Факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Факултети физика яке аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1949 ҳамчун факултети физикаю математика таъсис ёфтааст. Соли 1964 факултети физика аз таркиби факултети физикаю математика ҷудо шуда, ба сифати факултети мустақил то кунун фаъолият дорад. Пас аз мустақлият то ба имрӯз сарварии факултетро ашхоси зерин: Ҳ.У. Содиқов (1965-1967; 1970-1971), С.Н. Каримов (1967-1970; 1971-1987), Ф.Х. Ҳакимов (1987-1998), Н.С. Султонов (1998-2000), А. Абдурасулов (2000-2001), Қ. Комилов (2001-2007; 2009-2011) ва Ҳ.М. Абдуллоев) (2007-2009) бар дӯш доштанд. Аз соли 2011 то имрӯз вазифаи декании факултет бар дӯши доктори илмҳои физикаю математика, профессор Солиҳов Давлат Қуватович аст.
Сохтори факултет
вироиш- Физикаи ҷисмҳои сахт (мудир, н.и.ф.-м., дотсент Қодиров Р.);
- Физикаи назариявӣ (мудир, н.и.ф.-м., дотсент Одилов О..Ш);
- Физикаи умумӣ (мудир, д.и.ф.-м., професор Ақдодов Д.М.);
- Оптикаю спектроскопия (мудир, д.и.ф.-м., профессор Муллоев Н.);
- Физикаи ҳаста (мудир, д.и.ф.-м., профессор Махсудов Б.И.);
- Методикаи таълими физика (мудир, н.и.ф.м., пдотсент Истамов Ф.);
- Электроникаи физикӣ (мудир, н.и.ф.м., дотсент Ҳамроқулов Р.Б.);
- Астрономия (мудир, н.и.ф.-м., дотсент Сафаров А.Ғ.);
- Метеорология ва климатология (мудир д.и.к., професссор Норматов И.Ш.).
- Мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо (мудир д.и.ф.-м., профессор Ҷураев Х.Ш.).
Таъсиси кафедраҳо
вироишДар ибтидои таъсиси факултет, яъне соли 1949 дар он танҳо як кафедра - кафедраи физика амал мекард, ки онро В.Ф. Лукянченко (1949-1950), К.С. Мустафин (1950-1953) ва А.В. Макагон (1953-1954) сарварӣ намудаанд. Соли 1954 кафедраи номбурда ба ду кафедра - кафедраи физикаи амалӣ (эксперементалӣ) бо сарварии дотсент Б.Н. Нарзуллоев (1955-1957) ва кафедраи физикаи умумию назариявӣ бо роҳбарии дотсент А.А. Адҳамов (1955-1957) тақсим гардид.
Соли 1957 бошад, кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ боз бо ду кафедраи мустақил - кафедраи физикаи назариявӣ ва кафедраи физикаи умумӣ табдил дода шуд. Роҳбарии кафедраи физикаи назариявиро солҳои минбаъда С.У. Умаров (1957-1964), А.А. Адҳамов (1964-1965), Ф.Х. Ҳакимов (1965-1967; 1969-1973; 1975-1979; 1982-1987; 1992-1996), Ш.Ш. Шокиров (1980-1982), Қ. Комилов (1987-1992), Ҳ.О. Абдуллоев (1996-2011), А.Қ. Зарипов (2011-2015) ба уҳда доштанд. Аз соли 2015 то имрӯз вазифаи мудирии ин кафедраро дотсент О.Ш. Одилов бар дӯш дорад.
Кафедраи физикаи умумиро бошад, солҳои баъдина А.А. Адҳамов (1957-1959), Ҳ.У. Содиқов (1957-1977), Т.Б. Бобоевв (1977-1985; 1991-2009), О.Ш. Шокиров (1985-1991), З.Н. Низомов (2009-2011) ва Ф.Х. Истамов (2011 - то ҳол) сарварӣ намудаанд.
Соли 1961 дар заминаи кафедраи физикаи умумӣ кафедраи оптика ва спектроскопия бунёд гардида, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ягона кафедрае мебошад, ки дар ин самт мутахассисони ояндаи соҳибмаълумотро омода мекунад. Сарварии кафедраро аз ибтидо то ба ҳол К.С. Мустафин (1961-1963), Л.И. Альперович (1963-1975), Б.Н. Нарзиев (1975-1986; 1991-2009), Қ.Ҷ. Ҷумъабоев (1986-1991) ба уҳда доштанд. Аз соли 2009 то имрӯз дотсент З.З. Исломов ин вазифаро ба зимма дорад.
