Фирдавс Ниёзӣ
Фирдавс Ниёзӣ — омӯзгор, рӯзноманигор, номзади илмҳои филологӣ (2011), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2007), дорандаи нишони сарисинагии Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2010).
Мирзоёров Фирдавс Ниёзович | |
Таърихи таваллуд | 25 сентябр 1979 (45 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | забоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Роҳбари илмӣ | профессор Давлатбек Хоҷаев |
Ҷоизаҳо | Аълочии матбуоти Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишФирдавс Ниёзӣ 25 сентябри соли 1979 дар ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аз соли 2003 то 2004 дар ҶСП «Корпоратсияи Мусофирбар» фаъолият кардааст. Солҳои 2004-2006 дар кафедраи «Адаб ва фарҳанг»-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон ба тадрис машғул гардидааст. Аз соли 2002 то соли 2011 китобдори Китобхонаи илмии ДМТ буд. Аз соли 2012 муаллими калони факултаи филололгияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2014 ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ мебошад.
Таҳсил ва пажӯҳиш
вироишНиёзӣ Ф. соли 2003 факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дараҷаи бакалавр ва соли 2005 факултет ва донишгоҳи номбурдаро бо дараҷаи магистр хатм кардааст. Соли 2006 ба аспиратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2008 онро ба итмом расонидааст. Пас аз хатми аспирантура соли 2011 рисолаи номзадиро дар мавзӯи "Шарҳи грамматикӣ дар фарҳангҳои тафсирии асрҳои ХVI–ХIХ-и тоҷик" дифоъ намудааст. Дар мавзӯи луғатнигорӣ ва муқоисаи забонҳои корӣ тадқиқотӣ дорад.
Рӯзноманигорӣ
вироишАввалин нигоштаҳояш дар ҳафтаномаҳои «Миллат», «Фараж», «Омӯзгор» ва маҷаллаҳо «Илм ва ҷомеа», «Масъалаҳои маориф», «Маорифи Тоҷикистон» ба табъ расидаанд. Бештари навиштаҳояш ба мавзӯъҳои маориф ва соҳоти гуногуни рӯзгор нигаронида шудаанд. Чанд муддат дар ҳафтавори «Пайкон» ба сифати мусаҳҳеҳ фаъолият намудааст.[1]
Мақолот
вироиш- 1. Шарҳи баъзе унсурҳои калимасоз дар «Фарҳанги Рашидӣ / Ҷавонон ва илми муосир. - Душанбе, 2006. - С.181-185.
- 2. Авторские методы обучения на уроках таджикского языка // Учитель XXI века. - Ростов на Дону, 2007. - С.232-234.
- 3. Шарҳи изофат дар фарҳангҳои тафсирӣ // Паёми Донишгоҳи миллӣ, №7 (63),-Душанбе: Сино, 2010. - С.104-107.
- 4. Шарҳи пешоянду пасояндҳо дар фарҳангҳои тафсирӣ //Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон, №4 (230). - Душанбе: Дониш, 2010. - С.80-86.
- 5. Шарҳи баъзе пасвандҳои калимасоз дар «Фарҳанги Рашидӣ» // Паёми Донишгоҳи миллӣ, №5 (61), - Душанбе: Сино 2010. - С.85-88.
- 6. Шарҳи масъалаҳои лексикиву грамматикӣ дар муқаддимаифарҳанги тафсирии «Бурҳони қотеъ» // Паёми Донишгоҳи миллӣ, №8 (72). - Душанбе: Сино, 2011. - С.297-302
- 7. Мавқеи «Шарафномаи Мунярӣ» дар фарҳангнависии тоҷик / Забон - ҳастии миллат. - Душанбе: Ҳоҷи Ҳасан, 2013. - С.238-244.
- 8. Шарҳи вожаи «ваҳдат» дар фарҳангҳои тафсирӣ / Забон - ҳастии миллат. - Душанбе, 2013. - С.109-114.[2]
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Эзоҳ
вироиш- ↑ рӯзномаи Пайкон
- ↑ Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ, Фирдавс Мирзоёров(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.