Мадина

(Тағйири масир аз Ясриб)


Мадина
المدينة المنورة
[[Акс:
Акс:Mohamad shrine 9 - panoramio.jpg
|center|250px]]
Нишон[[Акс:|100px]] Парчам[[Акс:|100px]]}
Кишвар: Арабистони Саудӣ
Вилоят:
Ноҳия:
Замони таъсис:
Марказ:
Координатаҳо:
Иқлим:
Масоҳат (га): 589 км²
Паҳноӣ(км):
Дарозӣ (км):
Аҳолӣ, ҳазор нафар: 1 102 728 нафар (2010)
Коди телефонӣ:
Нишонаи почта:
Вақт: UTC +3
[[Акс:|center|300px]]

Мадина, Мадинаи мунаввара (ар. المدينة المنورة‎)  — шаҳр дар ғарби Мамлакати Арабистони Саудӣ; ҳамроҳи Макка бо номи Ҳарамайни шарифайн (Ду Ҳарами шариф), ҳамчунин бо номҳои зиёди дигар, аз ҷумла, Ҳарами Расулуллоҳ, Ҳарами омин (осоишта), Дорулҳиҷрат, Қарятулансор, Тайба, Тоба низ маъруф аст. Масоҳаташ 589 км2, аҳолиаш 1 517, 5 ҳазор нафар (2022). Дар ҳавзаи тақр. 200 км аз соҳили б. Сурх ҷойгир аст. Аз рӯи шумораи аҳолӣ чаҳорумин шаҳри мамлакат. Тақр. 58,5 дарсади аҳолӣ шаҳрвандони Арабистони Саудӣ, 41,5 дарсад хориҷиёнанд. Мадина дар минтақаи Ҳиҷоз воқеъ буда, дар баландии тақр. 620 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Баландтарин қулла дар Мадина кӯҳи Уҳуд (баландӣ 1077 м) аст. Тобистонаш хеле гарму хушк, ҳарорати миёнаи ҳаво рӯзона тақр. 43 °C, шабона тақр. 29 °C, зимистонаш шабона  8 °C, рӯзона то 25 °C. Аз ғарб бо кӯҳи Ҳаҷҷоҷ, аз шимолу ғарб бо кӯҳи Салаъ, аз ҷануб бо кӯҳи Айир ва аз шимол бо кӯҳи Уҳуд иҳота шудааст.

Таърих

вироиш

Мадина яке аз куҳантарин ва муҳимтарин мавзеъҳо дар таърихи ислом, гаҳвораи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва дуввумин шаҳри муқаддаси исломӣ пас аз Макка аст. Номи бостониаш – Ясриб, ки дар Қуръон (33: 13) зикр шудааст. Мадина дар Қуръон борҳо ёд шудааст (9:101, 120; 33:60, 63:8). Минтақае, ки шаҳр дар он воқеъ гардидааст, аз замонҳои хеле қадим маскун буд. Дар он қабилаҳои кӯчии ҷурҳум ва амолик маскан гирифта, тарзи зиндагии муқимӣ ихтиёр карда буданд, ки ин боиси пайдоиши шаҳри начандон бузург гардид. Дертар ба шаҳр яҳудиён омада, бо иҷозати аҳолии таҳҷоӣ дар он рахти иқомат афканданд ва то оғози аҳди ислом ҳамон ҷо мезистанд. Пас аз чанде яҳудиён қувват гирифта, қабилаҳои ҷурҳум ва амоликро аз шаҳр берун ронданд. Дар оғоз миёни яҳуд қабилаи банӣ Қайнуқоъ пешсаф буд, сипас мавқеи ду қабилаи дигари яҳудӣ – банӣ Назир ва банӣ Қурайза устувортар гардид. Баъдтар ба Ясриб ду қабилаи ямании Хазраҷ ва Авс омад, ки яҳудиён ба онҳо барои иқомат дар як гӯшаи шаҳр иҷозат доданд. Чанде нагузашта ин ду қабила қувват гирифтанд ва ҳукуматро дар шаҳр соҳиб шуданд.

То замони ҳиҷрат қабилаҳои Хазраҷ ва Авс бо ҳам кинаву адоват доштанд ва низоъҳое хунин ҳам миёни онҳо сар мезад. Вақте намояндагони ин ду қабила дар Макка бо паёмбар (с) вохӯрданд ва ба ӯ байъат карданд, ба дастури паёмбар (с) иддае аз саҳоба ба Ясриб рафтанд. Гаравиш ба ислом ва даъвати паёмбар (с) ба Ясриб боиси дигаргуниҳое бузург миёни мардуми араби он ҷо гашт. Байни намояндагони қабилаҳои гуногун паймони бародарӣ баста шуд. Аз ин ба баъд авсиёну хазраҷиёнро ансор, мусулмононеро, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карда буданд, муҳоҷирин ва ҳар ду гурӯҳро дар маҷмуъ саҳоба меномиданд. Ин ду гурӯҳи иҷтимоии ҷомеаи навини Мадина таҳдоби нахустин давлатдории исломиро ташкил медоданд, ки таҳти сарварии паёмбар (с) таъсис дода шуд.  

