Хушнависии арабӣ

(Тағйири масир аз Хати арабӣ)

Хати арабӣ — дар Осиёи Марказӣ ва хеле кишварҳои дигар баъди истилои арабҳо (садаҳои VII-VIII-и мелодӣ) ба вуҷуд омадааст. Бо туфайли ҷорӣ гардидани хати арабӣ, хатҳои оромӣ, паҳлавӣ, юнонӣ, суғдӣ, монавӣ аз байн рафтанд.

01-Alif.png
Алифбои арабӣ
Алиф Зод
Бо Ṫо (итқӣ)
Те Зо (изғӣ)
Се Айн
Ҷим Ғайн
Ҳо Фе
Хе Қоф
Дол ک Коф
Зол Лом
Ре Мим
Зе Нун
Син Ҳо
Шин Вов
Сод ی Йо
Ҳуруфоти иловагии форсӣ
پ Пе چ Чим
ژ Же گ Гоф
Аломатҳои иловагӣ
لا Лом-алиф Ҳамза
Алифи максура Веи арабӣ
Тои (марбута)

Викианбор Викииқтибос

Қадимтарини хати арабиро хати кӯфӣ меноманд. Хати кӯфӣ соли 325-и мелодӣ ихтироъ шуда, намунааш аз қасри Ан-Наммораи Сурия ёфт шуда буд. Баъдан дар асоси хати кӯфӣ навъи дигар хатҳои арабии таълиқ, настаълиқ, шикаста ва ғайра пайдо шуданд. Ба гуфтаи олими шинохта Аълохон Афсаҳзод хаттотони машҳури хати кӯфӣ дар асрҳои VII—X Холид Ибн Абдулҳайёҷ, Заҳҳок ибн Аҷалон, Исҳоқ ибни Ҳаммод, бародарон Иброҳим ва Юсуфи Сиғзӣ, Июни Муқла ва чанде дигарон будаанд.

Навъи хати настаълиқ бошад дар садаи ХIV аз хатти насх ва таълиқ ба вуҷуд омадааст. Настаълиқро комилан хати форсӣ номидан мумкин, зеро онро эрониён ихтироъ кардаанд. Ин хат дар кишварҳои араб паҳн нашудааст ва фақат дар Эрон, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Ҳинду Покистон истифода мешавад. Шакли аввалаи настаълиқ назар ба ҳозирааш соддатар ва номавзунтар буд. Миралии Ҳиравӣ настаълиқро ба шакли зебо дароварда, доир ба тарзи усулҳои навишти он дастуре тартиб додааст. Аз ин рӯ, баъзеҳо ӯро эҷодгари ин хат донистаанд. Лекин настаълиқ пеш аз Миралии Ҳиравӣ низ вуҷуд дошт. Дар такомулу зеботар шудани настаълиқ Ҷаъфари Табрезӣ, Султоналии Қоинӣ, Султоналии Машҳадӣ, Султоналии Ҳаммади Хандон, Бобошоҳи Исфаҳонӣ, Мирмади Ҳасанӣ, Дарвеш Абдии Бухороӣ ва дигарон саҳм гузоштанд. Настаълиқ хати таълиқро пурра аз истифода баровард ва ҷои онро гирифт. Настаълиқ назар ба насх зудтар навишта мешавад. Настаълиқ шакли шикаста ҳам дорад, ки онро шикастаи настаълиқ гуфтаанд ва он барои зуднависӣ хеле мувофиқ мебошад.

Шикастаи хати настаълиқ дар асри XVII ба вуҷуд омадааст ва ихтироъи онро ба шоир Муҳаммадшафеи Ҳиравӣ (ваф. 1671) нисбат медиҳанд. Дар инкишофи шикастаи настаълиқ хушнависи асри XVII Дарвеш Абдулмаҷиди Талиқонӣ хидмати зиёд кардааст ва шеваи ӯ то имрӯз давом дорад.


Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ.1 А-О./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — М.,1969