Соли 1962 кафедраи физикаи ҳаста, яъне нахустин кафедра дар ин самт дар қаламрави Осиёи Марказӣ таъсис ёфт. Дар солҳои гуногун Л.П. Кашкаров (1960-1964), В.Ғ. Ғафуров (1964-1974), А.А. Ястребинский (1974-1979), Г.Г. Самойлов (1979-1982), Қ.Н. Шарифов (1982-1985), Н.С. Султонов (1985-1991), Љ.А. Саломов (1990-2004), Я.Ш. Шукуров (2004-2005), Ф.Н. Нормуродов (2005-2010), С.Ш. Шухиев (2010-2011) сарвари кафедра буданд. Аз соли 2011 то ҳол ин вазифаро дотсент Б.И. Махсудов содиқона ба пеш бурда истодааст.
Соли 1965 кафедраи физикаи амалӣ (эксперименталӣ) ба кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт табдили ном карда, пас аз 20 сол, яъне соли 1985 он ба худ номи кафедраи физика ва механикаи полимерҳоро гирифт. Ин кафедра яке аз марказҳои омоданамоии мутахассисони соҳибунвон буда, сарварии онро С.Н. Каримов (1965-1972; 1982-1983), Б.Н. Нарзуллоев (1972-1982), М.Қ. Қурбоналиев (1983-1997), Ш.Т. Тӯйчиев (199-2009) бар уҳда доштанд. Аз соли 2010 то имрӯз мудири ин кафедра профессор Ҳ.М. Абдуллоев мебошад.
Баъдтар, соли 1965 дар заминаи кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт Лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо (ЛПФМП) таъсис ёфта, имрӯз номи Шуъбаи илмию тадқиқотии физикаи муҳитҳои конденсиро (ШИТ ФМК) касб кардааст. ШИТ ФМК дар якҷоягӣ бо КФҶС яке аз марказҳои пурқуввати илмӣ ва таълимии омӯзиши сохтор, хосиятҳои физикаи ҷисмҳои сахт ва полимерҳо дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ ба шумор мерафтанд ва мераванд. Дар давоми фаъолияти худ шуъба дар ҳамкорӣ бо КФҶС беш аз 14 доктор ва зиёда аз 60 номзади илм тайёр кардааст. Солҳои охир шуъбаи номбурда ба Интситути илмию тадқиқотии ДМТ ҳамроҳ карда шуда, роҳбарии онро дотсент С.Х. Табаров бар дӯш дорад.
Кафедраи усули таълими физика соли 1969 таъсис ёфта, онро Т.Қ. Қодиров (1969-1976), М.Ҷ. Ҷамолов (1976-1987), A.M. Муҳаммадиева (1987-1992), Б.Ҳ. Ҳамзаев (1992-2009), И. Дӯстов (2009-2011), Т. Раҷабов (2011-2012), Н. Нарзуллоев (2012-2015) роҳбарӣ намудаанд. Аз соли 2015 то ҳол роҳбарии кафедраро узви вобастаи АТТ, профессор Т.А. Шукурзод бар уҳда дорад.
Дар факултети физика барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи астрономия соли 1980 бо ташаббуси бевоситаи академик П.Б. Бобоҷонов кафедраи астрофизика кушода шуд, вале он дер напоид ва соли 1987 баста гардид. Дар давоми ин солҳо мудирони кафедра П.Б. Бобоҷонов (1980-1981) ва Қ.Х. Саидов (1981-1987) будаанд. Соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июни соли 1999 бо пешниҳоди Институти астрофизикаи АМИТ ва дастгирии бевоситаи садорати факултети физика, раёсати ДМТ вкафедраи астрономия ба фаъолият оғоз намуд, ки нахустин мудири он П.Б. Бобоҷонов (1999-2001) буд. Солҳои 2001-2004 ва 2009-2012 профессор Х.И. Ибодинов, 2004-2009 ва 2012 - 2017 А.А. Раҳмонов, 2017-2019 н.и.ф.м. Шоимов У.М. ва аз соли 2019 инҷониб сарварии кафедра ба души Сафаров А.Ғ. мебошад.
Соли 1990 дар асоси ихтисоси «Радиофизика ва электроника», ки ҳанӯз соли 1980 кушода шуда буд, кафедраи электроникаи физикӣ таъсис гардид. Сарвари аввалини кафедра профессор В.Ғ. Ғафуров (1992-1998) буда, онро солҳои баъдина ашхоси зерин бар уҳда доштанд: С.М. Гадоев (1999-2011; 2013 - то имрӯз) ва К.Д. Азизов (2011-2013).