Соли 625 қурайшиён бо сарварии Абусуфён ба Мадина ҳуҷум карданд. Миёни мусулмонон ва мушрикон дар кӯҳи Уҳуд, ки дар масофаи 4 км аз Масҷиди набавӣ воқеъ аст, ҷанги сахте даргирифт ва дар фарҷом мусулмонон пирӯз омаданд. Соли 627 Абусуфён бори дигар барои муҳориба бо мусулмонон ба Мадина лашкар кашид. Паёмбар (с) бо асҳоб дар ин амр машварат кард. Пешниҳоди Салмони Форс дар бораи кандани хандақ бо мақсади дифоъ аз ҳуҷуми душман пазируфта шуд. Дар ин муҳориба низ, ки бо номи «ғазваи Хандақ» маъруф аст, мусулмонон пирӯз омаданд.

Қабилаҳои яҳудӣ паёмбарии Муҳаммад (с)-ро эътироф надоштанд, аз ин рӯ, мусулмонон бо онҳо паймони сулҳ баста буданд. Банӣ Қурайза дар ғазваи Хандақ ба мусулмонон хиёнат карданд ва паймонро шикастанд. Яҳудиён ба ҷони паёмбар (с) суиқасд анҷом медоданд, алайҳи мусулмонон бо мушрикон паймонҳо мебастанд. Ин ҳама амалҳои онҳо боиси афзудани зиддияти миёни қабилаҳои яҳудии Мадина ва мусулмонон мегардид. Дар рафти муқовиматҳои тӯлонӣ оқибат яҳудиён мағлуб гашта, аз шаҳр берун карда шуданд.      

Пас аз ҳиҷрат ва пирӯзӣ бар мушрикон Мадина пойтахти нахустин давлати исломии абарқудрат таҳти сарварии паёмбар (с) гардид. Бахши бештари Қуръон дар Мадина нозил шудааст. Дар аҳди хулафои рошидин Абубакр, Умар ва Усмон (632–656) Мадина пойтахти Хилофат гардида, ҳудуди васеъро дар Осиё ва Африқо фаро мегирифт. Дар аҳди хилофати Алӣ ибни Абитолиб (656–661) пойтахти Хилофат ба Куфа ва дар давраи Умавиён ба Димишқ кӯчонида шуд. Бар асари ба дигар шаҳрҳо интиқол ёфтани пойтахти Хилофат аҳаммияти сиёсии Мадина аз миён рафт, аммо шаҳр маркази бузурги фарҳангӣ ва динии ҷаҳони ислом боқӣ монд. Мутафаккирону донишмандони исломӣ аз гӯшаву канори Хилофат барои омӯзиши улуму фунуни гуногун ба ин шаҳр меомаданд. Дар Мадина мактаби бузурги фиқҳӣ фаолият мекард, ки машҳуртарин намояндаи он Молик ибни Анас буд.

Мадина борҳо мавриди ҳуҷуми  неруҳои гуногун қарор гирифтааст. Аз ҷумла, азбаски аҳли Мадина ҳукумати Язид ибн Муовияро напазируфтанд, ӯ ба ин шаҳр лашкари иборат аз 12 ҳазор сарбоз фиристод, ки тӯли се рӯз дар он ғоратгарӣ ва бедодии зиёд анҷом доданд. Дар қарнҳои баъдӣ ба Мадина салибдорон ва муғулҳо таҳдид карданд, вале ба он наздик нашуданд. Бино бар хатари хориҷӣ, Азудуддавла гирдогирди шаҳр ҳисоре сохт, ки он на ҳамаи атрофи шаҳрро фаро мегирифт. Аз ин рӯ, Нуруддини Зангӣ (ҳукмронӣ 1146–74) соли 1162 ҳисори дигаре бунёд кард (1162), ки он атрофи шаҳрро комилан печонида буд.  

