Шариф Бобокалонов (1910, Самарқанд — 1999, Душанбе) — оҳангсоз, дирижёр ва мутриби тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1961).

Шариф Бобокалонов
Таърихи таваллуд 12 март 1910(1910-03-12)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1999(1999)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ»
Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1961)

Зиндагинома

вироиш

Шариф Бобокалонов 12 марти соли 1910 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Ҳамчун навозанда Шариф Бобокалонов ибтидои солҳои 30-ум дар Институти мусиқӣ-этнографии Самарқанд таълим мегирад. Соли 1934 ба Тоҷикистон, ба гурӯҳи мусиқии театри драмавӣ даъват мегардад. Ниҳоят, таҳсилоти касбиро дар шуъбаи миллии Консерваторияи Москва (1946—1949) ба итмом мерасонад.

Соли 1939 вай яке аз созмондиҳандагони оркестри созҳои халқӣ, ки он минбаъд коллективи асосии мусиқии ҷумҳурӣ гардид, ба шумор меравад. Якчанд асарҳои ӯ дар ҳамин давра ба монанди «Марши зафар» то ҳанӯз дар репертуари оркестрҳо хеле маъмул аст. Ҳамзамон Шариф Бобокалоновдар ташкили ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев низ ширкат меварзад.

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Охири солҳои 30-юм ба тақдири эҷодии Шариф Бобокалонов, С. А. Баласанян, А. С. Ленский, С. Ю. Урбах, ки донишу таҷрибаи худро саховатмандона ба ӯ дода буданд, таъсири бузург расониданд.

Эҷоди суруди Шариф Бобокалонов «Конститутсияи мо» барои сарояндагон, хор ва оркестри созҳои халқӣ ба ҳамин давра мансуб аст, ки он бар матни муаллифон бо сарварии Садриддин Айнӣ навишта шуда, нидои композиторон ба эълони Конститутсияи СССР буд. Ин якумин асари хорӣ дар мусиқии муосири тоҷик аст. Дар ин асар муаллиф оҳангҳои халқиро бо мусиқии бисёровоза хеле хуб пайвастааст.

Хори «Конститутсияи мо» дар барномаи мусиқии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941) бомуваффақият иҷро карда шуд. Дар ҳамин Даҳа инчунин операи «Коваи оҳангар», ки С. А. Баласанян бо ҳамроҳии Шариф Бобокалонов ба либреттои Абулқосим Лоҳутӣ навишта буданд, иҷро гардид. Асоси мундариҷаи адабии операро яке аз беҳтарин достонҳои «Шоҳнома»-и шоири бузурги форсу тоҷик А.Фирдавсӣ ташкил медиҳад. Дар опера қаҳрамони шуҳратманд Кова ҳамчун зидди зулму истибдод, ҳамчун ҳомии адолат ва гуманизм баромад намудааст. Дар санъати муосири тоҷик ин аввалин муроҷиат ба мероси Фирдавсии абадзинда буд, ки баъд аз он боз чандин асарҳои дигар дар театр ва кино бо савти «Шоҳнома» эҷод гардиданд. Ҳамкории эҷодии ҳар ду муаллиф барояшон хеле манфиатнок буд. С. А. Баласанян ба ҳамкасби худ қонунҳои шаклҳои мусиқӣ ва гармонияро ифшо намуд, Шариф Бобокалоновмуаллифи як қатор номераҳои вокалӣ ва рақсии опера ба шумор меравад, ки онҳо ба моҳияти баланди бадеии опера мусоидат намуданд. Соли 1940 Шариф Бобокалонов дар таъсисдиҳии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон иштирок мекунад. Аз рӯзи таъсисёбии ин ташкилот вай аъзои он буд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ истеъдоди сурудофарии ин композитор бараъло зоҳир мегардад, ки он дар ҳайати бригадаи консертӣ дар назди сарбозони шӯравӣ дар Эрон, инчунин муҳофизони Ленинград (Санкт-Петербург) баромад мекунад. Сурудҳои даврони ҷангии ӯ «Ба ҷанг», «Шамшери бурро» ва дигарон хеле машҳур гардида буданд.

