Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода  — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[1]

Фирӯза Шарифӣ
Таърихи таваллуд: 6 октябр 1973(1973-10-06) (51 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: сиёсатмадор

Зиндагинома

вироиш

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик.

Кор ва фаъолияти собиқа:

  • Солҳои 1990—1995: донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филологияи тоҷик.
  • Солҳои 1995—1996: муҳаққиқ — коромузи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1996—1999: аспиранти шуъбаи рузонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  • Солҳои 1999—2001: мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ.
  • Солҳои 2001—2002: сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ.
  • Солҳои 2002—2003: мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ.
  • Солҳои 2003—2003: муовини сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон.
  • Солҳои 2003—2006: сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
  • Солҳои 2006—2013: сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
  • Солҳои 2011—2014: донишҷуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи молияву иқтисод.
  • Аз соли 2013 мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
  • Аз соли 2013: муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.[2]

Забонҳои русӣ озодона ва англисӣ (бо истифода аз луғат) медонад.

  • Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (2010—2015).
  • Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) сарфароз гардонида шудааст.

Нигаред низ

вироиш