Мадина аз соли 1517 дар ҳайати Империяи Усмонӣ буд. Дар аҳди султони усмонӣ Сулаймони Қонунӣ (1494–1566)  шаҳр бо ҳисори нав иҳота ва гирдогирдаш хандақи амиқ канда, бо об пур карда шуд. Соли 1804 Мадина-ро ваҳҳобиён истило карданд, вале соли 1814 онҳоро сипоҳи дастнишондаи мисрии Империяи усмонӣ Муҳаммад Алӣ аз шаҳр берун ронд. Аз январи 1919 Мадина ба Шоҳии Ҳиҷоз шомил шуд. Баъди шикасти Давлати Усмонӣ дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ назорати Мадина дар ихтиёри хонадони Оли Сауд қарор гирифт (1924), соли 1932 ба Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳамроҳ карда шуд.

Иқтисод

вироиш

Таърихан иқтисоди Мадина ба фурӯши хурмо ва кишоварзӣ вобаста буд. Соли 1920 дар ин минтақа 139 навъи хурмо ва дигар намуди мева парвариш карда мешуд. Алҳол  хизматгузорӣ ба ҳоҷиён асоси фаъолияти иқтисодӣ ва пешрафти шаҳрро ташкил медиҳад. Дар Мадина асосан тиҷорат ва хадамоти меҳмонпазирӣ рушд ёфтааст. Зиёрати Мадина ва ҷойҳои муқаддаси он бахши барномаи сафари ҳаҷ ва умраро ташкил медиҳад. Солона беш аз 7 млн нафар аз Мадина боздид менамоянд. Феълан хатти р. о. баландсуръати «Ҳарамайн» ш-ҳои Макка ва Мадина-ро бо ҳам мепайвандад. Бо ин роҳ қатора масофаи 444 км-ро бо суръати 300 км/соат тай карда, солона 60 млн мусофир интиқол медиҳад. Муҷтамаи малик Фаҳд оид ба чопи Қуръони карим соли 1985 бунёд ёфта, солона ҳудуди 10 млн нусха Қуръон ба табъ мерасонад.  

Иқлим

вироиш
Иқлими Мадина
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 35,2 36,0 37,4 39,5 42,6 46,4 47,7 47,0 42,5 38,5 36,6 34,5 47,7
Максимуми миёна, °C 23,6 26,1 30,2 33,9 38,9 41,7 39,3 42,2 41,0 36,4 29,7 25,0 34,0
Ҳарорати миёна, °C 17,7 19,9 23,8 27,6 32,2 35,8 36,0 35,9 34,4 29,4 23,4 19,0 27,9
Минимуми миёна, °C 11,6 13,3 17,4 20,8 24,9 27,9 28,4 28,7 27,1 21,9 17,2 12,9 21,0
Минимуми мутлақ, °C 0,0 4,6 7,4 10,0 18,8 21,0 25,7 25,5 22,9 15,5 10,6 8,2 0,0
Андозаи бориш, мм 8 1,2 8,3 11,9 4,6 0,4 0,2 0,3 0,1 1,1 9,2 3,8 49,1
Сарчашма: World Climate Боду ҳаво ва иқлим
 
Масҷиди Набавӣ

Маъориф

вироиш

Донишгоҳи давлатии Тайба 28 коллеҷ дорад, ки 16-тои он дар Мадина ҷойгир аст. Соли 2020 дар он  69210 донишҷӯ таҳсил мекард. Донишгоҳи исломӣ соли 1961 таъсис ёфта, қадимтарин муассисаи таҳсилоти олӣ дар минтақа аст. Дар он ҳудуди 22000 донишҷӯ таҳсил мекунад (2024). Мадина фурудгоҳи байналмилалӣ дорад, ки аз ҷиҳати шумораи сайрхатҳо чорумин фурудгоҳ дар Арабистони Саудӣ аст. Он  соли 2018 ба 8 144 790 мусофир хизмат расонидааст.  

Ёдгориҳои таърихӣ

вироиш

Дар Мадина осори барҷоймонда аз замони пайдоиши ислом ва қадамгоҳи бузургони садри ислом хеле зиёд аст. Аз ҷумла, масҷидҳои таърихии сершумор, ки Масҷиди набавӣ, Масҷиди Қубо, Масҷиди Қиблатайн аз ҷумлаи маъруфтарини онҳоанд. Дар шафати Масҷиди набавӣ қабристони ал-Бақиъу-ал-Ғарқад воқеъ аст, ки масоҳаташ 174 962 м2 буда, бо девори баландиаш 4 м ва тӯлаш 1726 м иҳота шудааст. Дар он ҳудуди 10 ҳазор саҳобӣ, занони паёмбар (с), шумори зиёде аз тобеин ва атбои тобеин мадфун буда, зиёрати эшон суннат ба шумор меравад.

Сарчашма

вироиш