Минбаъд эҷодиёти композитор дар ҳамбастагии зич бо фаъолияти ансамбли тарона ва рақс ва ансамбли маъруфи рубобчизанон ҷараён мегирад. Тӯли солҳои зиёд вай роҳбари бадеии ансамбли мазкур буд. Ҳангоми таҷлили 100-солагии В. И. Ленин (1970) дар иҷрои бонувони рубобнавоз 2 хори Шариф Бобокалонов"Шараф ба партия" ба шеъри Х.Назирӣ ва «Баҳори Ватан» ба шеъри Ҳ.Қурбонова бо муваффақияти калон садо доданд. Дар жанри мусиқии вокалӣ ӯ асарҳои зерини хотирмон ба монанди «Қаҳрамон омад» ва «Оҳанги тор»-ро эҷод мекунад, ки бо маҳорати баланди касбӣ фарқ мекунанд. Хори вай «Халқи мо» чандин солҳо дар барномаҳои консертӣ хеле устувор аст. Дуэтҳои мазҳакавии Шариф Бобокалоновлапар баромади ансамблҳоро зеб медоданд. Дар хореография рақси ӯ «Гул» аз ҷониби иҷрокунандагон ва тамошобинон эътироф гардида буд. Дар байни мусиқии созии Шариф Бобокалоновпйесаи ӯ барои виолончел ва фортепиано барҷаста аст.

Вай дар ҳаммуаллифӣ бо композитор М.Цветаев намоишномаи мусиқии «Сайд»-ро эҷод кард, ки ба комёбии бузург ноил гардид. Дар синни камолот Шариф Бобокалонов(дар ҳаммуаллифӣ бо М.Муравин) маҷмӯаи сурудҳоро барои бачаҳо эҷод мекунад, ки ба таври васеъ дар тарбияи мактаббачагон ва бачагони синни томактабии ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад.

Композитор дар мусиқии хеш суннатҳои беҳтарини сурудии халқи тоҷикро ривоҷ додааст. Ин хусусияти асосии сабки эҷодии ӯ мебошад. Дар тамоми фаъолияти худ вай серталабии зиёд ва принсипнокиро ҷонибдорӣ намудааст.

Асарҳои саҳнавӣ
  • «Коваи оҳангар», опера (дар ҳаммуаллифӣ бо С.Баласанян).
Асарҳои хорӣ бо оркестри созҳои халқӣ
  • «Конститутсияи мо» бар матни С.Айнӣ ва диг.
  • «Ба ёди Ленин», шеъри М.Фарҳат.
  • «Ҳусни ту», шеъри М.Турсунзода.
  • «Дар кишвари мо», шеъри Бобо Ҳоҷӣ.
  • «Кишвари мо», шеъри Саидов.
  • «Оташи пинҳони дил», шеъри Ф.Ансорӣ.
  • «Оҳанрабо», шеъри М. Турсунзода.
  • «Ба ҷанг», шеъри М.Турсунзода.
  • «Дар чаман», шеъри Сайидо.
  • «Шараф ба партия», шеъри Х.Назирӣ.
  • «Баҳори Ватан», шеъри Ҳ.Қурбонова.
  • «Халқи мо», шеъри Искандаров.
  • «Баҳори умр», шеъри Алӣ Бобоҷон.
  • «Духтараки қирғиз», шеъри М.Миршакар.
  • «Бодоми шукуфта», шеъри М.Фарҳат.
  • «Таронаи чинакчӣ», шеъри М.Аминзода.
  • «Духтари ҳамсоя», шеъри М.Раҳимӣ.
Асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ
  • Валси лирикӣ.
  • Рақси «Сӯзанӣ».
  • «Марши Зафар».
Асарҳои вокалӣ-созии камеравӣ
  • «Қаҳрамон омад», шеъри А.Қаҳҳорӣ.
  • «Шамоли боло», шеъри М.Аминзода.
  • «Оҳанги тор», шеъри П.Сулаймонӣ.
  • «Шамшери бурро», шеъри М.Аминзода.
Асарҳои камеравӣ-созӣ
  • Пйеса барои виолончел ва фортепиано.
  • Пьеса барои гобой ва фортепиано.
  • «Ватан», пйеса барои қӯшнай ва фортепиано.
Мусиқӣ барои театр
  • «Сайл», намоишномаи мусиқӣ (дар ҳаммуаллифӣ бо М.Цветаев).

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо 3 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011.