Фарҳанги Тоҷикистон
Фарҳанги Тоҷикистон — фарҳанги чанд ҳазорсола ва ғанӣ мебошад. Тоҷикистон кишвари форсизабонон, воқеъ дар Фарорӯд ва Осиёи Миёна аст, ки ин маворид яъне дини Ислом, забони тоҷикӣ ва таърихи пурфарозу нишеби ниёкони тоҷикон, фарҳанги Тоҷикистонро ташкил додаанд. Тоҷикистон русуму ойинҳои маҳаллии бисёре дорад, ки бархе аз онҳо монанди Наврӯз дар миёни кишварҳои минтақа низ мавҷуд аст.
Фарҳанги тоҷик
вироишТаърих
вироишДар замони Шӯравӣ барои рушду такомули санъати касбӣ ва фарҳанги миллии тоҷик диққати ҷиддӣ дода шуд. Диққати асосӣ ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи санъат ва фарҳанг равона карда шуд. Дар солҳои гуногун дар ҷумҳурӣ мактаб-интернатҳои махсуси мусиқӣ, омӯзишгоҳҳои мусиқӣ (аз ҷумла Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинобод, Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Кӯлоб, Омӯзишгоҳи фарҳанги Тоҷикистон — баъдан Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатӣ ном гирифт, Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомӣ), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ташкил карда шуданд, ки дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик саҳми бузург гузоштаанд. Дар баробари ин дар солҳои гуногун гурӯҳҳои дониҷӯён барои таҳсил ба донишкадаву донишгоҳҳои марказии санъат ва фарҳанги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд. Барои таълиму тарбияи мутахассисони миллӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни санъат аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзгорон, режиссёрон ва мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба давъват карда шуданд.
Рушди санъати театр
вироишДар ин солҳо баҳри рушду равнақи санъати театрӣ кӯшишҳои бисёр ба харҷ дод. Барои муттаҳидсозии ҳунарпешагон ва фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ дар ҷумҳурӣ Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Пушкини Ленинобод, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ, Театри драмаи мусиқии Кӯлоб, Театри драмаю мусиқии Конибодом, Театри мазҳакаи мусиқии Қӯрғонтеппа, Театри лӯхтаки Душанбе, Театри лӯхтаки шаҳри Чкалов ва дар бисёр ноҳияҳо театрҳои халқӣ кушода шуданд, ки ба рушди санъати театрии Тоҷикистон такони бузурге бахшиданд. Бахусус Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ барои рушди санъати опера ва балети тоҷик, мусиқии симфонӣ саҳми арзанда гузошт. Дар саҳнаи ин театрҳо дар асоси асарҳои драманависони тоҷик, рус ва хориҷӣ намоишномаҳои бисёри ҷолибе манзури тамошобинон гаштанд. Ташкили Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1938) ва дар ҳайати он таъсис ёфтани Ансамбли тарона ва рақс, Ансамбли рубобчизанон, Ансамбли тарона ва рақси Помир, Ансамбли фолклорӣ ва этнографии «Ганҷина» дар ҳаёти фарҳангию маънавии ҷумҳурӣ воқеаи басо нек ва фараҳбахш буданд.
Ҳунарпешагони унвондор
вироишДар натиҷаи ин кӯшишҳо дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон як қатор ҳунарпешагони соҳибтахассус ба камол расиданд. Дар ин солҳо барои рушди фарҳангу санъат ва ҳунарҳои мардумӣ чандин фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир намуд. Дар ҷумҳуриҳои бародарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Даҳаҳои санъати Тоҷикистонро баргузор намуд. Барои муаррифӣ ва тарғиби фарҳангу санъати миллии тоҷик ба оламиён мунтазам сафарҳои дастаҳои ҳунарии ҷумҳуриро ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ ташкил мекард. Барои тарғиб ва рушду такомули санъати тоҷик 13 нафар ҳунарпешагони тоҷик (М. Қосимов — ҳунарпешаи театру кино, 1941; М. Ашрафӣ — дирижёр ва оҳангсоз, 1951; Ғ. Ғуломалиев — оҳангсоз, мутриб, 1957; Л. Зоҳидова — балет, 1957; Т. Фозилова — ҳунарпешаи театр, 1957; К. Ёрматов — коргардони кино, 1959; А. Бурҳонов — актёри театру кино, 1965; Ҳ. Мавлонова — сарояндаи опера, 1968; А. Бобоқулов — сароянда, 1971; Н. Волчков — ҳунарпешаи театр, 1974; М. Собирова — раққосаи балет, 1974; Ғ. Валаматзода — устоди рақс, 1976; Л. Кабирова — сарояндаи опера, 1977; Ҷ. Муродов-сароянда, 1979; М. Калонтарова (Қаландарова) — раққоса, 1984; З. Аминзода — раққоса, 1986; Ҳ. Гадоев — ҳунарпешаи театру кино, 1988) бо унвони Артисти халқии ИҶШС ва даҳҳо нафар бо унвони Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудаанд.
