъ расидаанд. Намунаҳое аз осораш («Бахт ҳадяси»,2004) ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Дар матбуоти даврӣ беш аз 200 мақола ба табъ расонда, мураттиби кутуби «Имоми Аъзам» (ҳамроҳи С. Мӯъминов, 2008), «Ифтихори халқ ва қаҳрамони миллат» (ба пешвози 100-солагии Мирзо Турсунзода, 2009), «Ҳисори Шодмон» (2010), «Шеърдонӣ ҳунар аст» (ҳамроҳи И.Одинаева, 2011) ва ғ. мебошад.
Ҷоизаҳо
вироиш- Нишони «Сухан»;
- Аълочии маорифи Тоҷикистон;
- Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон;
- Ифтихорномаҳои давлатӣ;
- Нишони биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 170—171 ISBN 978-99947-2-379-9