Соли таҳсили 1994-1995 дар заминаи кафедраи атому ҳаста тахассуси ҷадид - метеорология таъсис ёфт ва дар заминаи ин тахассус соли 1998 кафедраи метеорология бунёд ёфта, сарварии онро узви вобастаи АИ ҶТ Ф.X. Ҳакимов (1998-2009) бар дӯш дошт. Соли хониши 2009 ихтисоси метеорология ба кафедраи астрономия ҳамроҳ гардида, соли 2011 аз нав донишҷӯёнро дар ин ихтисос қабул намуд. Соли 2014 бошад, дар заминаи ҳамин ихтисос кафедраи метеорология ва климатология таъсис ёфт, ки мудири он узви вобастаи АИ ҶТ И.Ш. Норматов (2014 - то ҳол) мебошад.
Соли 2003 ихтисоси нав - мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо кушода шуда, аввалин донишҷӯёнро қабул намуд. Дар асоси ихтисоси номбурда соли 2006 кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо ба фаъолият оғоз кард. Сарварии кафедраро аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз дотсент Х.Ш. Ҷӯраев ба уҳда дорад.
Айни замон дар факултет кафедраҳои физикаи умумӣ, физикаи назариявӣ, физикаи атому ҳаста, физикаи ҷисмҳои сахт, усули таълими физика, оптика ва спектроскопия, электроникаи физикӣ, астрономия, мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо ва метеорология ва климатология фаъолият намуда, барои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз рӯйи ҳафт ихтисос: физика, астрономия, гидрометеорология ва климатология, радиофизика ва электроника, барномасозӣ, метрология, стандартизатсия ва сертификатсия ва радиоэкология мутахассисонро омода менамояд.
Соҳаи фаъолият
вироишФакултет айни ҳол маркази пурқуввати таълимию илмӣ ва муҳандисӣ буда, дар он 65 нафар устодон фаъолият мекунанд, ки дар байни онҳо 7 доктори илм, профессор, 32 нафар номзади илм, дотсент, 3 нафар Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Таҳқиқотҳои илмӣ дар 9 кафедраи факултет аз рӯи 4 самт, 9 масъала ва 10 мавзӯъҳои илмӣ иҷро мегарданд. Дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тамоми устодон, аспирантҳо ва кормандон ширкат меварзанд. Донишҷӯёни факултети физика пайваста дар олимпиадаҳо иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Дар факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён фаъолият мекунад. Факултет бо донишгоҳ ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Русия, Украина, Қазоқистон, Беларус, Эрон ва дигар кишварҳо ҳамкории илмӣ дорад. Дар ин солҳо робитаю ҳамкории факултет бо марказҳои илмию таълимии Москва, Санкт-Петербург, Тошканд ва ҳоказо густариш ёфтааст.
Хатмкардагони факултет
вироишХатмкардагони факултет воқеан дар ҳамаи ҷабҳаҳои давлатӣ ва хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи кишвар бомуваффақият фаъолият доранд. Системаи маориф, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, микроэлектроника, наноэлектроника, радиотехника, системаҳои алоқаи мобилӣ, технологияи компютерӣ аз ҷумлаи онҳост. Хатмкардагони факултет имрӯзҳо дар вазорату донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ самаранок фаъолият мекунанд: Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ, д.и.ф.м., профессор; Саидмуҳаммад Одинаев – ноиби президенти АИ ҶТ, академики АИ ҶТ, д.и.ф.м., профессор; Раҳим Маърупов – академики АИ ҶТ, д.и.т., профессор; Абдурасулов А.А. – собиқ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, н.и.ф.м., дотсент; Анвар Мақсудов – ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, н.и.ф.м., дотсент; Ҳикмат Муминов – директори Пажӯҳишгоҳи физикаю техника ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.ф.м., профессор; Холмирзо Холмуродов – мудири сектори Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия; Сарҳадов И. – ходими пешбари илмии Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия ва дигарҳо. Профессорон Фотеҳ Ҳакимов, Ҳасан Абдуллоев, Бозор Нарзиев, Тошбой Бобоев бо унвони Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Нарзиев Ҳ.Н. бо унвони корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдуллоев Ҳ.М. ва дотсент Саъдуллозода Ҳ. бо ордени «Шараф» сарфароз шудаанд.
Пайвандҳо
вироиш• [Сад арбоби маъруфи давлатию сиёсии тоҷик. "Рӯзгор" http://www.tnu.tj/index.php/tj/2012-02-15-09-31-10/10-tajik-categories/74-2014-04-04-13-45-49#kafjs Бойгонӣ шудааст 11 июли 2015 сол.]