Қаламдон
Қаламдон (форсӣ: جامدادی) қуттиест, ки дар он қалам, мӯйқалам ва дигар асбоби китобатро нигоҳ медоранд. Қаламдонро асосан аз чӯб ва филиз сохта, одатан онро нақшу нигор ё ҳаккокӣ мекарданд. Намунаи чунин қаламдонҳоро дар осорхонаҳои шаҳрҳои Осиёи Миёна (Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан ва ғайраҳо) нигоҳ дошта мешавд. Дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон кандакорон баробари сохтани дигар ҷузъҳои меъморӣ қаламдонҳои зебое тайёр кардаанд, ки то имрӯз беҳтарни намунаҳои ҳунари бадеии халқ ҳисоб меёбанд. Дар деҳаи Равмеди (Бартанги ВМКБ) қаламдони чӯбинеро ёфтаанд, ки дар рӯи он сурати барг, парранда ва гурги гурмеро таъқибкунанда ҳаккокӣ шудааст. Дар рӯи қаламдони дигаре, ки низ ба устои бадахшонӣ тааллуқ дорад, се бузи кӯҳӣ ва мурғон тасвир ёфтаанд. Дар сарпӯши баъзе қаламдонҳо навиштаҷоти арабӣ сабт шудааст[1].
Нигаред низ
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ М. Рӯзиев, Энциклопедияи адабиёт ва санъат, ҷилди 3, Душанбе