Умар Зиёев

Овозхони тоҷик

Умар Зиёев (Зиёев Умар Хайруллоевич; 28 феврал 1951, ноҳияи Орҷонкидзеобод, вилояти Сталинобод17 март 2024, Душанбе) — овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989)[2], Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003)[1][3].

Умар Зиёев
Иттилооти асосӣ
Номи пурра Зиёев Умар Хайруллоевич
Таърихи таваллуд 28 феврал 1951(1951-02-28)
Зодгоҳ ноҳияи Орҷонкидзеобод
Таърихи даргузашт 17 март 2024(2024-03-17) (73 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Навъи садо тенори лирикӣ[1]
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Умар Зиёев 28 феврали соли 1951 дар ноҳияи Орҷонкизеобод ба дунё омадааст. Соли 1971 факултети механикаи Институти политехникии Точикистонро хатм кардааст[1]. Дар солҳои донишҷӯӣ дар ансамбли «Орбита»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод ва дар ансамбли донишкада суруд мехонд. Баъди хатми донишкада ба зодгоҳаш баргашта, дар яке аз корхонахо ҳамчун муҳандис ба кор даромад[4].

Дар солҳои 1973—1993 овозхони ансамбл ва солҳои 1993—2000 роҳбари бадеии ан­самбли эстрадии «Гулшан» буд[1]. Соли 2000 дастаи ҳунарии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо дастгирии вазир Ҳумдин Шарифов таъсис дод[5] ва то соли 2013 роҳбари бадеии ин ансамбл буд. Соли 2013 Умар Зиёев бо рутбаи полковники милитсия бознишаста шуд[6].

Сурудаҳо

вироиш

Бар­но­маҳои консертии Умар Зиёев асосан аз сурудҳои тоҷикӣ (эст­радӣ, классикӣ ва халқӣ), инчунин русӣ, озарӣ, афғонӣ, эронӣ, укройнӣ, беларусӣ, гурҷӣ ва ғайра иборат аст. Сурудҳои «Кишвари маҳбуб» (1982, оҳанги П. Булбул-ӯғлӣ), «Малика» (1978, оҳанги Г. Александров), «Сад раҳ дар интизорат» (1990, шеър ва оҳанги эронӣ) дар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС сурудҳои беҳ­тарини сол до­ниста шудаанд[3].

Умар Зиёев сурудҳои «Тоҷикис­тон тӯй дорад», «Су­руди тантанавии милитсия», «Ҷашни фирӯз», «Ҷони ширин» ва ғайраро бо маҳорати баланд ва лаҳни хуш сароидааст[1].

Сафарҳои ҳунарӣ

вироиш

Дар саҳнаҳои Маскав ҳунарнамоӣ[3] ва дар ҳайати ансамбли «Гулшан» ба аксар ҷум­ҳу­ри­ҳои собиқ ИҶШС ва чандин киш­варҳои дунё, аз ҷумла Олмон, Ла­ҳистон, Афғонистон, Фаронса ва ғайра сафарҳои ҳу­нарӣ кардааст.

Даргузашт

вироиш

Умар Зиёев 17 марти 2024 дар шаҳри Душанбе дар 73-солагӣ даргузашт[7].

Унвону ҷоизаҳо

вироиш

Умар Зиёев бо унвонҳои Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003) қадр шудааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Зиёев Умар Хайруллоевич // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 246. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
  2. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Д., 2016. — 863 с.
  3. 3.0 3.1 3.2 Зиёев Умар Хайруллоевич // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 291. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  4. Из механика в артисты союзного значения: Умару Зиёеву - 72(рус.). asiaplustj.info. ASIA-Plus (28 феврали 2023). 18 марти 2024 санҷида шуд.
  5. Меҳрофарин Наҷибӣ. Умар Зиёев: "Мехоҳам таърихи “Гулшан”-ро нависам". old.asiaplustj.info. ASIA-Plus (28 феврали 2023). 18 марти 2024 санҷида шуд.
  6. Артист союзного значения: 65 лет Народному артисту Умару Зиёеву. asiaplustj.info. ASIA-Plus (28 феврали 2016). 18 марти 2024 санҷида шуд.
  7. Умар Зиёев, овозхони шинохтаву роҳбари “Гулшан”-у “Сипар” даргузашт. Ӯро имрӯз дар Лучоб ба хок месупоранд. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (18 марти 2024). 18 марти 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3. Д., 2004