Сирки давлатии Тоҷикистон
вироишСоли 1968 КМ ҲК Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси Сирки давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард. Худи ҳамон сол бо Қарори Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон дар назди Сирки давлатии Тоҷикистон студияи махсуси сиркӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он ромкунандаҳои беҳтарин, муаллимони варзида, рассомону оҳангсозони мумтоз иштирок карданд. Барои рушди Сирки тоҷик аз тамоми гӯшаю канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ устодони маъруфи сирк даъват карда шуданд. 22 декабри 1977 бинои муҳташами махсуси сирк сохта ба истифода дода шуд, ки барои тамрину намоишҳо шароити мусод фароҳам овард. Дар муддати кӯтоҳ ҳунарпешагони боистеъдоди маҳаллӣ ба камол расиданд ва Сирки тоҷик барои тамошобинон барномаҳои ҷолиб пешниҳод намуд. Барномаҳои «Корвони кӯҳис тони Помир»-и Т. Юсупов, «Рақси рӯйи симтаноб»-и Р. Рисқова ва Т. Ёқубов, «Нардбони муаллақ»-и Н. Аҳмадова, ансамбли «Дӯстон»-и дорбоз Н. Алиева, «Духтари кӯзабадаст»-и М. Қодирова, «Чобуксаворон»-и С. Беҳбудӣ ва дигар барномаҳои ҳунарпешагони Сирки тоҷик дили мухлисони сиркро тасхир намуданд. Сирки тоҷик бо барномаҳои консертӣ ба бисёр шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ кард.
Муассисаҳо ва нашриёт
вироишТаъсиси нахустин осорхонаю китобхонаҳо — Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Камолуддин Беҳзод, Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Китобхонаи шаҳри Душанбе ба номи А. Лоҳутӣ ва ғ. минбаъд ба рушду нумӯи фарҳангу тамаддун, анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавии мардум мусоидат карданд. Дар системаи Вазорати маданияти Тоҷикистон солҳои 80 садаи XX беш аз 966 клуб фаъолият доштанд, ки дар онҳо дастаҳои ҳаваскорони санъат ва маҳфилҳои драмавӣ амал мекарданд ва онҳо ба марказҳои ҳақиқии корҳои фарҳангӣ-маърифатӣ табдил ёфта буданд. Аз соли 1973 корҳои табъу нашр, полиграфия ва савдои китобро Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба корҳои табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб, ки дар заминаи Комитети давлатӣ оид ба матбуоти назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ташкил шуда буд (1964), ба зимма дошт. Соли 1989 ин комитет ба Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба матбуот табдили ном карда, баъдан бо В. муттаҳид карда шуд. Дар ҳайати он Комб. полиграфии Душанбе, Матбааи № 1 (ҶШС «Матбуот»), «Санадвора», нашриётҳои «Ирфон», «Маориф», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик, «Адиб», Иттиҳодияи «Савдои китоб» фаъолият доштанд. Дар охири солҳои 80 садаи XX дар ҷумҳурӣ 50 газета, 15 маҷалла ва ҳар сол садҳо китобу брошюра ва дигар маҳсулоти чопӣ нашр мегардиданд. Аз ҷумла Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик дар 8 ҷилд «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» (1978-88), дар 2 ҷилд «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (1988, 1989), дар 2 ҷилд «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (1989, 1991) ва дигар китобҳои энсиклопедиро нашр кард.
Барномаҳо ва фестивал-озмунҳо
вироишТӯли солҳои Истиқлолият барои муназзам гардонидан ва нишон додани дурнамои рушди фарҳанг ва санъати касбӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатиро бо нақшаҳои мушаххас таҳия ва пешниҳод намуд, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшиданд. Пайи ҳам «Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007—2010» (№ 135, аз 3 апрели 2006), «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 1007—2010» (№ 239, аз 3 июли 2006), «Барномаи давлатии рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008—2015» (№ 85, аз 3 марти 2007), «Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009—2015» (№ 213, аз 31 октябри 2008), «Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011—2015» (№ 322, аз 1 июли 2010), «Барномаи давлатии компютерикунонии оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001—2013» (№ 384, аз 2 августи 2010) қабул гардиданд. Барои рушди мусиқии касбӣ ва тарғиби ҳунарҳои халқӣ як силсила фестивалу озмунҳо — Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» (1999, 2001, 2004, 2006, 2008), Фестивал-озмуни байналмилалии театрҳои касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ «Наврӯз‒2003», Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак», Фестивали байналмилалии «Шашмақом», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Эстрада‒2004», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту», Озмуни «Ганҷи шойгон», Озмуни мутрибони созҳои миллӣ «Дутори зарин», Фестивали «Таронаи чакан», Фестивали ҷумҳуриявии тарона ва рақс «Гулу гулдастаҳои як чаманем», Фестивали ансамблҳои оилавӣ «Гули мақсуд» ва ғ.-ро баргузор намуд. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ «Рӯзи Шашмақом» ва «Рӯзи Фалак» доир мегардад.
Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ
вироишДар давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ёдгориҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ аз нав пурра барқарор, 18 ёдгорӣ таъмиру тармим, 3 осорхона сохта шуд, ҳолати ҳифзи даҳҳо ёдгориҳои дигар беҳтар гардид. Ҳоло корҳои тармиму барқарорсозии 12 ёдгории таърихӣ идома дорад. Китоби «Феҳристи ёдгориҳои меъморӣ ва бостонии тамошобоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва нашр гардид, ки номгӯй ва акси рангаи зиёда аз 180 ёдгориро аз 38 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар бар мегирад. Дар Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 2 номгуй объектҳои таърихиву табиӣ дар феҳристи асосӣ сабт шудааст. Аз ҷумла, аз рӯи нишондоди: 1 — фарҳангӣ — Шаҳркадаи Саразм ва 1 — табиӣ — Боғи миллии Тоҷикистон. Дар соли 2015, 16 объектҳои ёдгориҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва табии дар қаламрави Тоҷикистон мавҷудбуда дар феҳристи номзадҳо барои ворид намудан ба феҳристи объектҳои Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудаанд. Аз ҷумла, аз рӯи нишондоди: 11 — фарҳангӣ, 5 — табиӣ.
19 ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардид. Ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки 4 — 7 июли соли 2022 дар Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид, тасдиқ шудаанд. Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид. Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.[1][2]
Китобдорӣ
вироишКитобдорӣ яке аз самтҳои фаъолияти фарҳагӣ маҳсуб мешавад. Дар ин самт аз соли 2008 ҳамасола рӯзҳои 2-9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикис тон» баргузор мегардад ва 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил мешавад. Аз соли 2007 Ҳаракати «Корвони китоб» ташкил карда шуд, ки ҳар сол як маротиба китобҳои тозанашрро ба китобхонаҳои тамоми шаҳру ноҳияҳо ба таври ройгон дастрас менамояд. Солҳои 2011, 2012 ва 2013 Намоиши байналхалқии китоби Душанбе ташкил карда шуд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар доираи ин ҳамкориҳо Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон, Озарбойҷон, ҶХХ, Ҳиндустон, Беларус, Туркманистон, Федератсияи Русия, Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (Порис) ва Рӯзҳои фарҳанги ҶХХ, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон ва ҶИЭ дар Тоҷикистон баргузор гардиданд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҷашнҳои фархундаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ваҳдат, Наврӯз, Меҳргон ва таҷлили ҷашнҳои абармардони миллати тоҷик ва дигар ҷорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон ташкил мекунад. Таҷлили ҷашнҳои 90-солагии Б. Ғафуров, 100-солагии М. Турсунзода, 960-солагии Умари Хайём, 645-солагии Камолуддини Беҳзод, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва дтг. аз ҷумлаи онҳоянд.
Дин ва мазҳаб
вироишДини аксарияти мардуми Тоҷикистон ислом аст, бар асоси охирин омори мавҷуд мусулмонон 90 % ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, 87 % ин ҷамъият сунӣи ва бештар онҳо пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Шиъаён −3 % ҷамъияти мусулмони ин кишварро ташкил дода ва бештари онҳо низ пайрави мазҳаби исмоилия ҳастанд. Аз дигар ақаллиятҳои динӣ метавон масеҳиён ишора кард, ки дарсади бисёр каме аз ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Мусиқӣ
вироишМусиқии тоҷикӣ, шабоҳати бисёре ба мусиқи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад. Шашмақом, сабки барҷастае дар мусиқии бумии тоҷик аст, агарчи фалак дар ҷануби Тоҷикистон тарафдорони зиёде дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусиқии мутафовите вуҷуд дорад.
Нигорхона
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶАҲОН:(тоҷ.). www.vfarhang.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 июли 2022.
- ↑ 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО шомил гардиданд(тоҷ.). www.khovar.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июли 2022.
Адабиёт
вироиш- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Олимов А. Ҷашни тилоӣ. Д., 2004;
- Азизӣ Ф. Фарҳанг ва истиқлол. Д., 2011.
Фарҳанги Тоҷикистон дар Викианбор |