Шаҳрияшоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992)

Шаҳрия Адҳамзод
Тахаллусҳо: Шаҳрия
Таърихи таваллуд: 2 сентябр 1952(1952-09-02) (72 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ, порсӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

Зиндагинома

вироиш

Шаҳрия (Шаҳрия Адҳамзод) 2 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (1978) буда, фаъолияти меҳнатиро дар нашриёти «Маориф» (1979) оғоз кардааст.Аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Аз ҷавонӣ ба навиштани шеър иштиғол варзида, самараҳои қаламаш дар китобҳои «Меҳри шеър» (1987), «Шамимаи нур» (1992), «Ашки шақоиқ» (1995), «Таманно» (1998), «Зан дар асорати танҳоӣ» (2002), «Бӯсаҳои маҳтобӣ» (2007), «Дар канори шеър» (2010), «Ниёиши Истиқлол» (2011), «Таронаи сабз» (2012) ва чандин маҷаллаву китобҳои дастҷамъӣ дарҷ гардидаанд. Шаҳрия мудом аз ғаму шодии занонаи худ ва муҳите, ки иҳота кардааст, сухан мегӯяд. Парвози шеъраш бештар ба самти ватандориву ифтихори миллист. Дар қолаби гуногуни шеъри тоҷикӣ хомафарсоӣ мекунад ва бештар дар ғазалсароӣ муваффақ аст. Барои ороиши ғазал ибораву ифода ва қофияву радифҳои муносибе ҷустуҷӯву пайдо карда, дар тасвиркорию андешагузорӣ маҳорат дорад. Беҳтарин офаридаҳои Шаҳрия меҳру муҳаббати ҳамаро ба Ватан, ба миллат, ба фарзонафарзандон ва арзишҳои волои он бештар мегардонанд. Намунаҳои ашъораш дар маҷаллаҳои фарҳангии Эрону Афғонистон интишор ёфтаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Медали «Хидмати шоиста»;
  • Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода;
  • Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.296 - 297 ISBN 978-99947-2-379-9