Ғурми помирӣ (форсӣ: غُرم پامیری‎) ё гӯсфанди Марко Поло (лот. Ovis ammon polii) — зергунае аз ғурм аст, ки дар кӯҳсорони Помир (дар баландии 3500-5000 м) зиндагӣ мекунад.

Ғурми помирӣ
Тасвири ғурми помирӣ аз соли 1883
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ovis ammon polii (Blyth, 1841)
Мутародифот

Ovis ammon poli
Ovis ammon poloi
Ovis ammon sculptorium
Ovis ammon typica

Ovis poli
Вазъияти ҳифз

Ин ҷонвар ҷуссаи калон ва пойҳои дарози боқувват дорад. Дарозии баданаш 110—200 см (модинааш нисбатан хурдтар аст), қадаш 65 — 125 см, вазнаш 110—230 (модинааш 90 — 100 кг) аст. Шохаш каҷак ва сахту мустаҳкам, зарди сафедтоб, дарозиаш 67-190 см, вазнаш то 30 кг: шохи модинааш нисбатан борик ва кӯтоҳ (то 160 см). Пашмаш дурушту кӯтоҳ ва вобаста ба фасли сол тағйир меёбад (зимистон зич ва тобистон нисбати тунук мешавад). Ғурмҳо ранги гуногун (масалан: бӯр, зарди сурхча, қаҳваранг) доранд. Рангаш қаҳваги зардтоб буда, таҳи шикамаш бо мӯйинаи сафедранг пӯшида шудааст. Андомҳои биноӣ, шунавоӣ ва бӯёии ғурмҳо нағз рушд кардааст. Ғурмҳо дар 2,5-солагӣ болиғ ва то 8-10-солагӣ калон мешаванд. Давраи ҳамлашон 5-6 моҳ аст. Хӯроки ғурм алаф (рӯзе қариб 18-18,5 кг модинааш то 16 кг) аст.

Дар бадани ғурми помирӣ 9 навъи гелминт, саркоспоридияҳо ва магасҳои хунмак паразитӣ мекунанд. Ғурми помирӣ барои дурага кардани гӯсфандон истифода шудааст. Масалан, дар натиҷаи ҷуфтӣ кунондани ғурми помирӣ ва гӯсфанди меринос архармериноси қазоқиро рӯёндаанд[1].

Муҳофизат

вироиш

Солҳои пеш ғурми помирӣ барои гӯшт ва пӯсташ бисёр шикор карда мешуд. Бинобар ин саршумори он алҳол хеле кам гаштааст. Шикори ғурми помирӣ дар Тоҷикистон манъ мебошад. Ғурми помирӣ ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст[1].

Нигаред низ

вироиш
  1. 1.0 1.1 Архар / А. Ҳайитов // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: