Сайдулло Хайруллоев

(Тағйири масир аз Хайруллоев Сайдулло)

Хайруллоев Сайдулло (Хайруллоев Сайдулло Хайруллоевич; тав. 10 августи 1945, деҳаи Муллобадал, ноҳияи Ғарм, вилояти Ғарм, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995—2000) ва пас аз тақсимоти парлумон ба ду палата — вакил ва нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(2000—2010)[1][2]. Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010)[3]. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).

Сайдулло Хайруллоев
Хайруллоев Сайдулло Хайруллоевич
27 марти 2000 — 24 феврали 2010
Ҷонишин Шукурҷон Зуҳуров
Таваллуд 10 август 1945(1945-08-10) (79 сол)
Таҳсилот
Эътиқод Ислом
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Дорандаи ордени Исмоили Сомонӣ

Зиндагинома

вироиш

Сайдулло Хайруллоев 10 августи соли 1945 дар деҳаи Муллобадали ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Факултети гидромелиоратсияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро соли 1969 хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Аз соли 1969 то соли 1971 — сармуҳандиси Раёсати системаи обёрии ноҳияи Ғарм, сардори Раёсати силсилаи обёрии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон.

Аз соли 1971 то соли 1972 — сардори Колоннаи механиконидаи № 21 трести «Душанбесоз»-и ноҳияи Ҷиргатол.

Аз соли 1972 то соли 1975 — сардори Колоннаи механиконидаи № 23 трести «Душанбеобсоз»-и ноҳияи Ғарм.

Аз соли 1975 то соли 1977 — муовини раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқ, раиси комиссияи плании Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Ғарм.

Аз соли 1977 то соли 1979 — шунавандаи Мактаби олии ҳизбии Тошканд.

Аз соли 1979 то соли 1985 — раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Ғарм.

Аз соли 1985 то соли 1988 — котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии ноҳияи Совет.

Аз соли 1988 то соли 1990 — котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии вилояти Хатлон.

Аз соли 1990 то соли 1991 — раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Қӯрғонтеппа.

Дар ҳайати ҳукумат

вироиш

Дар давраи аз соли 1991 то 2000-ум дар ҳайати ҳукумати ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст:

Аз соли 1991 то соли 1992 — Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-92).

Аз соли 1992 то соли 1994 — Вазири ҳифзи табиат ва муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон[4].

Аз соли 1994 то соли 1995 — раиси ноҳияи Ғарм.

Аз соли 1995 то соли 1998 — раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 1998 то соли 2000 — раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2000 то соли 2010 — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2010 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Комиссияи назорати Дастур

Аз соли 2010 — Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ.

Ҷоизаву медалҳо

вироиш

Орденҳо

вироиш
  1. Ордени «Нишони Фахрӣ» (1981)
  2. Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1989)
  3. Ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I (2006)
  4. Ордени «Шараф»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (1989)
  5. Ордени «Содружество»-и Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ (2002)

Медалҳо

вироиш
  1. Медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)
  2. Медали тилои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият (2011)
  3. Медали тилои «Сулҳ»-и байнипарлумонии ИДМ (2012)
  4. Медали ҷашнии «10-солагии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон» (2006)
  5. Медали ҷашнии «10-солагии Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009)
  6. Медали ҷашнии «85-солагии миллитсияи Тоҷикистон» (2010)
  7. Медали ҷашнии «15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008)
  8. Медали «15-летия Совета Федерации» (2008)
  9. Медали «В память 300-летия Санкт-Петербурга» (2003)

Унвонҳо

вироиш
  • Унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998)

Китобҳо

вироиш
  • «Интихоби замон» (Душанбе — 2002).
  • «Башорати қонун» (Душанбе — 2003).
  • «Асри қонун» (Маҷмӯаи гузоришҳо, мусоҳибаҳо ва мақолаҳо), (Душанбе — 2005).
  • «Нахсутраиси Маҷлиси намояндагон» (Душанбе — 2008).
  • «Дипломатияи парлумонӣ» (Душанбе — 2010).
  • «Мақоми олии қонун» (Душанбе — 2010).
  • «Сайдулло Хайруллоев» (Зиндагинома, Душанбе −2012).
  • «Абармарди миллат» (Зиндагиномаи Сайдулло Хайруллоев, Душанбе — 2015).

Ҳамчунин бо мусоидати Сайдулло Хайруллоев китобу маҷаллаҳои зерин нашр шудаанд:

  • «Вакилони халқ» 1938—2010 (ҳолномаи мухтасар, Душанбе — 2006).
  • «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем …» (Душанбе — 2011).
  • «Сухане чанд, аз робитаҳои ду сарзамини тамаддунофар» (Бахшида ба бист соли робитаҳо байни Ҷумњурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой", Душанбе — 2012).
  • Маводи Конференсияи илмии «Ҷалолуддин Балхии Румӣ ва фарҳанги сулҳофаринӣ» (Душанбе — 30 сентябри соли 2013).
  • «Ҳафт суфраи Наврӯз», (Маҷмӯаи ашъор ва тасвирҳо, Душанбе — 2014).
  • «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена», (поэтический сборник, Душанбе — 2015).

Пайвандҳо

вироиш