Анбиё
Анбиё (араб. الأنبياء — Паёмбарон) — бисту якум сураи Қуръон. Дар Макка нозил шуда, аз 112 оят ва 7 рукӯъ иборат мебошад. Ба тартиби нузул сураи 65 аст.
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | Паёмбарон |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Тартиби нозил | 73 |
Омор | |
Рақами сура | 21 |
Шумораи оятҳо | 112 |
Ҷузъ | 17 |
Ҳизб | 33 |
Шумораи рукӯъ | 7 |
Шумораи калима | 1168 |
Шумораи ҳарф | 4890 |
Сураи гузашта | Сураи Тоҳо |
Сураи раванд | Сураи Ал Ҳаҷ |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Мундариҷа
вироишНоми Анбиё дар сура зикр нашудааст ва онро аз рӯи мазмун чунин ном кардаанд. Қисмати бештари Анбиё дар бораи ҷиҳод ва муборизаи пайғамбарони бузург (а) бар зидди бутпарастӣ аст.
Дар он баъди зикри Мусо (а) ва Ҳорун (а) ва нозил шудани Таврот баёни достони нисбатан муфассали Иброҳим (а), даъвати ӯ ба тавҳид, муборизаи ӯ бо қавми бутпарасти худаш, пирӯзӣ ва наҷот ёфтани ӯ аз оташи Намруд, раҳоии ӯ ва Лут (а) ба воситаи ҳиҷрат ба сарзамини муборак, қиссаҳои Лут (а), Нӯҳ (а), каме муфассалтар дар бораи Довуду Сулаймон (а), доварии онҳо, зиреҳсозии Довуд (а), ба Сулаймон (а) фармонбардор будани боду девҳо, қиссаҳои Айюб (а), Исмоил (а), Идрис (а), Зулкифл (а), Юнус (а) (бо номи Зуннун зикр ёфтааст), Закариё (а), Яҳё (а), Марям ва дар охир баёни Пайғамбари Ислом (с), пайғамбар фиристода шудани ӯ ва уммати ӯ оварда шудааст. Ба Яъҷуҷу Маъҷуҷ ҳам ишорате ҳаст.
Дар зимни Анбиё оятҳое низ дарҷ гардидаанд, ки мазмуни онҳо чунин аст: исботи тавҳид, накӯҳиши ширк ва мушрикон, рисолати пайғамбарон (а), аҳволи муъминон ва кофирон дар рӯзи бозпасин, қудрату тавоноии Худо, адли ӯ ва ғ.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш1 // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023).
Сураи қаблӣ: Тоҳо | Сура 21 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Ал Ҳаҷ |
Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |